Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз бояд бо оромӣ амал кунед. Саросемагӣ метавонад шуморо ба қарорҳои нодуруст барад, бинобар ин, бештар фикр карда, баъд амал намоед. Корҳоятон зиёд мешавад, аммо ҳамааш ба манфиати шумо анҷом меёбад. Бо наздикон меҳрубон бошед, онҳо имрӯз шуморо дастгирӣ мекунанд. Шомро кӯшиш кунед дар муҳити ором гузаронед.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз эҳтимол роҳи беҳтари ҳалли мушкилиҳоро пайдо кунед. Ба сухани касе гӯш надиҳед, то дудила нашавед. Ба худ боварӣ дошта бошед. Дар оила оромӣ ҳукмфармо хоҳад буд. Шом барои истироҳат вақт ҷудо кунед, тану рӯҳ аз шумо инро талаб доранд.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз аз шумо диққати ҷиддиро талаб мекунад. Корҳоятон зиёданд, аммо агар вақти худро дуруст тақсим кунед, ҳамааш ба осонӣ анҷом меёбад. Имрӯз фикри дигарон метавонад ба шумо таъсири манфӣ расонад, бинобар ин кӯшиш кунед, ки мустақилона қарор қабул кунед. Дар муҳити оилавӣ шояд баҳси хурд ба миён ояд, вале зуд ҳал мешавад. Рӯз барои хариди зарурӣ муфид аст.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз асабӣ мешавед, аз ин рӯ, кӯшиш намоед ба ҳар чиз диққати зиёд надиҳед. Дар касбу кор имкони хуби нишон додани қобилиятҳо пайдо мешавад. Муносибат бо наздикон беҳтар мешавад, агар хостаҳояшонро гӯш кунед. Шом аз корҳои зиёд канор равед ва истироҳат намоед. Саломатиро низ фаромӯш накунед.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи пурэнержӣ ва фаъол аст. Имрӯз метавонед нақшаҳои деринтизорро оғоз кунед, бахт бо шумо аст. Агар бо шахси муҳиме суҳбат дошта бошед, ба таъхир нагузоред, натиҷа хуб мешавад. Дар хона шояд масъулиятҳои нав ба миён оянд, вале шумо онҳоро осон ҳал мекунед. Вақти хуб барои хариди чизҳои зарурист. Шомро бо наздикон хуш гузаронед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз ба ҷузъиёти хурд аҳамияти зиёд медиҳед ва ин ба фоидаи шумост. Дар касбу кор хатоҳои дигаронро мебинед ва тавоне доред, ки вазъро ислоҳ намоед. Муносибатҳо бо наздикон мустаҳкам мешаванд, агар аз танқид худдорӣ кунед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед: хастагӣ эҳсос мешавад. Шом барои хондан ё тамошои филм вақти хуб аст. Аз баҳсҳои нолозим канорагирӣ кунед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз метавонед дар худ нерӯ ва илҳоми нав эҳсос кунед. Корҳо ба осонӣ пеш мераванд, агар нақшаи равшан дошта бошед. Дар муҳити корӣ сухани шумо қабул мешавад, бинобар ин, фикратонро равшан баён кунед. Аз эҳсосот дур нашавед, самимият ба фоидаи шумост. Шом барои истироҳат мувофиқ аст.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз ба шумо нерӯ ва матонат мебахшад. Агар душворие дошта бошед, барои ҳал кардани мушкилиҳо рӯзи мувофиқ аст. Бо вуҷуди фишор, тамоми корҳо ба манфиати шумо анҷом меёбанд. Дар муҳити оилавӣ аз суханҳои нолозим худдорӣ кунед, зеро нофаҳмӣ ба миён омаданаш мумкин аст. Шомро бо оромӣ гузаронед ва аз стресс дур бошед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз хабарҳои хушро интизор бошед. Шояд ба кор ё зиндагӣ тағйироти мусбат роҳ ёбад. Бо одамони нав шинос шудан фоидаовар аст. Дар оила оромӣ ва фаҳмиш ҳукмфармост. Барои сафар ё хариди муҳим рӯзи хуб аст. Шом вақти хуб барои суҳбатҳои самимии хонаводагӣ ва ба нақша гирифтани рӯзҳои оянда мебошад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Рӯзи пурмасъулият аст, аммо шумо ҳар корро бо оромӣ иҷро карда метавонед. Имрӯз ба қобилиятҳои шумо бештар эътимод мекунанд. Агар масъулияти нав диҳанд, қабул кунед, натиҷа хуб мешавад. Дар муносибатҳои шахсӣ сухани нарм ба фоидаи шумост. Саломатиро низ фаромӯш накунед: хастагӣ эҳсос мешавад. Шом каме роҳ гаштан фоида дорад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз барои тағйироти хурд дар зиндагӣ мусоид аст. Шояд андешаи нави ҷолиб пайдо кунед ва онро амалӣ кардан хоҳед. Дар касбу кор бо одамоне рӯ ба рӯ мешавед, ки ба шумо кумак мерасонанд. Муносибатҳои дӯстона қавитар мешаванд. Дар оила аз баҳс дур бошед, бо як сухани ором ҳама чиз ҳал мешавад. Шомро бо коре, ки дӯст медоред, сипарӣ кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯзи ором ва созанда аст. Корҳо тадриҷан ҳал мешаванд, ҳатто коре, ки дер боз шуморо машғул мекард, анҷом меёбад. Дар муносибатҳои ошиқона беҳтараш бо самимият ва оромона рафтор кунед, наздикон имрӯз ба меҳрубонӣ ниёз доранд. Барои хариди хурд, хусусан асбобу анҷоми хона рӯзи мувофиқ аст.