ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2026
282

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз барои оғози муносибатҳои ошиқона рӯзи бисёр мусоид аст. Ҷойгиршавии сайёраҳо ба пайдоиши робитаҳои устувори ошиқона кумак мекунанд. Рӯз пур аз таассуроти хуб мегузарад. Барои саёҳат, харидҳои калон ва мулоқот бо дӯстону шиносон вақти хуб аст. Дар кор бе мувофиқа бо роҳбар қарор қабул накунед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, хӯрокро сари вақт истеъмол намоед.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз худро ором ва хотирҷамъ эҳсос мекунед. Мулоқотҳо ва шиносоии ногаҳонӣ имконпазиранд. Баъзе нофаҳмиҳои хурд метавонанд ба суҳбатҳои ҷиддӣ расанд, аз ин рӯ омода бошед. Дар кор, махсусан бо ҳуҷҷат ва маблағ, эҳтиёткорона амал кунед. Мушкилоти молӣ муваққатист. Агар аз дарди буғум ё сутунмуҳра ранҷ мекашед, бори ҷисмониро кам кунед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз барои нафарони танҳо даъват ба мулоқоти ошиқона эҳтимол дорад. Рад накунед, зеро имкони сохтани муносибати хушбахт вуҷуд дорад. Дар оила нофаҳмии муваққатӣ рух дода метавонад, сабр пеша кунед. Барои рушди касбӣ ва мулоқотҳои расмӣ рӯзи хуб аст. Даромади пулӣ устувор аст, вале аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Аз ҷиҳати саломатӣ рӯз ором мегузарад.

Саратон (21 июн-22 июл)

Агар дар муносибати дарозмуддати ошиқона бошед, имрӯз қадри шарики худро бештар донед ва миннатдорӣ баён кунед. Мушкилиҳоро пинҳон накунед, балки бо оромӣ ҳал намоед. Рӯз барои оила ва корҳои хонагӣ муносиб аст. Дар фаъолияти тиҷоратӣ пешрафт имкон дорад. Барои саломатӣ машқҳои сабуки нафаскашӣ ва ҳаракатҳои мулоим тавсия мешаванд.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз барои оғоз ё рушди муносибатҳои нав рӯзи мувофиқ аст. Ҷозибаи шахсии шумо меафзояд. Қарорҳои ногаҳонӣ метавонанд муваффақ шаванд, вале шитобкорӣ накунед. Дар муҳити атроф сабру таҳаммул лозим аст. Аз хӯрокҳои тезу шӯр худдорӣ кунед, зеро метавонанд меъдаро нороҳат созанд. Нисбати саломатӣ боэҳтиёт бошед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Гузаштаро ба гузашта вогузоред ва ба баҳсҳои кӯҳна барнагардед. Барои нигоҳ доштани муносибатҳо бахшиш ва созиш муҳим аст. Рӯзи мусоид барои баррасии таҷрибаи пешин ва тарҳрезии нақшаҳои нав мебошад. Кори нотамомро ба анҷом расонед. Дар масъалаи пулӣ имкониятҳо ҳастанд, вале аз пешниҳодҳои шубҳанок дурӣ ҷӯед. Хастагӣ метавонад эҳсос шавад.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Ғамхорӣ нисбат ба шахси дӯстдошта муносибатҳоро гармтар мекунад. Агар нофаҳмӣ бошад, ба зудӣ бартараф мегардад. Дар кор ҳуҷҷатҳоро ба тартиб дароред, то мушкил пеш наояд. Масъалаҳои молии кӯҳнаро ҳал кардан мумкин мешавад. Имрӯз барои бастани шартномаҳои фоидаовар мусоид аст. Ба саломатӣ диққат диҳед, вақти он расидааст, ки мушкили кӯҳнаро ҳал намоед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Оғози муносибати нави ошиқона имконпазир аст, агар худатон фаъол бошед. Қисми зиёди рӯз бо кору вазифаҳои шахсӣ мегузарад. Диққатнокӣ натиҷаи хуб медиҳад ва обрӯятон боло меравад. Даромад устувор аст, вале эҳтиёҷот метавонанд зиёд шаванд. Дар бораи манбаи иловагии даромад фикр кунед. Саломатии шумо ба тарзи зиндагиятон вобаста аст.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз талошҳои шумо дар муносибатҳои ошиқона самар медиҳанд. Муҳаббат ва ғамхории одӣ робитаро мустаҳкам мекунад. Шомро бо оила ё дӯсти наздик гузаронед. Дар кор фаъол бошед, вале хароҷоти беҳуда накунед. Назорати маблағ муҳим аст. Эҳтимоли мушкили дандон вуҷуд дорад, шояд ба духтур муроҷиат кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Саёҳати муштарак хотираҳои зебо мебахшад ва робитаҳоро қавӣ мекунад. Барои оила ва дӯстон вақт ҷудо намоед. Дар эҷод, варзиш ва сафарҳои корӣ муваффақият интизор аст. Аммо қувваи ҷисмонӣ кам шуда метавонад. Кӯшиши зиёди кумак ба дигарон метавонад боиси хато гардад. Қувваи худро дуруст тақсим кунед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Муносибатҳо метавонанд ҷиддитар шаванд, робитаҳои кӯҳна мустаҳкам мегарданд. Рӯзи мусоид барои ба тартиб даровардани корҳо ва таҳкими мавқеъ аст. Дар кор заҳмат лозим мешавад. Аз хариди нолозим худдорӣ намоед. Ба мушкилот аз ҳад зиёд диққат надиҳед. Шомгоҳон истироҳат ва тағйири муҳит ба шумо фоида меорад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Агар муносибати ошиқонаатон сард шуда бошад, шояд вақти тағйирот расидааст. Дар хона корҳои зиёде пайдо мешаванд ва хароҷоти ногаҳонӣ имкон доранд. Дар кор ҳама чиз мувофиқи нақша пеш меравад, аз фурсат истифода баред. Дар оянда масъалаҳои молӣ ва рушди касбӣ вақти зиёд мегиранд. Ба ғизо аҳамият диҳед, хӯроки серкалория метавонад меъдаро нороҳат кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД