Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз беҳтараш аз шиносоии нав худдорӣ кунед, зеро эҳтимоли ноумедӣ зиёд аст. Дар муҳаббат низ тавсия мешавад аз саросемагӣ дур бошед. Бо наздикон ростқавл бошед, фиреб эътимодро аз байн мебарад. Ба корҳои муҳим диққат диҳед, вақти худро беҳуда сарф накунед. Дар масоили молӣ эҳтимолан ба қарз ниёз пайдо мешавад, зеро хароҷот меафзояд. Варзиши вазнин мувофиқ нест, вале сайругашт ва ҳаракати сабук ба шумо фоида меорад.
Савр (21 апрел-21 май)
Дар муносибат бо дӯстдошта каме сардӣ эҳсос мешавад, беҳтараш чанд рӯз аз ҳам дур бошед, то муҳаббат тоза гардад. Имрӯз вақти муносиб барои нишон додани беҳтарин сифати хонаводагӣ аст. Дар кори нав ё омӯхтани чизе ҷасур бошед. Вале дар молия эҳтимоли мушкилоти ногаҳонӣ вуҷуд дорад. Ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки аз назорататон берунанд, онҳоро оромона қабул кунед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз ба манфиати шахсӣ амал кунед, вале аз диққати зиёдатӣ канорагирӣ намоед. Вақти хубест барои сафар: он ба шумо оромиш ва итминон мебахшад. Рӯйдодҳои ғайричашмдошт боиси муоширати зиёд мешаванд. Ба хотир дошта бошед, ки тамоми соҳаҳои ҳаётро бояд зери назорат гиред. Аз шахсоне, ки шуморо эҳтиром намекунанд, дурӣ ҷӯед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Нофаҳмиҳои хурд метавонанд муҳаббатро зери шубҳа гузоранд, вале шитобкорӣ накунед. Дар оила оромӣ эҳсос мешавад, вале аз як ошиқи пинҳонӣ сюрприз имкон дорад. Имрӯз нерӯи эҷодкорӣ боло меравад, агар далеру оқил бошед, муваффақият меёбед. Шахсоне, ки кори нав меҷӯянд, на ҳама пешниҳодҳоро мувофиқ мебинанд. Хастагии шадид эҳтимол аст.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз аз бетафовутӣ ва шубҳа канорагирӣ кунед, вагарна муносибатҳои ошиқона осеб мебинанд. Агар ба ҳамдардӣ ё маслиҳат ниёз дошта бошед, ба дӯстони кӯҳна муроҷиат кунед, онҳо роҳи ҳалли нав нишон медиҳанд. Имрӯз метавонед корҳои муҳимро ҳал кунед. Даромади иловагӣ низ имкон дорад, вале набояд сустӣ кунед, зеро имкони хубро аз даст медиҳед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз мулоқот нишон медиҳад, ки то чӣ андоза бо дӯстдоштаатон наздик ҳастед. Дар муносибат бо дӯстдухтарон ё хешовандон худ аввал қадам гузоред. Баъзе ҳамкорон нисбат ба шумо хушбин нестанд, пас кӯшиш кунед муносибатро барқарор намоед, то ҳама корҳо ба дӯшатон намонад. Саломатиятон беҳтар мегардад, барои нигоҳдории он ба худ ғамхорӣ кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз дӯстдоштаатон метавонад аз шумо ранҷад, бо мулоимӣ сабабро бифаҳмед. Дар оила нофаҳмӣ зиёд мешавад, ҳар фикри манфиати худро мекунад. Дар харҷ эҳтиёт бошед, қабл аз он, ки чизеро харидорӣ мекунед, хуб андеша кунед. Нерӯятон зиёд аст, вале онро эҳтиёт кунед. Ба худ вақти истироҳат диҳед, то қуввату тавоноӣ дубора барқарор гардад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз ошиқи пинҳонӣ метавонад аломатҳои таваҷҷуҳ нишон диҳад, вале барои муносибати нав фурсати хуб нест. Бо эҳсоси ҳамсаратон эҳтиёткор бошед, танқидҳои сахт ё суханони ноҷо муносибатро вайрон мекунанд. Шумо корҳои ҳаррӯзаатонро хуб анҷом медиҳед, вале мушкилоти калон ба ёрии ҳамкорон ниёз дорад. Дар масъалаи пулӣ давраи ноустуворӣ наздик мешавад, хароҷоти нолозимро кам кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз эҳтимоли аз нав барқарор шудани робита бо ошиқи пешинаатон вуҷуд дорад. Гарчанде ки муҳаббати нав аз он ба миён намеояд, мулоқот гуворо хоҳад буд. Дар оила ва муносибат бо наздикон ҳама чиз хуб мегузарад. Дар кор сарбории зиёд ниҳоят ба поён мерасад ва вақти бештар барои ишқ пайдо мекунед. Дар қарорҳо саросемагӣ накунед, хатогӣ имконпазир аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз агар ба наздикон тӯҳфа омода кунед, онро бо муҳаббат ва самимият супоред. Дар хонавода агар ихтилоф пеш ояд, баҳсро тунд накунед. Шомгоҳон дар роҳ эҳтиёткор бошед. Дар харҷ эҳтиёт кунед, пулро барои рӯзҳои душвор захира кунед. Нисфирӯзӣ эҳтимоли хастагӣ, сардард ва каме мушкилоти молӣ вуҷуд дорад, вале ҳамаи ин муваққатӣ аст.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз ҷаззобиятатон меафзояд, аз ин имконият истифода баред. Беҳтараш нақшаҳои бузургро ба таъхир гузоред. Неруи эҷодӣ ва нерӯи ҳаётӣ боло меравад, ҳатто аз вазъиятҳои мушкил роҳи судманд пайдо мекунед. Шояд шуғли дӯстдошта ба манбаи даромад табдил ёбад, ҳатто агар ғайримуқаррарӣ бошад ҳам. Вале аз қарз гирифтан ва ваъдаҳои калон худдорӣ намоед. Эҳтимоли сардардҳои кӯтоҳмуддат вуҷуд дорад, ки зуд гузарандаанд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз шумо метавонед тамоми истеъдоди худро нишон дода, дигаронро мафтун созед. Вале беҳтараш аз ҷамъомадҳои иҷтимоӣ худдорӣ кунед, вақти холиро ба корҳои хона сарф кунед. Эҳтимоли иштибоҳ ё гирифтани иттилои нодуруст вуҷуд дорад, аз ин рӯ ҳушёр бошед. Дар сарфи пул шитоб накунед, ҳама ҷузъиётро хуб омӯзед. Дар муносибат бо техника эҳтиёт намоед, хатари садамаи барқ ё вайроншавии дастгоҳ имкон дорад.