Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз эҳтимол муносибатҳоятон бо наздикон бад шаванд. Беҳтараш бе асабонияту қаҳру ғазаб вазъиятро таҳлил намоед ва ба иқдоми шитобкорона роҳ надиҳед. Рӯзи хубест барои мустаҳкам кардани робитаҳои кӯҳна ва кумак расонидан ба аҳли хонадон. Маълумоте, ки имрӯз мегиред, метавонад нақшаҳоятонро тағйир диҳад. Корҳои имрӯзаро ба фардо нагузоред, кори ҷамъшуда асабатонро хароб мекунад.
Савр (20 апрел-20 май)
Агар дар муносибат бо наздикон нофаҳмӣ дошта бошед, вақте расидааст, ки онро ҳал кунед. Шом муваффақият меорад, агар фаъол бошед. Рӯзи хуб барои сафарҳои корӣ ва шиносоии нав аст. Аммо на ҳама пешниҳодҳо арзиш доранд - боэҳтиёт бошед. Ҳиссиётатонро зери назорат гиред, асабоният метавонад ба саломатӣ таъсир расонад. Рӯҳафтодаву ноумед нашавед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз вақти он аст, ки аз хоксорӣ даст кашида, шахсияти худро нишон диҳед. Зимни муносибат бо наздикон ростқавл ва самимӣ бошед. Кӯшиш кунед, ки ба гапи онҳо оромона гӯш диҳед ва аз ҷангу баҳсҳо дурӣ ҷӯед. Дар касбу кор мушкилоти муваққатӣ имкон доранд, аммо онҳоро паси сар мекунед. Шонси хуб барои банақшагирии буҷет доред. Вақти хуб барои ба сауна ё ҳаммом рафтан аст.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз барои тағйироти созанда мусоид аст. Агар аз зиндагии феълӣ қаноатманд нестед, намуди зоҳирӣ ё муҳити худро нав кунед. Аз чизҳои кӯҳна ва нолозим раҳоӣ ёбед, ҳам дар хона, ҳам дар муносибатҳои ошиқона. Эҳтимол мушкилиҳои шахсӣ ба касбу коратон таъсир расонанд. Бо вуҷуди ин, оромӣ ва сабуриро нигоҳ доред. Барои рӯҳияи хуб ва оромии ботинӣ вақти худро дар табиат гузаронед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз тағйироти гувороро дар ҳаёти шахсӣ эҳсос мекунед. Барои шахсони муҷаррад фурсати хубест барои шиносоии нав. Аммо эҳтиёт бошед, эҳсосотатонро зери назорат гиред, то хароҷоти нолозим накунед. Эҳтимоли сафар ё мулоқот бо одамони муҳим вуҷуд дорад. Барои бартараф кардани хастагӣ барои истироҳат вақт ёбед. Агар табъатон хира бошад, кӯшиш кунед ором бошед ва оташи қаҳру ғазаби худро ба сари дигарон нарезед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз шонси пайдо шудани муҳаббати нав вуҷуд дорад, аммо эҳсосотро бо хирад идора кунед. Корҳои муҳимро то нисфирӯзӣ анҷом диҳед, зеро шом меҳмонҳо меоянд. Барои пешрафт ва муваффақият, худро дуруст муаррифӣ кунед, ба ҳама нишон диҳед, ки қобилият доред. Имкони гирифтани фоидаи молиявӣ низ ҳаст, пулро боақлона сарф кунед. Агар аз вазъи саломатӣ нигарон бошед, беҳтараш ба духтур муроҷиат кунед, бепарвоӣ накунед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Дар ҷодаи муҳаббат эҳтиёт кунед, эҳтимол шахсе, ки дӯсташ медоред, нияти пок надошта бошад. Оиладорҳо бояд эҳсосоти ҳамсарро эҳтиром намоянд. Дар касбу кор муваффақият имкон дорад, агар интизом ва тартиботро риоя кунед. Пеш аз имзо гузоштан дар ҳуҷҷатҳо бодиққат онро хонед. Барои нигоҳ доштани саломатӣ, асабҳоятонро ором нигоҳ доред ва парҳезро фаромӯш накунед, пурхӯрӣ метавонад ба саломатӣ зарар расонад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз кори зиёд метавонад шуморо аз ҳаёти шахсӣ дур созад. Вақт ҷудо карда, асабҳоро ором созед. Мушкилоти кӯҳна дар муносибатҳо эҳтимол боз рӯ мезананд, кӯшиш кунед онҳоро бо роҳи осоишта ҳал намоед. Агар роҳбаратон кори изофӣ талаб кунад, ҳақи меҳнататонро талаб кунед. Аз хароҷоти беасос худдорӣ намоед. Агар миёнатон дард кунад ё намуди зоҳириро беҳтар карданӣ бошед, бо эҳтиёт амал кунед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Ба дили худ гӯш диҳед, шумо дар асл чӣ мехоҳед? Агар муносибатҳои хуби ошиқона доштан хоҳед, аз фармондиҳӣ даст кашед. Эҳтимоли дарёфти маблағи ғайричашмдошт вуҷуд дорад, ки кумак мекунад мушкилоти молиро сабуктар намоед. Ба саломатии сутунмӯҳра аҳамият диҳед, агар дард ҳис кунед, ҳатман ба табиб муроҷиат кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз дӯстдоштаатон дар паҳлуятон хоҳад буд ва ин ба рӯҳияатон таъсири хуб мегузорад. Аммо аз баҳс ва асабоният худдорӣ кунед. Ба маслиҳати шахси таҷрибадор гӯш диҳед, худсарона амал кардан хато меорад. Дар корҳои молиявӣ эҳтиёт бошед, аз харидҳои хавфнок худдорӣ намоед. Аз стресс дурӣ ҷӯед, асабоният метавонад ба саломатиятон зарар расонад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз ба маслиҳатҳои дигарон гӯш надиҳед, хусусан ба суханони нафарони танбалу коргурез. Рӯзи хуб барои нақшакашии корҳои муштарак ё истироҳати ошиқона аст. Дар муносибати ошиқона эҳтиёткор бошед, аз дағалгӯӣ худдорӣ намоед. Дар касбу кор шонси нишон додани маҳорати худро доред. Аз қарз гирифтан ё додани он худдорӣ кунед. Ба ғизо ва саломатӣ аҳамият диҳед, фарбеҳ шудан осон, аммо харобшавӣ душвортар аст!
Ҳут (19 феврал-20 март)
Муносибатҳои ошиқонаатон имрӯз шодиву гармӣ меоранд. Аммо кӯшиш кунед, ки дилдодаатонро дилгир накунед. Дар муносибатҳои ошиқона беҳтараш бо нармӣ ва сабурӣ рафтор кунед. Дар кор эҳтимоли ихтилоф бо ҳамкорон ё нофаҳмӣ вуҷуд дорад, асаби худро зери назорат гиред. Аз рашку асабоният дурӣ ҷӯед. Барои боло бурдани рӯҳия бо дӯстон мулоқот кунед ва бо корҳои дӯстдошта машғул шавед.