shoh palace
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2023
3107

Ҳамал

Аз ташаббусҳои шумо дар ин рӯз ба касе манфиат намерасад. Сафари хидматӣ ва ба даст овардани маблағи имкн дорад. Агар аз фарбеҳӣ азият мекашиад бшед, бо парҳез ва варзиш машғул шуданатон ҳатмист. Барои вохӯрии ошиқона рӯзи мусоид нест. Кори вазнини љисмонӣ ва бардоштани чизҳои вазнин ба саломатиятон беасар намемонад.

Савр

Дар ин рӯз танбалӣ кардану дар тақдири бади худ касеро гунаҳкрор карданатон нодуруст аст. Барои муваффақ гаштану пули зиёд ба даст овардан бояд роҳҳои нави пулкоркунӣ ва шарикони боэътимодро пайдо намоед. Сафару сайругашт ва машқҳои љисмонӣ ба фоидаи шумост. Беэътиноии шахси дӯстдоштаатон боиси хафагиву дилозорӣ мегардад.

Љавзо

Рӯзи мусоидест барои нафароне, ки корҳояшонро ба нақша мегиранд. Имкони ба даст овардани маблағи хуб ё барор гирифтани корҳоятон вуљуд дорад. Худро хеле хуб ҳис мекунед. Муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта хуб аст, вале дахолати нафаре, ки ба бахти шумо ҳасад мебарад, боиси низоъ карданатон мегардад.

Саратон

Бояд аз пайи пайдо кардани манбаи нави даромад шавед, вагарна рӯзҳои наздик тамоман бе пул мемонед. Дар ин кор аз дӯстону шиносон кӯмак пурсед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон хирагӣ накунед, ташаббусу исроркориятон ба ёратон хуш меояд, вале аз ҳад нагузаронед. То нисфирӯзӣ ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад, аз љароҳат бардоштан ҳушёр шавед.

Сунбула

Вазъи пулиятон рӯ ба беҳбудӣ оварда, дар фикри рафъ намудани мушкилиҳоятон мегардед. Пулро барои хариди беҳуда сарф накунед ва бо нафарони шубҳанок низ ҳамкорӣ накунед. Вазъият дар оилаатон чандон хуб нест, аз ин лиҳоз аз баҳсу мунозира худдорӣ намоед. Агар аз касе қарздор бошед, ҳамин рӯз пулро баргардонед.

 

Мизон

Дар љойи кор монеаҳои ногаҳонӣ имкон доранд. Барои аз вазъияти душвор берун шудан кӯшиши зиёд ба харљ доданатон лозим меояд. Сустиродагӣ дар муносибатҳои ошиқона боиси ранљиши ёратон мегардад. Баъди нисфирӯзӣ худро беҳолу бемадор ҳис мекунед, ташвиш нашавед, ин нишонаи камқуватиятон аст

Ақраб

Агар умре дар љустуљуйи шахси идеалӣ гардед, инсони беҳтаринеро аз даст доданатон имконпазир аст. Вохӯрии шумо бо чунин инсон дар љойи ғайриоддӣ имон дорад, ҳушёриро пеша намоед. Мушкили пулиятон ба хубӣ рафъ мегардад. Минбаъд боақлона рафтор кунеду пулҳоятонро беҳуда сарф накунед.

Қавс

Корчалониву уҳдабароиятонро роҳбарият қадр мекунад, вале аз ҳад нагузаронед, то ки душманонатон зиёд нагарданд. Қавсҳое, ки бо тиљорат машғуланд, мушкили молиявии худро ба хубӣ рафъ месозанд. Саломатии худро танҳо ба табибони касбӣ бовар кунед. Ба нафароне, ки дар бораи ёратон овоза паҳн мекунанд, бовар накунед.

Љаддӣ

Дар ин рӯз ба роҳбарияти коргоҳатон нуқтаи назари худро баён намуда, аз чунин далерӣ дар ҳайрат мемонед. Муҳимаш дағалӣ накунед, вале аз ҷасорати худ пушаймон нашавед. Љаддиҳои муљаррадро вохӯрии тақдирсоз дар пеш аст. Ба нафаре дил мебандед, ки чанд сол қабл дар маҳфиле шинос шуда будед.

Далв

Барои пешравии корҳоятон аз ҳамкори ботаљрибаву кордонатон кӯмак пурсед. Бурдборӣ дар муносибатҳои ошиқона далвҳоро ҳамсафар мегардад. Рафтори арзандаи шумо боиси бештар гаштани муҳаббати ёратон мегардад. Дар боби саломатӣ ба маслиҳати касе гӯш надода, беҳтараш ба назди табиб равед.

Ҳут

Беҳуда аз пайи орзуву ниятҳои худ надавед, бе кӯмаки нафарони даркорӣ бурд намекунед. Ҳутҳое, ки қарздоранд, дар ин рӯз бояд қарзҳояшонро баргардонанд. Ба омадани меҳмонон омода бошед. Ошиқатон аз шумо ранљида бошад, беҳуда хирагӣ накунед, беҳтараш фикри худро ба ягон кори дигар љалб намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД