ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2025
1318

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз барои корҳои хона рӯзи хуб аст. Агар дар давоми рӯз серкор бошед, шом каме вақт ҷудо кунед, то ки хонаатонро ба тартиб оред. Бо наздикон нармтар бошед, суҳбати гарму самимӣ ба шумо оромӣ меорад. Ҳатто як пиёла чой бо ширинӣ метавонад рӯзатонро хуштар кунад. Имрӯз ором мегузарад ва ба шумо ҳисси осудагӣ мебахшад.

Савр (20 апрел-20 май)

Корҳои майда имрӯз шуморо каме асабӣ карда метавонанд, вале мушкилиҳо осон ҳал мешаванд. Барои расидан ба ҳадаф каме меҳнат кардан лозим аст, аммо натиҷа хуб мешавад. Имкони шиносоии нав вуҷуд дорад, одамоне, ки имрӯз вомехӯред, метавонанд ба шумо маслиҳат ва дастгирӣ диҳанд. Шояд хабари хуш гиред, ки рӯҳиятонро беҳтар мекунад. Беҳтараш ба корҳое машғул шавед, ки барои шумо фоида ва оромӣ меоранд.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз корҳоятон бо осонӣ пеш мераванд. Мушкилоти хурд зуд ҳал мешаванд ва шумо худро сабук ҳис мекунед. Ба ваъдаҳои дигарон пурра такя накунед, ба қувваи худ бовар кунед. Имрӯз суханатон таъсир дорад ва метавонед ҳар касро ба фикри худ розӣ кунед. Агар корҳои нотамом дошта бошед, имрӯз беҳтарин вақт барои анҷом додани онҳост. Шумо имрӯз ҳама корро назорат мекунед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз эҳтимол нохост касеро ранҷонед, аз ин рӯ, дар суханронӣ эҳтиёткор бошед. Фикрҳои бефоидаву нохушро дур кунед ва ба чизҳои хуб диққат диҳед. Дар кор худро масъулиятнок ва кордон нишон медиҳед. Шом мумкин аст хабари хуш гиред, ки рӯҳиятонро баланд мекунад. Рӯз барои оромӣ, истироҳат ва барқарор кардани нерӯ хуб аст.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз вақти фикр кардан дар бораи нақшаҳои нав аст, аммо ҳоло шитоб накунед. Ниятҳои худро ба касе нагӯед, то пурра омода шавед. Барои баъзеҳо кор зиёд мешавад ва имкони даромади иловагӣ пайдо мешавад. Аз чизҳои ҳанӯз рухнадода хавотир нашавед. Ба дӯстдоштаатон бовар кунед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Рӯзи шумо пур аз ташвишҳои рӯзгор, масъулиятҳо ва суҳбатҳои хурд мегузарад. Бо вуҷуди серкорӣ, ҳамаашро хуб ба анҷом мерасонед. Шом барои истироҳати хуш вақти холӣ пайдо мешавад. Дӯстону наздикон метавонанд маслиҳати хуб диҳанд, бинобар ин аз суҳбати самимӣ рӯ нагардонед. Нақшаҳои худро бо наздикон дар миён гузоред, фикри онҳо дар пешравии шумо нақши муҳим мебозад.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз бо баъзе одамон забон ёфтан каме душвор мешавад. Ба касе чизе фаҳмондан вақти бештарро мегирад. Дар кори савдо шитоб накунед, беҳтараш ҳар ҷузъро бодиққат санҷед. Хатоҳо имкон доранд. Таҷрибаи гузашта ба шумо роҳ нишон медиҳад. Рӯз серташвиш нест, танҳо сабру эҳтиёт мехоҳад. Шом оромтар мегузарад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз имкони шиносоии нав зиёд аст. Беҳтараш дар хона нашинед, ба ҷое равед, ки одамони навро дидан имконпазир бошад. Баъзе масъалаҳои ногаҳонӣ пайдо мешаванд, ки бояд дар ҷояш ҳал кунед. Бо вуҷуди корҳои зиёд, нерӯятон кофист ва ба ҳамааш мерасед. Интуисияи шумо қавист ва роҳи дурустро нишон медиҳад. Мулоқотҳои имрӯз фоидаи калон меоранд.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз дар ҳама кор метавонед ба наздиконатон такя кунед. Онҳо ҳам дар кор, ҳам дар мушкилиҳоятон маслиҳатҳои судманд дода, кумак мекунанд. Баъзе масъулиятҳои хонагиро метавонед ба ҳамсаратон супоред. Шиносоии нав ва дидорҳои хуш имкон дорад. Рӯзи фаъол ва пурбаракат аст, аз имкониятҳо истифода баред.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз аз худ розӣ мешавед, зеро бисёр корҳоро хуб анҷом медиҳед. Имконоти нав пайдо мешаванд, ки метавонанд оғози як давраи тозаро ба вуҷуд оранд. Агар бо касе ранҷишу хафагӣ дошта бошед, имрӯз вақти хуби оштӣ шудан аст, худро сабук ҳис мекунед. Фақат фаромӯш накунед, ки баъзан фикри дигарон низ дуруст мебарояд.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз корҳои калонро сар накунед, шояд нерӯятон кам шавад ё монеаҳо пеш оянд. Корҳоеро анҷом диҳед, ки хуб аз уҳдааш мебароед. Аз одамони бадҷаҳлу бадзабон дур бошед, онҳо рӯҳияи шуморо паст мекунанд. Дар бораи муносибатҳои шахсӣ фикр кунед, эҳсосоти худро гӯш диҳед. Эҷодкорӣ ва фикрҳои нав ба шумо нерӯи тоза мебахшанд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз беҳтараш бо аҳли хона ва наздикон бештар вақт гузаронед. Суҳбат ва муносибати гарм муносибатҳоро мустаҳкам мекунад. Рӯз барои идеяҳо ва корҳои нав хеле мувофиқ аст, агар оғоз кунед, натиҷа хуб мешавад. Танҳо аз саволҳои зиёду бемаънӣ ва кунҷковии зиёд худдорӣ намоед. Ба саломатӣ ва ҳолати рӯҳӣ низ диққат диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД