formula
ТОЛЕЪНОМАИ 30-ЮМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2023
3645

Толеъномаи 30 декабр

 

Ҳамал

 

Дар ин рӯз қобилияти сарварӣ кардану атрофиёнро ба коре ҷалб намуданро пайдо месозед ва дар ҳама кор масъулият эҳсос менамоед. Баъди нисфирӯзӣ бо корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул нашавед. Маблағи ногаҳонӣ табъатонро шоду мушкилоти рӯзгоратонро камтар месозад.

 

 

 

Савр

 

Дар ин рӯз пулро зиёд сарф мекунед. Аз тамоми шириниҳои ҳаёт лаззат бурданӣ шуда, маблағи зиёд хароҷот мекунед. Сабукфикрӣ карда, хариди беҳуда накунед, вагарна рӯзҳои наздик аз бепулӣ сахт азоб мекашед.

 

 

 

Ҷавзо

 

Имрӯз ҳама чиз бароятон аҷиб намуда, бар замми фаъол шуданатон дар ҳама кор кунҷковӣ зоҳир менамоед. Атрофиён ғайриихтиёр дилашонро ба шумо кушода, сиру асрори худро фош месозанд. Аз пурхӯрӣ ва нӯшидани нӯшокиҳои газноку сард худдорӣ намоед.

 

 

 

Саратон

 

Дар ин рӯз ба назаратон чунин менамояд, ки корҳоятон худ ба худ роҳи ҳалли худро пайдо месозанд. Вале ин маънои онро надорад, ки ягон монеа садди роҳатон намегардад. Ба ташвишҳо нигоҳ накарда, барои идҳои солинавӣ омодагӣ бинед. Хусусан табъи хурдтаракони хонаро болида гардонед.

 

 

 

Асад

 

Рӯзи хубест барои рафъ намудани бемориҳо. Агар табобати интихобнамудаатон фоида набахшад, усули дигарро интихоб намоед. Барои ором сохтани асабҳо бегоҳирӯзиро дар танҳоӣ гузаронед. Бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоеду меваву сабзиҷоти тару тоза истеъмол кунед.

 

 

 

Сунбула

 

Дар ин рӯз орзуҳои деринаи худро амалӣ кардан мехоҳед. Муваффақият дар корҳои тиҷоратӣ ва корӣ аз он вобастагӣ дорад, ки шумо то кадом андоза аз шиносҳоятон истифода бурда метавонед. Нишонаҳои аввалини зукомро ба эътибор гирифта, зудтар аз пайи табобат шавед. Беҳтараш бештар оби ҷӯшида истеъмол намоед.

 

 

 

Мизон

 

Бегонаҳоро ба нақшаҳои худ ҷалб насохта, даҳони худро аз сергапӣ нигоҳ доред, вагарна ба худатон зарар мерасонед. Даву този зиёд ба саломатиятон беасар намемонад, аз ин лиҳоз бештар витамин истеъмол намоед. Барои он ки зуком нашавед, масунияти худро мустаҳкам кардан лозим аст. Масуният аз серҳаракатӣ ва ғизои солим қавӣ мегардад.

 

 

 

Ақраб

 

Аз ҳар чизе, ки сади роҳи пешравию рушд ёфтанатон мегардад, худдорӣ намоед, он гоҳ ба осонӣ ба мақсад мерасед. Шармгиниро аз худ дур намоед. Шумо шахси боҳунару сазовори зиндагии беҳтар ҳастед. Барои шамол нахӯрданатон пешакӣ чорабинӣ кунед.

 

 

 

Қавс

 

Имрӯз мушкилиҳои зиёд меорад, хусусан дар робита бо атрофиён. Боэҳтиёт бошед, имрӯз имкони рух додани муноқишаву ранҷидани наздиконатон зиёд аст. Барои он ки рӯзро оромона паси сар намоед, аз танқид худдорӣ намоед.

 

 

 

Ҷаддӣ

 

Рӯзи пур аз рӯйдод аст. Бо сабабҳои ногаҳонӣ муноқишаву низоъ зиёд мешавад. Ба нафаре некӣ карданӣ шуда, ҷавоби рад мешунавед. Эҳтимоли рух додани садама, корношоям шудани техника, вайрон шудани нақлиёт зиёд аст.

 

 

 

Далв

 

Дар ин рӯз нисбати ҳамсуҳбату ҳамсафарони худ бодиққат бошед. Ба коре, ки зарараш ба шумо намерасад, даст назанед ва ин амалро имрӯзу фардо ва чанд рӯзи дигар риоя намоед. Ба дарди сару буғумҳо диққат диҳед, эҳтимоли зуком шуданатон зиёд аст.

 

 

 

Ҳут

 

Ба ҳар гапу кори атрофиён асабиёна ҷавоб надиҳед. Бисёр корҳо дар сари эҳсос рух медиҳанд, вале ин ба шумо дахл надорад. Агар роҳу равиши корро аз худ намоед, даромадатон дучанд мегардад. Эҳтимоли дубора гирифтори зуком шуданатон зиёд аст, бемориро пешгирӣ кунед.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД