Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ МАЙИ СОЛИ 2025
1761

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз бо шахсе тамос гиред, ки барои шумо хеле азиз аст. Тавассути телефон изҳори муҳаббат карданатон лозим нест, гуфтугӯи кӯтоҳ ва самимӣ кофист. Кӯшиши тағйир додани ҳамсари худро накунед, ин метавонад боиси муноқиша гардад. Имрӯз барои бастани шартномаҳои муҳим ва ҳал кардани масъалаҳои молиявӣ вақти муносиб нест. Ба ҳар як ҳодисаи хурд диққат надиҳед, ором бошед.

Савр (21 апрел-21 май)

Рашк накунед. Рашк нишонаи ҳасад ва кина доштан аст. Барои нигоҳ доштани муҳаббат, ба дӯстдоштаатон бовар ва эҳтиром дошта бошед. Ба аъзои оила диққати бештар диҳед, пуштибонии онҳоро эҳсос мекунед. Дар корҳои расмӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ шитоб накунед. Дониши шумо дар соҳаи тиҷорату соҳибкорӣ имрӯз бисёр муфид хоҳад буд. Варзиш ва фаъолиятҳои ҷисмонӣ фоидаоваранд. Ҳатто ҳангоми истироҳат низ серҳаракат бошед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Агар шумо танҳо бошед, вақти он расидааст, ки нигоҳатонро ба зиндагӣ дигар кунед. Бо одамон бештар муошират намоед ва дар ҷамъият фаъол бошед. Имрӯз мумкин аст бо корҳои марбут ба ҳуҷҷатҳои оилавӣ саргарм шавед. Шояд ба машварати ҳуқуқдон эҳтиёҷ пайдо кунед. Имкониятҳои нав пеш меоянд, тарсу шубҳаҳоро як сӯ гузоред. Мушкилиҳои молиявӣ тадриҷан коҳиш меёбанд. Ба худ имкони озодона зистан диҳед. Қаҳру ғазабро канор гузоред, он ҳатто ба намуди зоҳири шумо таъсир мерасонад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз эҳсосоти дӯстона метавонад ба муҳаббат табдил ёбад. Кӯшиш кунед, ки худро ба даст гиред, вагарна аз хатоҳои кардаатон пушаймон мешавед. Шумо шахсияти фаъол ҳастед ва бекорӣ ба шумо намезебад, машғулияти наве пайдо кунед. Агар эҳсос кунед, ки ҳама чиз баръакси хоҳишатон меравад, рӯ ба истироҳат оред. Хатоҳои гузаштаро нодида нагиред, зудтар онҳоро ислоҳ кунед. Рӯзи хубест барои парҳез.

Асад (23 июл-23 август)

Зиндагии шахсии худро ба дигарон ифшо накунед, аз дахолати бегонагон эҳтиёт шавед. Имрӯз беҳтараш вақти худро дар хона гузаронед ва корҳои муҳими рӯзгорро анҷом диҳед. Эҳтимол аст, ки мушкилоти ғайричашмдошт, хусусан бо асбобҳои техникии хона рӯй диҳанд. Хабарҳои ногувор ё монеаҳои нобаҳангом имконпазир аст. Даромади ғайриинтизор имкон дорад, аммо масъулиятҳои асосиро фаромӯш накунед. Ба баҳсу мунозираҳо неруи худро сарф накунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз эҳтимоли афтодан ба фитнаҳои дигарон зиёд аст. Барои нигоҳ доштани обрӯ, аз чунин ҳолатҳо канорагирӣ кунед. Низоъ дар нимаи дуюми рӯз имкон дорад, вале бо нармгуфторӣ ва тағйири рафтор онро осон ҳал кардан мумкин аст. Дар ақидаҳои худ пойфишорӣ накунед. Ҳангоми суҳбат бо роҳбар эҳтиёткор бошед. Агар шахсе табъатонро вайрон кунад, кӯшиш кунед рӯҳияатонро нигоҳ доред, то ба саломатиятон таъсир нарасонад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз эҳтимоли пайдо кардани муҳаббат вуҷуд дорад, ҳатто бе кӯшиши шумо. Усули зиндагии шумо ва одатҳои ҳаррӯзаатон ба муносибатҳои шахсӣ таъсир мерасонанд. Вазифаҳои деринтизори корӣ ниёз ба иҷрои фаврӣ доранд. Шояд роҳбарият ба шумо пешниҳоди кори нав кунад, омода бошед. Хароҷоти ғайриинтизор имкон дорад. Агар пулро сарфа кардан хоҳед, бо дӯсте ба харидкунӣ равед, ки дар хароҷот шуморо назорат кунад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Эҳсоси ошиқона метавонад имрӯз шуморо фаро гирад. Шояд дар ишқбозӣ он қадар таҷриба надошта бошед, аммо ростқавлӣ ва самимиятатон муҳимтар аст. Вақти он расидааст, ки суҳбати муҳими деринтизори худро бо шахси бароятон азиз анҷом диҳед. Ҷустуҷӯи пул ҳоло натиҷаи хуб намедиҳад. Ба ғизо диққат диҳед, парҳез барои саломатӣ фоида меорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Шояд дер боз мехоҳед зиндагии шахсиро ба тартиб дароред, имрӯз имконияташ фароҳам аст. Агар дар дил шубҳа ё ихтилофе доред, бо дӯстдоштаатон суҳбат кунед, маслиҳаташ фоидаовар аст. Дар кор имкони пешравӣ вуҷуд дорад, аммо худнамоӣ накунед. Барои ба даст овардани маблағи хуб сабр, мутолиа ва омӯзиши малакаҳои нав зарур аст. Ҷисматон заиф шудааст, ба ғизои худ калсий ва витаминҳои зарурӣ ворид кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар шумо танҳо бошеду касеро дӯст надоред, имрӯз имкони бо шахси ҷолиб шинос шуданатон вуҷуд дорад. Дар хонавода муҳаббат ва ҳамдилӣ эҳсос мешавад. Бо вуҷуди серкорӣ, ба саломатии худ таваҷҷуҳ зоҳир кунед. Хароҷоти ғайричашмдошт имкон дорад, ҳар қадаматонро боандеша гузоред. Шомгоҳ истироҳат дар муҳити дигар ба шумо қувват мебахшад.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз беҳтараш вақти худро бо наздикон гузаронед, хусусан дар муҳити зебо ва ошиқона. Масъалаҳои рӯзгор диққати шуморо талаб мекунанд. Шумо роҳҳои самараноки ҳалли мушкилиҳои кориро пайдо мекунед. Фикрро тоза нигоҳ доред ва ҷасурона амал намоед. Эҳтимол пули қарздодаатон ба шумо баргардонида шавад, аммо онро ба зудӣ сарф накунед. Агар машқ мекарда бошед, фишори варзишро каме сабуктар кунед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Дар ҷодаи муҳаббат рӯйдодҳои ҷолиб ва шиносоии нав имкон дорад. Дар қабул кардани қарорҳо танҳо ба фикри дигарон такя накунед, таҷрибаи шахсӣ беҳтар аст. Дар ҷойи кор тағйирот метавонад ба амал ояд, имкони гирифтани вазифаи нав вуҷуд дорад. Пеш аз қабул кардан, хуб андеша кунед. Аз қаллобӣ эҳтиёт кунед, эҳтимоли фиреб вуҷуд дорад. Энергияи рӯз баланд аст, кори муҳимро ба нимаи аввали рӯз гузоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД