Lmarka 2025
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ МАЙИ СОЛИ 2025
1645

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат фаъол ва ҷасур бошед, эҳтимоли вохӯриҳои хотирмон хеле зиёд аст. Ба дӯстдоштаатон бештар аҳамият диҳед, то нофаҳмиҳоро пешгирӣ кунед. Корҳое, ки имрӯз анҷом медиҳед, шояд ояндае надошта бошанд, неруи худро беҳуда сарф накунед. Соҳибкорон метавонанд созишномаҳои судманд банданд. Ҳар нақшае доред, иҷро мешавад. Рӯзи мусоид барои ҳам фаъолият ва ҳам истироҳат аст.

Савр (21 апрел-21 май)

Тағйироти деринтизор дар муҳаббат имконпазир аст. Шумо омодаед қарорҳои ҷиддӣ гиред ва вақти худро беҳуда намегузаронед. Муошират бо дӯстони наздик шуморо аз ташвишҳо дур мекунад. Шиносоии нав метавонад ба дӯстии хуб табдил ёбад. Даромади бештари пулӣ имкон дорад, вале фаромӯш накунед, ки ҳама чиз муваққатӣ аст. Варзиш ва ҳавои тоза ба фоидаи шумост.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Дар ҷодаи муҳаббат якравӣ накунед, беҳтараш ба дӯстдоштаи худ меҳрубонӣ кунед. Касе шояд камбудиятонро ҷӯяд, эҳтиёткор бошед ва ҳатто ба дӯсти наздик ҳама сирри дилро нагӯед. Имрӯз имкониятҳои касбӣ фаровонанд, шояд кори нав пешниҳод шавад. Агар омода бошед, қабул кунед. Ба истироҳат дар табиат диққат диҳед, рӯҳатон болида мегардад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Эҳтимоли нофаҳмӣ бо ҳамсар вуҷуд дорад, вале набояд ноумед шуд. Муҳаббататон аз санҷиш мегузарад ва қавитар мешавад. Барои қарорҳои муҳими рӯз шитоб накунед. Дар муоширати корӣ муваффақ мешавед ва таваҷҷуҳи шахсони таъсиргузорро ҷалб мекунед. Шарикони молиявӣ низ метавонанд пайдо шаванд. Аз сармоягузориҳои хатарнок худдорӣ намоед. Ба варзиш баргардед, дер нашудааст.

Асад (23 июл-23 август)

Дар муносибатҳои ошқиона фишор наоред ва озодии дӯстдоштаатонро эҳтиром кунед, муҳаббат сарҳад надорад. Агар ҷанҷол кардед, кӯшиш намоед зуд оштӣ кунед. Дар баҳсҳо бештар сабур бошед, то дигарон шуморо дағал напиндоранд. Шояд манбаи нави даромад пайдо шавад. Бемориҳои сабук бартараф мешаванд ва ба барқароркунии неру омода мешавед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Муҳаббати дӯстдоштаатон аз зиракӣ ва ҳушёрии шумо вобаста аст. Агар танҳо бошед, акнун фурсатест барои пайдо кардани шахси дилхоҳ. Барои таъмир ва рӯбучини хона рӯзи хуб аст. Ҳунар ва малакаи шумо ба кор меоянд, ҳатто дар озмунҳо бурд хоҳед кард. Харидҳо имрӯз шояд шуморо хушнуд насозанд, беҳтар аст ба фардо гузоред. Аз варзиши сахт худдорӣ намоед, то хастагӣ пешгирӣ шавад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ҳатто агар рӯзҳои охир душвор гузаштанд, имрӯз фурсати гуфтугӯи самимӣ бо дӯстдоштаатон аст. Бо наздикон муносибатро беҳтар кунед, меҳру муҳаббатро нишон диҳед. Ба коре рӯ оред, ки масъулиятро бе тарс қабул мекунед. Ба дигарон фишор наоред, ин боиси норозигӣ мешавад. Аз шиносоии нав бо одамони носозгор парҳез кунед. Агар пойҳоятон варам карда бошанд, ба духтур муроҷиат кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Бо суханони тез дили дӯстдоштаатонро наозоред, дертар пушаймон мешавед. Агар ӯ манфиатҳои шуморо нодида гирад, ба ҷойи баҳс роҳҳои дигарро пешниҳод кунед. Хоксорӣ накунед, боҷуръат ва эътимодбахш бошед, то истеъдодатон намоён гардад. Идеяҳои нав метавонанд ба муваффақияти молӣ оварда расонанд. Бо касе, ки дар ихтилоф ва қаҳрӣ ҳастед, оштӣ кунед, рӯҳатон сабук мешавад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Шоми имрӯз шояд шуморо саргузашти ошиқона интизор бошад. Нафарони танҳо метавонанд каси мувофиқро ёбанд. Масъулиятҳоро танҳо ба дӯш нагиред, аҳли хона низ бояд саҳм гиранд. Рӯзро ба истироҳат бахшед. Шумо мутахассиси пурқимат ҳастед, пешниҳодҳои хубро пазируфта, ҳатто корро иваз кунед. Вале ба хароҷоти ғайриинтизор омода бошед. Аз кори зиёд худдорӣ кунед, саломатӣ муҳим аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Шояд ҳолатҳои ногувор ё ҳасудон шуморо маҷбур кунанд, ки обрӯи худро ҳимоя кунед. Бо вуҷуди ин, фурсати хубест барои баён кардани эҳсосот. Дар оила нофаҳмиҳо мумкин аст, бо сабру таҳаммул роҳҳои созишро биҷӯед. Рӯзи мувофиқ барои масъалаҳои молиявӣ нест, эҳтиёт бошед, то зиён набинед. Аз ташрифи нолозим ба духтур, бахусус дандонпизишк худдорӣ кунед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Шумо имрӯз дорои зиракӣ, оромиш ва бурдборӣ ҳастед, аз ин ҳама барои амалӣ кардани нақшаҳо истифода баред. Дӯстдоштаатон дар паҳлуятон хоҳад буд. Ба худ фурсат диҳед, ки танҳо бошед, бо ин роҳ асабҳо ором мешаванд. Эҷодкорон неруи нав эҳсос мекунанд. Хароҷоти беҳударо кам кунед. Худатонро хуб ҳис мекунед ва кори зиёдро анҷом дода метавонед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Ҷасорат ва фаъолнокии шумо диққати дигаронро ҷалб мекунад. Шоми хушу дилписанд пешбинӣ мешавад. Барои гуфтугӯи ҷиддӣ бо наздикон тайёр шавед, масъалаҳои хонаводагӣ шояд хароҷоти ғайриинтизор оранд. Одамоне, ки ҳоло шуморо асабонӣ мекунанд, метавонанд дар оянда фоиданок бошанд, онҳоро рад накунед. Аз одамони шубҳанок дурӣ ҷӯед, хатар метавонад на танҳо ба пул, балки ба обрӯ ва озодӣ таҳдид кунад. Барои парҳез рӯзи хубест, вале тағйири ғизоро оҳиста анҷом диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД