Arzon april 2022
ТОЛЕЪНОМАИ 30-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2021
3307

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи душвор аст. Робита бо наздикон ва шарикони корӣ умеду орзуҳои дастнорас медиҳаду халос. Эҳсосоти худро идора карда наметавонед. Дар назар аст, ки вазъи саломатиятон яку якбора бад шавад. Бегоҳирӯзӣ табъатон хираву ба рӯҳафтодагӣ дучор мегардед. Бо вуҷуди ин ҳама, вазъи молиявиатон бетағйир мемонад.   

Савр (21 апрел-20 май)

Хабари ногаҳоние, ки мешунавед, муносибатҳои оилавиятонро душвор месозад. Шуморо лозим меояд, ки мушкилиҳои дар робита бо наздикон сарзадаро рафъ намоед. Ба мушкилиҳои ҷиддӣ омода бошед. Эҳтимол, аҳли оила ба таваҷҷуҳи шумо ниёз доранд, ин камбудиро рафъ карданатон лозим аст.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз барои ҳама кор мусоид аст. Тамоми нақшаҳоятон амалӣ мегарданд. Аз ҷашну маъракаҳои коллективона дурӣ ҷӯстанатон лозим аст. Қабули меҳмононро ба рӯзи дигар монед, айни замон шумо барои ин кор омода нестед. Аз нафароне, ки дилпур нестанд, дурӣ ҷӯед, ҳатто аз дӯстони деринаатон низ.    

Саратон (22 июн-22 июл)

Зимни робита бо наздикон дучори мушкилиҳое мегардед, ки сабабгораш худатон ҳастед. Аҳли оила ба таваҷҷуҳи бештари шумо ниёз доранд. Рӯзи хубест барои машғул шудан бо варзиш ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ. Ба мушкилиҳои ҷиддӣ омода бошед. Барои аз вазъияти душвор берун шудан, дилёбӣ карданатон лозим аст.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи пурмоҷаро аст, гирифтори таъқиб мешавед ва робита бо душманону бадхоҳон имкон дорад. Амалҳои беандеша сабабгори сар задани нохушиҳо ва ҳатто зарар ба саломатӣ мегарданд. Нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед. Дар ҷойҳои торику беодам, дар танҳоӣ сайругашт накунед.    

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Хабари ногаҳонӣ муносибатҳои оилавиятонро якбора бад месозад. Ба мушкилиҳои ҷиддӣ омода бошед. Ба коре, ки аз уҳдааш баромада наметавонед, машғул нашавед. Ба хасташавӣ роҳ надиҳед, вагарна вазъи саломатиятон бад мегардад. Рӯзи хубест барои бо варзиши сабук машғул шудану истироҳати кардан.    

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ғалату камбудиҳои рӯзҳои пешинаро ислоҳ намуданатон лозим аст. Нисбати худ сахтгир бошед. Аҳли оила ва шахси дӯстдошаатон ба муҳаббату дастгирии шумо ниёз доранд, ин камбудиро рафъ намоед, вагарна шуморо мушкилиҳои ҷиддӣ интизор аст. Даромади иловагӣ дар назар нест.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи бобарор аст. Барору комёбиатон аз натиҷаи корҳои дар ҳафтаи гузашта анҷомдодаатон вобастагӣ дорад. Барои он ки дӯстдоштаи худро мафтун созед, муҳаббату дустдориатонро пинҳон насозед. Фаромӯш накунед, ки дар лаҳзаҳои даркорӣ шумо худро ба даст гирифта, фаъолона амал карда метавонед.    

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Барои ҳама кор рӯзи бобарор аст. Тамоми нақшаҳоятон амалӣ шуда метавонанд. Дар ин рӯз метавонед бо корҳое машғул шавед, ки дар бораашон ҳатто тасаввурот надоред. Дар корҳои рӯзмарра ба якрангӣ роҳ надиҳед, вагарна дилгир хоҳед шуд. Ба нафаре, ки ба кӯмаки шумо ниёз дорад, ҷавоби рад надиҳед.    

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи бобарор аст. Даромади ногаҳонӣ ба даст меоред ё чизи қимматбаҳое пайдо мекунед. Хабари деринтизоре мешунавед, ки сабабгори сар задани мушкилиҳои оилавӣ мегардад. Ба мушкилиҳои ҷиддӣ омода бошед. Ба хастагие, ки боиси бад шудани вазъи саломатиятон мегардад, роҳ надиҳед.    

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи фиребу найранг аст. Дар амалу кирдори худ масъулиятнок бошед, то ба доми фиребу найранги дигарон гирифтор нашавед. Фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур созед, аз ҷойҳои торик ва тамоман беодам дурӣ ҷӯед. Танҳо бо корҳое машғул шавед, ки ба таъхир гузошта наметавонед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз муҳаббату нишот ба даст меоред. Қисмати зиёди рӯзро ба корҳои шахсие ҷудо карда метавонед, ки аз шумо хароҷоту нерӯи зиёдро талаб мекунанд. Хафагиву ранҷишро фаромӯш кунед, он гоҳ бо дӯстдоштаи худ забон ёфта метавонед. Агар дӯстдори маъракаҳои ором бошед, бегоҳирӯзиро бо оилаатон гузаронед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД