Oila 5 years
ТОЛЕЪНОМАИ 29-УМИ МАЙИ СОЛИ 2021
3732

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз як дӯсти наздикатон ба шумо фишор оварда метавонад. Вақти бештари худро бо нафаре гузаронед, ки зиёдтар дӯсташ медоред ва кӯшиш накунед, ки бо андак вақт ӯро фиреб кунед. Ҳамагон чӣ гуна инсон будани шуморо медонанд ва агар сохтакорӣ кунед, сирру асроратон зуд фош мешавад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз беҳтар аст, ки бо сулҳу суботи оилавӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунед. Корҳои заруриро анҷом диҳед, аммо ба кори дигар даст зада, ба худ дарди сар нахаред. Аксари саврҳо дар муносибатҳои оилавӣ баъзе мушкилиҳоро ҳис мекунанд, аммо ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки онҳо гузарандаанд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз каме вақт ҷудо карда, ба корҳое, ки қаблан карда будед, назар афканед. Шояд дар кори худ камбудиеро пайдо карда, онро дар оянда ислоҳ мекунед. Агар дӯстони наздики худро аз даст додан нахоҳед, онҳоро фиреб надиҳед ва ваъдахилофӣ накунед. Бисёр таваккал мекунед ва аз ҳама зиёд ба мушкилӣ дучор мешавед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, имрӯз шуморо ягон мушкилӣ ва ғаму ғурбати рӯзгор интизор нест. Кӯшиш кунед, ки бо ҳамкорон, хусусан, бо роҳбарият муносибати хуб дошта бошед. Ғизоҳоеро истеъмол кунед, ки аз витаминҳои манфиатовар бой бошанд. Шомро на дар ҳалқаи пайвандон, балки дар танҳоӣ гузаронед. 

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз агар дар шумо хоҳиши ба тиҷорат машғул шудан пайдо нашавад, онро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред. Асадҳое, ки ба савдо машғуланд, бояд имрӯз аз ҷои кори худ дур нараванд, зеро бе онҳо кор пеш намеравад. Тавсия медиҳем, ки аз нӯшидани обҳои газдор худдорӣ кунед ва оби одӣ бинӯшед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз баъзе аз сунбулаҳо ба сӯйи оянда қадамҳои устувор мегузоранд. Рӯзи баъзеҳои дигар ҷолибтар аз рӯзҳои дигар оғоз мешавад ва давоми рӯз шуморо лаҳзаҳои гуворо интизор аст. Ба суханҳои худ аҳамият диҳед, ки чӣ мегӯед, то нафареро аз худ наранҷонед. Агар ваъда дода бошед, ҳатман вафо кунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки муносибати шумо бо дӯстдоштаатон вайрон мешавад. Эҳтимол, ӯро таҳқир карда, аз худ хафаву дилмонда мекунед. Ба ақидаи худ содиқ бошед ва ба ҳеҷ ваҷҳ онро тағйир надиҳед. Дар навбати аввал ба касе бовар накунед, зеро эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Субҳ бо рӯҳияи болида аз хоб мехезед. Кӯшиш кунед, ки то охири рӯз чунин бошед ва барои ҳар сухани ночиз асабҳоятонро харобу хаста накунед. Дар касбу кор ва дар муносибатҳои шахсӣ фаъол бошед. Агар кореро ба наздикӣ ба анҷом расонида натавонед, хубтараш аз он даст кашед ва дигар фикрашро накунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз аз ҷангу низоъ, хусусан, бо нафарони бегона худро канор гиред. Ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳҳо боэҳтиёт бошед. Вақте ранги чароғат сурх аст, мунтазири бимонед, то сабз шавад. Ба имконияту фаъолияти худ бо шубҳа нигаристанро бас кунед. Ба худ бовар дошта бошед, зеро ин як роҳи пешравӣ аст.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз то дӯстонатон аз шумо маслиҳат напурсанд, ба корҳои онҳо дахолат накунед. Агар дили шумо то ҳол ишқи касеро напазируфта бошад, имрӯз метавонед, ки бо дили пур аз паси ин кор шавед. Мулоқот бо нафари арзанда дар назар аст. Кӯшиш кунед, ки ба шарики худ эътимод карда тавонед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз далвҳои ошиқро дар ҷодаи ишқу муҳаббат сюрпризҳои ҷолибу гуворо дар назар аст. Далвҳои муҷаррад агар фориғболӣ накунанд, ҷуфти муносиби худро пайдо карда метавонанд. Дар муносибатҳои шумо марҳилаи нав оғоз мешавад ва ин имкон медиҳад, ки ба ҳамдигар бо назари нав нигоҳ кунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз назди худ савол гузоред, ки то кадом андоза ба ҳамсояҳои худ бовар доред. Ба онҳое, ки бароятон азизанд, аз пештара бештар вақт ҷудо кунед. Баъзе дӯстонатонро бо сабабҳои гуногун чанд муддат аст, ки надидаед ва имрӯз бо онҳо вомехӯред. Ба гапи дигарон не, ба гуфтаҳои қалби худ гӯш кунед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД