Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз беҳтараш ба муносибатҳои ошиқона диққати бештар диҳед. Эҳтимол баъзе шиносҳоятон аз гузашта боз пайдо мешаванд. Барои нафарони танҳо мулоқоти ошиқона пешбинӣ шудааст. Кӯшиш кунед чанд соатро барои тозакунии хона ҷудо намоед, зеро меҳмонони ногаҳонӣ омаданашон мумкин аст. Дар касбу кор шиносоии нав муфид мешавад, вале ҳар пешниҳодро қабул накунед. Қувваи худро сарфа кунед. Барои гирифтани қарз имкони мусбат ҳаст. Ҳангоми гузаштани роҳ эҳтиёт бошед.
Савр (21 апрел-21 май)
Агар ҳаёти ошиқонаатонро беҳтар кардан хоҳед, сабр кунед ва ба ҳисси ботинии худ гӯш диҳед. Ба назари шумо мерасад, ки наздикон ба ҳаёти шахсии шумо дахолат мекунанд, аммо ин аз ғамхорист. Корҳои зиёди худро ба анҷом расонед. Барои беҳтар шудани ҳолати молиявӣ роҳи дурустро меёбед. Рӯз барои корҳои душвор ва музокироти муҳим чандон мувофиқ нест. Худро хаста накунед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз пур аз шиносоиҳои нав ва эҳсосоти ошиқона мешавад. Шояд каме хаста шавед, аммо идомаи муносибат аз худи шумо вобаста аст. Дар оила бо фарзандон нофаҳмӣ имкон дорад, барои пешгирӣ хирадманд бошед. Кори шумо қадр мешавад ва роҳбарият онро мебинад. Имкони ба даст овардани даромади пулӣ пайдо мешавад. Барои саломатӣ масҳ муфид аст, дар ҳолати зарурӣ ба духтур муроҷиат кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз шумо нерӯи зиёд доред, вале худро аз ҳад зиёд машғул насозед. Рӯз барои эҷод ва мулоқоти ошиқона мувофиқ аст. Дар хона фазои ором ҳукмфармост, бо наздикон вақт гузаронед. Агар корҳо душвор шаванд, каме истироҳат кунед. Кам кардани хароҷот ба беҳтар шудани вазъи молиявӣ кумак мекунад. Омӯзиши малакаи нав даромадро зиёд мекунад. Хоби кофӣ барои саломатии шумо бисёр муҳим аст.
Асад (23 июл-23 август)
Аз тағйироте, ки дар пешанд, наҳаросед, онҳо ба беҳбудии муносибатҳо оварда мерасонанд. Танбалӣ накунед, имрӯз барои тозакорӣ ё пухтупаз вақти хуб аст. Зеҳни худро ба кор баред, то корҳоро анҷом диҳед ва идеяҳои нав пайдо кунед. Барои хароҷоти ғайричашмдошт каме маблағ захира намоед. Ба ғизо ва реҷаи рӯз диққат диҳед. Ғизои солим ва истироҳати кофӣ саломатӣ ва қувваи шуморо беҳтар мекунад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз имкони оғоз шудани муносибати ҷиддӣ вуҷуд дорад, вале бояд онро қабул карда тавонед. Ба корҳои хона диққат диҳед, барои тозакорӣ ва таъмир вақти мувофиқ аст. Метавонед чизҳои заруриро барои хона харед. Ба фикри дигарон гӯш диҳед, ин ба шумо барои беҳтар шудан кумак мекунад. Манбаи иловагии даромад пайдо кунед. Каме танҳоӣ интихоб намоед, то нерӯи худро барқарор кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ба дӯстдоштаатон шонс диҳед. Агар ҳанӯз ӯро дӯст доред, метавонед муносибатро аз нав оғоз кунед. Имрӯз бо дӯстону хешовандоне, ки дер боз надидаед, мулоқот мекунед. Рӯз барои тағйири касб ё омӯзиш мувофиқ аст. Аз хароҷоти калон худдорӣ намоед. Барои оромии рӯҳӣ беҳтараш каме андеша карда, худро аз стресс раҳо созед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Барои нафарони танҳо имкони пайдо кардани муносибати ҷиддӣ вуҷуд дорад. Ба корҳои зиёд машғул шуда, шарики худро фаромӯш накунед. Дар касбу кор пешрафт имконпазир аст, вале сирри худро ба дигарон нагӯед. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Кӯшиш кунед аз одамони манфӣ дур бошед. Ба баҳсҳо ворид нашавед, зеро онҳо натиҷаи хуб намедиҳанд ва танҳо асабро хаста мекунанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар муносибатҳои ошиқона каме худро тағйир дода, ҷозибаи худро зиёд намоед. Хабарҳои хуб дар бораи фарзандон шуморо шод мегардонанд. Душманон ба шумо таъсир расонида наметавонанд. Рӯз барои муошират ва пайдо кардани шиносҳои муфид хуб аст. Ба омӯзиш ва рушди шахсӣ диққат диҳед. Вазъи молиявӣ метавонад ноустувор бошад, бинобар ин хароҷотро назорат кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз воқеаи ногаҳонӣ метавонад ба ҳаёти ошиқонаи шумо шодӣ оварад. Имкони ҳал кардани мушкили оилавӣ ва баҳсҳои кӯҳна вуҷуд дорад. Бо наздикон ошкоро суҳбат кунед ва ба созиш бирасед. Корро аз ҳад зиёд муҳим нашуморед, муошират бо дӯстону наздикон низ зарур аст. Ҳатто агар пул дошта бошед, онро беҳуда сарф накунед. Истироҳат ва ғизои дуруст ба саломатӣ фоида меорад.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз шумо рӯҳияи хуб доред ва таҷрибаҳои шумо натиҷаи хуб медиҳанд. Дар оила нофаҳмиҳо пайдо шуда метавонанд, сабр кунед. Рӯз барои фаъолияти фаъол хеле мувофиқ аст, лоиҳаҳои шумо дастгирӣ меёбанд. Имкони даромади бештар доред, фикр кунед, ки маблағро чӣ гуна дуруст истифода баред. Саломатӣ каме заиф аст, аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз барои изҳори муҳаббат рӯзи хуб аст, фазои ошиқона фароҳам оред. Бо наздикон бо сабру таҳаммул рафтор кунед, то баҳс пеш наояд. Шумо метавонед як муноқишаи кӯҳнаро ҳал намоед ва муҳити кориро беҳтар созед. Рӯзи муваффақ аст: имкони даромад ё хариди муфид вуҷуд дорад. Барои андеша ва нақшакашӣ вақти муносиб аст. Аз бемориҳо эҳтиёт шуда, масуниятро мустаҳкам кунед.