ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
1315

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз мехоҳед дар бораи муносибатҳои шахсӣ амиқтар фикр кунед. Андеша намоед, ки чӣ чиз шуморо воқеан хушбахт месозад. Агар бо худ ва дигарон самимӣ бошед, фикратон равшантар мешавад. Бо ҳамсаратон оромона суҳбат кунед, нофаҳмиҳо ҳал мегарданд. Аз робита бо одамони ношинос дурӣ ҷӯед. Каме хастагӣ эҳсос мешавад, барои истироҳат вақт ҷудо кунед.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз таваҷҷуҳи атрофиён бештар ба шумо ҷалб мегардад. Шояд барои таъмири хона хароҷот карданатон лозим шавад, вале хонаатон бароҳаттар хоҳад шуд. Агар қарздор бошед, вақти пардохти он фаро расидааст, аз даромади иловагӣ дуруст истифода баред. Агар кори дил тез бошад ё фишоратон боло равад, аз истеъмоли қаҳва, машрубот ва корҳои вазнин худдорӣ кунед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Агар дар ҷустуҷӯи ҷуфти худ бошед, ба одамони наздикатон бештар аҳамият диҳед, шояд бахти шумо хеле наздик бошад. Ба наздикони худ сухани сахт нагуед. Дар роҳ эҳтиёт кунед, хатари рух додани садама зиёд аст. Барои корҳои калон имрӯз рӯзи мувофиқ нест, натиҷаҳо қаноатбахш намешаванд. Аз ашёҳои тез эҳтиёт бошед, хавфи ҷароҳат бардоштан зиёд аст.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз дар назди шумо як қарори муҳими ошиқона меистад. Шояд ба нафаре аз гузаштаи худ боз таваҷҷуҳ пайдо кунед. Барои табдил додани дӯстӣ ба муҳаббат вақти хуб аст. Яъне шумо метавонед ба яке аз дӯстони худ ошиқ шавед. Баъзеҳо метавонанд ба пешравиҳои шумо ҳасад баранд, аз ин рӯ ба суханҳои нолозим аҳамият надиҳед. Имкони гирифтани туҳфаи қимат ё бурди пулӣ вуҷуд дорад. Аз хӯрокҳои тезу тунд худдорӣ намоед.

Асад (23 июл-22 август)

Аз дур шудан аз дӯстдоштаатон шитоб накунед, муҳаббатро боз эҳё кардан мумкин аст. Ба ҳамсари худ имкони роҳбарӣ карданро диҳед. Баъзе аз атрофиён метавонанд аз меҳрубонии шумо истифода баранд. Аз қарзи калон ва корҳои шубҳанок дурӣ ҷӯед. Имрӯз фикрронӣ ва хотираи шумо фаъолтар мешавад, барои омӯзиш вақту имкони хуб аст.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз сюрпризҳои хуш, ҳатто ошиқона метавонанд рӯй диҳанд. Шумо бо рафтори хуб метавонед наздиконро шод кунед. Муҳити хона ба шумо нерӯ мебахшад. Ба қувваи худ такя намоед, хариди калонро ба вақти дигар гузоред. Аз шитобкорӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ кунед, хавфи осеб дидан ё бемор шуданатон зиёд аст.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Агар шумо танҳо бошед, барои бо нафаре шиносшавӣ кӯшиш карданатон ба фоидаи шумост. Дар хона оромӣ барқарор мешавад ва ранҷишҳо кам-кам аз байн мераванд. Дар масъалаҳои молӣ эҳтиёт бошед ва хароҷоти калонро бо ҳамсаратон мувофиқа намоед. Рӯз барои гуфтушунид, маслиҳати ҳуқуқӣ ва музокирот хеле мувофиқ аст. Изтироби зиёд ба саломатӣ таъсир мекунад, ором бошед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз кӯшиш кунед талабҳои зиёд нагузоред ва ба касе дағалӣ накунед. Оромӣ ва сабр шуморо аз мушкил эмин нигоҳ медорад. Охири рӯз вақти хуб барои корҳои хона ва гармии муносибатҳо фаро мерасад. Дар кор эҳсоси хастагӣ пайдо мешавад, истироҳати кӯтоҳ ба шумо қувва мебахшад. Бизнесменҳо метавонанд даромади худро зиёд кунанд, махсусан онҳое, ки дар соҳаи дорусозӣ фаъоланд. Барои табобати чашм ва асаб рӯз мувофиқ аст.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Аз дилшикастагӣ ноумед нашавед, муҳаббати асил дар пеш аст. Агар аз касе ранҷида бошед, имрӯз барои оштӣ шудан вақти хуб мебошад. Рӯзи пур аз мулоқот ва корҳои ҷамъшуда аст, фаъол бошед. Ба масъалаҳои пулӣ ва пешрафти шахсӣ бештар таваҷҷуҳ намоед. Баъзе дардҳои куҳна метавонад худро нишон диҳад, ба наздикон меҳрубонтар бошед ва ба саломатии худ диққат диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз дар зиндагии шахсии шумо тағйироти ҷиддӣ эҳсос мешавад. Рӯз каме ноорому боиси асабӣ шуданатон мегардад, аз корҳои вазнин дур шудан фоида дорад. Эҳтимол баъзе суханҳои шуморо атрофиён нодуруст қабул намоянд. Дар масоили молӣ пешравӣ дида мешавад. Барои оромӣ ба ҳавои тоза бароед ё ба театр, намоишгоҳ ё консерт равед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Дар муносибатҳои ошиқонаи шумо баъзе норасоиҳо ҳастанд, ки бояд тадриҷан ислоҳ шаванд. Давраи гармии эҳсосот наздик мешавад. Имрӯз таъсири ҳаво асабҳоро нороҳат мекунад, бо дӯстдоштаи худ нарм ва таҳаммулпазир бошед. Корҳоро ором ва бо диққат анҷом диҳед, натиҷа хуб хоҳад шуд. Даромади шумо устувор мемонад. Аз истеъмоли хӯрокҳои ғайриоддӣ ё ношинос худдорӣ кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз рӯзи муносиб барои харид, нишастҳои дӯстона ва шиносоиҳои ҷолиб аст. Шояд як шиносоии умедбахши ошиқона оғоз шавад. Ба худ каме истироҳат иҷозат диҳед, на ҳамеша бояд корҳои вазнин анҷом диҳед. Ҳамеша орзуву ниятҳои нек карда, аз пайи амалӣ шуданашон шавед. Ба ғизои худ аҳамият диҳед, меъдаатон ҳассос аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД