Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 31-ЮМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2023
2173

 

Ҳамал

Дар ин рӯз воқеаҳои ногувор ва ҳатто хатарнок рух дода метавонанд. Аз ҳад зиёд содаву зудбовар нашавед, вагарна ҳам дар кору ҳам ҳаёти шахсӣ сахт фиреб мехӯред. Хусусан нисбати корҳое, ки ба назаратон назарногир менамоянд, бодиққат бошед.

 

 

 

Савр

 

Тамоми пешниҳодҳоеро, ки дар ин рӯзҳо мегиред, бодиққат дида бароед. Нимаи дуюми рӯз кори вазнин мадору қуввататонро мегирад, вале маблағи хуб ба даст оварда, табъатон болида мегардад. Сафари роҳи дур бобарор меанҷомад.

 

 

 

Ҷавзо

 

Дар ин рӯз ҳар кореро, ки оғоз намоед, аз уҳдааш ба осонӣ мебароед. Нисбати нафарони ношинос боэҳтиёт рафтор намоед. Барои он ки ба зудӣ бе пул намонед, дар ин шабу рӯз пулро зиёд сарф накунед. Пурхӯрӣ ва хӯрокҳои равғанин сабаби бемор шуданатон мегардад.

 

 

 

Саратон

 

Дар ин рӯз дилатон ягон навигарӣ мехоҳад. Агар дӯстдошта дошта бошед, бегоҳирӯзиро ҳамроҳаш гузаронед. Рафту муҷарраду танҳо бошед, кӯшиши бо нафаре шинос шуданро кунед. Мурғи илҳоми нафарони эҷодкор ба парвоз меояд.

 

 

 

Асад

 

Имрӯз дар баробари боҷуръат будан, дағал ҳам мешавед ва ин хислататон боиси муноқиша карданатон бо атрофиён мегардад. Дар ин рӯзҳо аз рӯйи шиори «ҳафт бор чен куну як бор бур» амал намоед. Дар акси ҳол якравиву бадҷаҳлӣ моҷарои зиёдеро ба саратон меорад.

 

 

 

Сунбула

 

Дар ин рӯз боэҳтиёт бошед, моҷароҷӯӣ накунед, вагарна дили наздиконатонро сахт меранҷонед. Барои он ки рӯз оромона сипарӣ гардад, аз айбҷӯиву танқид худдорӣ намоед. Беҳтараш хонаву дари худро ба тартиб оварда, чизҳои нодаркорро партоед.

 

 

 

Мизон

 

Рӯзи пур аз рӯйдод аст, заҳмати зиёд мекашеду самараашро мебинед. Мушкилиҳои гуногунро рафъ сохта, мавқеи худро устувор месозед. Ба сафар баромада, вохӯриҳоро ба нақша гиред. Бо нафарони бароятон ҷолиб шинос мешавед. Ба аёдати пиронсоли авлодатон рафтанро фаромӯш насозед.

 

 

 

Ақраб

 

Агар дар муносибатҳои ошиқона қадаме ба пеш гузоштан мехостед, имрӯз айни муддао аст. Муҳим он аст, ки бо шахси бароятон азиз самимӣ бошед, ҳар дурӯғи гуфтаатон ба зудӣ фош мегардад. Агар дар шаби соли нав нағзакак омодагӣ гиред, барор ҳамсафаратон мегардад.

 

 

 

Далв

 

Тамоми нақшаҳои неки шумо бо сабаби пеш омадани вазъиятҳои ногаҳонӣ амалӣ намегарданд. Маблағи бисёр сарф карданатон эҳтимол дорад, хароҷотро кам кунед. Ҳодисаҳои дар ин рӯз рухдодаро ба дил наздик нагиред. Ба пурхӯрӣ роҳ надода, нӯшокиҳои газнок истеъмол накунед.

 

 

 

Ҳут

 

Ҳар ҳодисае, ки дар ин рӯз рух медиҳад, пешгирӣ карда наметавонед. Баъди нисфирӯзӣ ба меҳмонӣ рафта, дар хонаи худ меҳмон қабул кунед. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед. Барои он ки гирифтори зуком нашавед, ар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ниқоб гаштанатон беҳтар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД