Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дарк мекунед, ки сарнавиштатон пеш аз ҳама аз худи шумо вобаста аст, на аз дигарон. Ба овози дилатон гӯш диҳед ва бо ҷасорат амал кунед, ситораҳо ба шумо нерӯи зиёд мебахшанд. Агарчанде боз аз камбуди маблағ нигарон бошед, эҳтимол фикри бисёр хубе барои беҳтар кардани вазъи молиявиатон пайдо мешавад. Агар нияти табобат ё муоина дошта бошед, онро бо ҳар кас муҳокима накунед, маслиҳати нодуруст метавонад ба зараратон анҷом ёбад.
Савр (21 апрел-21 май)
Дар ҳаёти шахсӣ тағйироти куллӣ ба амал намеояд, вале муносибат бо наздикон гарм хоҳад буд. Имрӯз беҳтар аст диққататонро ба масъалаҳои оилавӣ ва шахсӣ равона кунед, зеро корҳои дигар метавонанд каме интизор шаванд. Агар даромади пулиро интизор набошед, аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Дар ҷои кор имконият пайдо мекунед, ки ба роҳбарият чанд пешниҳоди ҷолиб диҳед. Ин метавонад ҳам ба рушди ширкат мусоидат кунад ва ҳам барои шумо мукофоти молиявӣ оварад. Ба эҳтиёҷоти худ аҳамият диҳед ва агар чизе бароятон мувофиқ набошад, рад карданро омӯзед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз фазои ошиқона ҳукмфармо мешавад ва метавонад ба шумо лаҳзаҳои гуворо ҳадя кунад. Танҳо кӯшиш кунед асабонӣ нашавед ва бо наздикон дағалона муносибат накунед. Барои рушди муносибатҳо шитоб лозим нест, балки бояд бештар ба сухани ҳамдигар гӯш диҳед. Дар масъалаҳои корӣ ба ҷузъиёти хурд диққати махсус диҳед, зеро маҳз онҳо метавонанд шуморо аз хатогиҳои ҷиддӣ нигоҳ доранд. Агар бо маблағҳои калон сарукор дошта бошед, аз мутахассисон маслиҳат пурсидан беҳтар аст. Камхобӣ метавонад сабаби дарди сар гардад, бинобар ин вақти кофӣ барои истироҳат ҷудо кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар ҳоло танҳо бошед, барои оғоз кардани муносибати нав ё ташкили оила фурсати муносиб нест. Мушкилоти кӯҳна пайваста хотиррасон мешаванд ва метавонанд ба иҷрои корҳои муҳим халал расонанд. Аз ин рӯ, кӯшиш накунед ҳама чизро якбора ҳал кунед, балки тадриҷан пеш равед. Барои оғоз кардани лоиҳаҳои нав ва нишон додани қобилиятҳои касбӣ рӯзи хеле мусоид аст ва меҳнати шумо ҳатман қадр мешавад. Аз қарз додани пул ба дӯстону шиносон худдорӣ кунед, зеро чунин муносибатҳои молиявӣ баъзан боиси нофаҳмӣ ва ранҷиш мегарданд. Агар чанде пеш аз саломатӣ шикоят доштед, имрӯз худро хеле беҳтар эҳсос хоҳед кард.
Асад (23 июл-23 август)
Пеш аз он ки аз шарики зиндагӣ ё дӯстдоштаатон эрод гиред, аввал ба рафтори худ баҳо диҳед. Баҳсу маломат метавонад муносибатҳоро мушкилтар созад, аз ин рӯ барои созиш омода бошед. Дар корҳои касбӣ бахт ҳамроҳатон аст. Сафари хизматӣ ё оғози ҳамкории нав метавонад фоидаи хуб оварад. Аз дӯстону наздикон низ дастгирӣ, туҳфа ё маблағи ғайричашмдошт гирифтанатон мумкин аст. Танҳо аз ҳад зиёд худро хаста насозед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Муносибат бо шахси дӯстдоштаатон рӯз аз рӯз беҳтар мешавад. Нофаҳмиҳо, ранҷишҳо ва беэътимодӣ тадриҷан аз байн мераванд. Бо вуҷуди ин, имрӯз барои қарорҳои саросема, таваккали беҳуда ва васвасаҳои гуногун рӯзи муносиб нест. Эҳтимол бо яке аз аҳли хона ё дӯстатон нофаҳмӣ пеш ояд. Дар ҷои кор бошад, пешниҳоди иштирок дар як лоиҳаи ҷолибро мегиред, ки дар он маҳорату таҷрибаи шумо ба хубӣ намоён мешавад. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, як қарори нодуруст метавонад мушкилоти ғайричашмдошт ба вуҷуд оварад. Имрӯз бештар истироҳат кунед ва худро бо корҳои вазнин машғул насозед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз кӯшиш кунед барои худ такягоҳе пайдо намоед, ки ба шумо қувва ва эътимод бахшад. Ин метавонад кори дӯстдошта ё шахси наздике бошад, ки шуморо хуб дарк мекунад. Аз хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ кунед, зеро ба зудӣ худатон ба маблағ ниёз пайдо мекунед. Ба ҷойи маъракаҳои серодам, вақти худро бо аҳли оила ва фарзандон гузаронед. Барои соҳибкорон имкони бастани шартномаи судманд ё пайдо кардани шарики боэътимод пеш меояд. Агар бемор бошед, аломатҳои беҳбудӣ пайдо мешаванд, вале ҳоло худро аз корҳои вазнин эҳтиёт кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз воқеаҳои марбут ба муҳаббат ва эҳсосоти ошиқона зиёд мешаванд. Бо вуҷуди ин, муносибатҳои шахсӣ метавонад каме ноустувор ва душвор бошанд. Агар аз интихоби худ шубҳа дошта бошед, ҳоло барои тағйири ҷиддӣ ё хулосаи ниҳоӣ шитоб накунед. Дар ҷои кор эҳтимоли сафари хизматӣ ё гирифтани вазифаи нав вуҷуд дорад, ки барои пешрафти касбиатон имкониятҳои хуб фароҳам меорад. Дар масъалаҳои молиявӣ бахтатон баланд аст, вале баъзе мушкилоти ғайричашмдошт низ пеш омада метавонанд. Аз суханони бадхоҳон ғамгин нашавед, кӯшиш кунед оромии рӯҳии худро нигоҳ доред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз ситораҳо шуморо аз хулосаҳои саросема ҳушдор медиҳанд. Пеш аз қабули қарор ҳатман ба андешаи шахси дӯстдоштаатон гӯш диҳед. Нимаи дуюми рӯз аз шиносе хабаре мешунавед, ки ба яке аз аъзои оилаатон марбут хоҳад буд. Бо нерӯи тоза ба кор оғоз кунед, зеро идеяҳои нави шумо аз ҷониби роҳбарият дастгирӣ мешаванд. Имкони даромади ғайричашмдошт низ вуҷуд дорад. Агар ҳунаре дошта бошед, фикр кунед, ки чӣ гуна онро ба манбаи даромади иловагӣ табдил диҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз барои истироҳат ва лаззат бурдан аз зиндагӣ рӯзи муносиб аст. Ситораҳо ба шумо рӯҳияи хуб ва оромии ботинӣ мебахшанд. Мушкилоти хурди рӯзгор зуд ҳал мешаванд. Бо вуҷуди ин, эҳтимол бо одамони нохуш муошират кунед ё бо ҳамкорон нофаҳмии хурде ба вуҷуд ояд. Кӯшиш кунед эҳсосоти худро идора намоед ва ҳама масъалаҳоро бо оромӣ ҳал кунед. Агар вақтҳои охир бисёр харҷ карда бошед, ҳоло барои гирифтани қарз ё ӯҳдадориҳои нави молиявӣ вақти муносиб нест. Ҳангоми варзиш ё корҳои ҷисмонӣ дастҳои худро эҳтиёт кунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Хотираҳои ишқи гузашта метавонанд имрӯз дубора дар зеҳнатон зинда шаванд ва шуморо ба андеша водор намоянд. Ин рӯз барои вохӯрӣ бо дӯстон, суҳбатҳои самимӣ ва фароғат хеле мувофиқ аст. Эҳтимол меҳмонон ба наздатон оянд ё сюрпризи хуше интизоратон бошад. Боварӣ ба худ ба шумо кӯмак мекунад, ки душвориҳоро паси сар намуда, ба натиҷаи дилхоҳ бирасед. Корҳое, ки нерӯи зиёди ҷисмонӣ ё диққатнокии баланд талаб мекунанд, беҳтараш ба рӯзи дигар гузошта шаванд. Агар барои худ маблағ пасандоз карда бошед, имрӯз метавонед чизеро, ки дер боз орзу доштед, бихаред. Аз хӯрокҳои кӯчагӣ ва ҷойҳои ношинос эҳтиёт кунед, эҳтимоли заҳролудшавӣ вуҷуд дорад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз дӯстии дерина метавонад ба муҳаббати ҳақиқӣ табдил ёбад. Мавқеи ситораҳо барои оғоз кардани муносибати ошиқона хеле мусоид аст. Бо вуҷуди ин, аз баҳсу муноқишаҳои беҳуда худдорӣ кунед, ҳатто як сухани носанҷида метавонад боиси ранҷиш ва мушкилоти зиёд гардад. Дар ҷои кор ташаббус ва пешниҳодҳои шумо аз ҷониби роҳбарият хуб пазируфта мешаванд, аммо аз ҳад зиёд фаъолият нишон додан ҳам лозим нест. Дар масъалаҳои молиявӣ танҳо ба фоида фикр накунед, баъзан беғаразона кӯмак кардан низ натиҷаи хуб медиҳад. Имрӯз нерӯ ва тавоноиатон зиёд мешавад ва метавонед корҳои душвореро, ки қаблан ба таъхир гузошта будед, бомуваффақият анҷом диҳед.