Gazprom july 2025
ТОЛЕЪНОМАИ 26-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2025
1042

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аввали рӯз рӯйдодҳои аҷибу гувороро интизор бошед. Дар ин рӯз бо шахсони соҳибмансаб баҳсу мунозира карданро ба шумо маслиҳат намедиҳем, чунки як сухани ноҷо хавфи бекор монданро ба вуҷуд оварда метавонад. Нимаи дуюми рӯз ошиқатон бо таклифи хонадоршавӣ ба наздатон меояд. Агар ҳис кунед, ки зиндагии ояндаатон бо ӯ обод мешавад, бе чуну чаро розӣ шавед.

Савр (21 апрел-21 май)

Ин рӯз бо вазъияти ногуворе рӯ ба рӯ мешавед, зеро ошиқатон дӯстии байни зану мардро написандида, талаб мекунад, ки аз тамоми дӯстони ҷинси муқобил риштаи дӯстиро канед. Баҳсу мунозира кардан танҳо ба оташи ҷангу ҷанҷол равған мерезаду халос. Агар хоҳед, ки аз боварияш набароед, гуфтаашро ба ҷо оред, вагарна хавфи танҳо мондан шуморо таҳдид мекунад.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Ин рӯз имкониятҳои нав ба рӯятон боз мешаванд. Таклифи хуби корӣ зодагони бурҷи ҷавзоро интизор аст. Агар фикри оянда карера сохтанро дошта бошед, шитобед, вақти парвози баланд фаро расидааст. Нимаи дуюми рӯз ҷавзоҳои муҷаррад бо шоҳзодаи орзуҳояшон вомехӯранд. Чӣ гуна ӯро мешиносед? Бисёр фикр накунед, дил гувоҳӣ медиҳад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ин рӯз дар коргоҳатон каме нофаҳмӣ мешаваду шуморо бегуноҳ гунаҳкор мекунанд. Ин ноҳақӣ ба дилатон мисли ханҷар халида, асабӣ мешавед. Нимаи дуюми рӯз нақшаҳои тарҳрезӣ намудаатонро дар амал татбиқ мекунед. Албатта эҳтиёткор бошеду шарикони кориятонро таҳти назорат бигиред, вагарна хавфи фиреб хӯрданатон ба вуҷуд меояд. Охири рӯз ба ҷуфтатон меҳрубонтар бошед.

Асад (23 июл-23 август)

Ин рӯз зодагони бурҷи асад метавонанд ҳама корро мустақилона ба анҷом расонанд, вале мадади шахсони муътабар барои ба мартабаҳои баланд баромадан халал намерасонад. Нимаи дуюми рӯз асадҳои муҷаррадро вохӯрии романтикӣ ва туҳфаи гаронбаҳо интизор аст. Охири рӯз асадҳои роҳбар ниҳоят ба рухсатии деринтизор мебароянд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Ин рӯз гӯё қувваи ноаён ҳамроҳатон мешаваду ҳар кореро оғоз намоед, зуд анҷом меёбад. Умуман худро тавоно ҳис мекунед. Аммо ба даст овардани моҳии тилло аз шумо маҳорат мехоҳад. Кӯшиш кунед, ки ғуруру ҳавобаландиятонро як тараф гузошта, пурдонии худро бо коратон исбот намоед. Фаромӯш накунед, ки фақат дар сурати дар амал исбот намудани кордониатон даромади калонро соҳиб мешавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ин рӯзро бо шунидани хабари нохуш пешвоз мегиреду хеле ғамгин мешавед. Поёни шаби сиёҳ сафед аст гуфтаанд, озурдагиро як тараф гузореду худро ба даст бигиред. Зиндагӣ бо ҳама талхиву ширинӣ ва барору нобарориаш зебо ва дил кандан аз он душвор аст. Нимаи дуюми рӯз дар коргоҳатон барои содиқона кор карданатон таърифу раҳмат мешунавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯз аз зодагони бурҷи ақраб ниҳоят қувваи маънавӣ ва ҷисмонии зиёдро талаб мекунад. Тамоми маҳорат ва донишатонро барои офариниши эъҷозҳои навин сарфа кунед. Агар барои дарёфт намудани маблағ каме кӯшиш кунед, пули зиёд ба даст оварда метавонед. Албатта меҳнати худро қадр кунеду ҳақатонро талаб намоед, вале аз ҳад нагузаред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ин рӯз ба чӣ қодир буданатонро дар амал нишон диҳед, зеро барои бастани шартномаи сердаромад шахси муносиб лозим асту ин нафар маҳз шумоед. Агар ҷиддӣ ба кор часпед, кордатон болои равған мешавад ва ҳам соҳиби обрӯю мақом мегардед. Шонсатонро аз даст надиҳед, зеро чунин хандаи тақдир на ба ҳар кас ва чунин имкон на ҳар рӯз муяссар мегардад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ин рӯз дар ҳаёти шахсии ҷаддиҳои муҷаррад дигаргунии куллӣ дар назар аст. Ошиқатон бо нияти барпо намудани оилаи солим хостгорҳояшро ба хонаатон равон мекунад. Пеш аз пода чанг набардореду хабари хушро паҳн накунед, вагарна душманонатон метавонанд фотиҳаро вайрон созанд. Беҳтараш то аниқ шудани рӯзи тӯй ин сирро аз ҳама пинҳон доред. Ҷаддиҳои роҳбарро нимаи дуюми рӯз эҳтимол вазъи саломатиашон андаке ташвиш диҳад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Ин рӯз боэҳтиёт бошед, чунки иғвоангезон найранги навбатиро барои ба ғазаб овардани шумо ба кор мебаранд. Нимаи дуюми рӯз далвҳои муҷаррад бояд нисбати маҳбуби дилашон ғамхор бошанд. Дӯстдоштаатон кумак мепурсад, бе чуну чаро дасти ёрӣ дароз кунеду дар лаҳзаҳои душвортарини ҳаёт ҳамеша паҳлуи якдигар бошед. Меҳрубонӣ муҳаббатро ҳатман меафзояд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Ин рӯз навгониҳои аҷибро интизор бошед. Дар ҳаётатон дигаргуниҳои хуб дар назар аст. Вохӯрии тақдирсозе барпо мегардад, ки метавонад зиндагиатонро маҷрои тоза бубахшад. Агар чаққонию кордониатонро нишон диҳед, кордатон болои равған мешавад. Нимаи дуюми рӯз ҳутҳои роҳбарро сафари корӣ интизор аст. Беҳтараш ин сафарро ба рӯзи дигар монед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД