Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз хонаву дари худро ба тартиб дароред. Рӯзи хубест барои тағйир додани реҷаи корӣ ва тартиботи зиндагӣ. Агар қаблан аз уҳдаи баъзе корҳо баромада наметавонистед, дар ин рӯз коратон барор мегирад. Одатҳои бади худро партоед. Аз муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон худдорӣ намоед, агар шумо оиладор бошед, ба нуқтаи назари ҳамсафари ҳаётӣ ҳатман гӯш андозед.
Савр (21 апрел-21 май)
Рӯзи хубест барои амалӣ сохтани нақшаву ниятҳо. Вақтҳои холигии худро бо шахси дӯстдоштаи худ дар нишастҳои дӯстона, кино ва театр гузаронед. Фикру андешаҳои мағшушеро, ки муҷиби бадбахтии шумо мегарданд, аз сар дур намоед. Ба аёдати волидони пир рафтанро фаромӯш накунед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Дар ин рӯз мушкилоти рӯзгор ба саратон ташвиши зиёдеро меорад. Бо рӯбучини пурраи хонаву дар ва таъмири сабук машғул шуданатон хуб аст. Бо пайдо шудани сарчашмаи нави даромад ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Танҳо дар сурате ба пешниҳоди нави пулкоркунӣ розӣ шавед, ки аз уҳдаи кор мебаромада бошед. Барои рашк кардани шахси дӯстдоштаатон имкон надиҳед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз қулфи даҳони саратонҳо кушода шуда, ҳамсуҳбати хуб мегарданду доираи дӯстонашон низ васеъ мегардад. Аз вазъиятҳои душвортарину печида баромадан имконпазир мегардад. Маҳз бо шарофати ҳамин сифатҳоятон дӯстон шуморо ба корҳои худ ҷалб намуда, кӯмаку дастгирӣ мепурсанд. Дар вазъиятҳои моҷароомез нақши оштидиҳандаро бозида метавонед.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз вазъи молиявии худро нисбатан беҳтар месозед. Сабаби пешравии корҳоятон дар пухтакории шумо аст. Шумо бо осонӣ ва фавран мушкилиҳои худро рафъ месозед. Ин амалатон ба сатҳи даромади пулиятон бетаъсир намемонад. Дар ин рӯз харид кардан бобарор аст. Ба нафароне, ки гирифтори асабхаробӣ ҳастанд, эҳтиёткор буданро маслиҳат медиҳем.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Барои мулоқоти ошиқона рӯзи созгор аст. Тахаюлоти бойи худро ба кор бурда, барои нафароне, ки дӯсташон медоред, лаҳзаҳои хотирмон ато намоед. Сафари роҳи дур ҷаҳонбинии шуморо васеъ мегардонад. Нимаи дуюми рӯз дар рафъ намудани уҳдадориҳои ҳаррӯза душворӣ намекашед. Аввали тирамоҳ табъатонро болидаву хуш мегардонад ва ин ҳолататон робитаро бо ҳамкорон, роҳбарият ва мизоҷон беҳтар месозад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Аз сиру асрори яке аз наздиконатон огоҳ мегардед. Хобҳоятон амалӣ мегарданду дилатон аз бисёр чизҳо гувоҳӣ медиҳад. Дар сурати пешниҳод гаштани кӯмаки молиявӣ аз ҷониби нафари сарватманду хайрхоҳ онро рад накунед. Дар ин рӯз ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, вагарна дучори бемории меъда мегардед. Аз нӯшидани машрубот низ худдорӣ намоед, вагарна ба саломатиятон зарар мерасад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз корҳои шахсии худро фаромӯш карда, пурра бо мушкилоти дӯстону ҳамкорон машғул мешавед. Атрофиён бо хоҳишу дархостҳои худ муроҷиат намуда, ба кӯмаки шумо ниёз пайдо мекунанд. Ҳар амали хайре, ки мекунед, холисона ба анҷом расонед, ба қадри дӯстони худ расед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз ба комёбиҳои зиёде ноил мегардед. Вақте расидааст, ки тамоми нерӯи худро барои расидан ба мақсад равона созед. Боисрор бошед ва ҳатман муваффақ мегардед. Баъзе қавсҳо имкони ба вазифаи баландтар гузаштанро пайдо мекунанд. Эҳтимоли шинос шуданатон бо нафари воломақоме вуҷуд дорад, ки дар рафъи мушкилоти муҳим кӯмакаш ба шумо мерасад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз имкони баланд шудани обрӯву нуфузатон дар назди атрофиён зиёд аст. Шуморо барои зеҳни тез ва идроки баланд қадрдонӣ мекунанд. Барои рафъ намудани мушкилоти молиявӣ ва кӯшиши зиёд намудани даромади пулӣ давраи мусоид нест. Агар пул сарф карданӣ бошед, ин корро нимаи аввали рӯз ба анҷом расонед, нимаи дуюми рӯз ягон кори ҷиддиро ба нақша нагиред.
Далв (21 январ-20 феврал)
Агар то ба имрӯз сабаби рафтори баъзеҳоро дарк карда наметавониста бошед, дар ин рӯз бисёр чизҳоро мефаҳмед. Тарзи ҳаёти солимро пеш баред, машқи бадан кунеду ба тозагии бадан диққати бештар диҳед. Ба ғизои мехӯрдаи худ бодиққат бошед. Бештар хӯроки серғизо ва витамин истеъмол кунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав. Бештар дар робита бошеду ба сафар бароед. Корҳои зиёдатонро тавассути ёру рафиқҳоятон рафъ карда метавонед. Дар муносибат бо хешовандон, роҳбарият ва нафарони воломақом муноқиша эҳтимол дорад. Бештар ба суханони дигарон гӯш андохта, ташаббусҳояшонро дастгирӣ намоед.