goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2026
1553

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз беҳтар аст эҳсосотро идора карда, аз шиносоии нав ва саргузаштҳои ошиқона худдорӣ намоед, зеро онҳо метавонанд ноумедӣ оваранд. Агар баҳс пеш ояд, танҳо бо далелҳои қавӣ сухан гӯед. Рӯзи серташвиш аст, беҳтараш аксари масъулиятҳоро худатон ба дӯш гиред. Дар масъалаҳои молӣ ба таҷрибаи зиндагии худ такя кунед. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ ва амалҳои хавфнок дур бошед, то ба саломатӣ осеб нарасад.

Савр (21 апрел-21 май)

Дар масъалаҳои ишқу муҳаббат имрӯз бахт чандон ба рӯятон намехандад. Ба ҷойи саргарм шудан бо кор ё дӯстон, вақти бештарро бо аҳли оила гузаронед. Дар ҷойи кор вазифаҳои зиёди таъҷилӣ пайдо мешаванд ва аз шумо диққату нерӯи зиёд талаб мекунанд. Ҳангоми харид эҳтиёткор бошед, зеро хароҷоти беҳуда имкон дорад. Сайругашт дар ҳавои тоза ба беҳтар шудани ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳии шумо мусоидат мекунад.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Аз шиносоии тасодуфӣ ё бозгашт ба муносибатҳои кӯҳна худдорӣ кунед, зеро ин кор метавонад мушкилиҳои нав ба вуҷуд орад. Дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмиҳои хурд имкон доранд, вале шумо онҳоро бо осонӣ ҳал мекунед. Дар кор фаъолият ва чолокии шумо боиси пешрафт мегардад. Бо ҳамкорон сабру таҳаммул нишон диҳед. Қарз танҳо дар ҳолати зарурӣ гиред. Имрӯз барои худшиносӣ ва ором кардани рӯҳу равон рӯзи муносиб аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз имкони шиносоӣ бо шахси босавод, эҷодкор ё донишманд вуҷуд дорад. Ба фарзандон ва наздикон таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунед. Рӯз бо корҳои таъҷилӣ оғоз меёбад, вале шумо онҳоро сари вақт анҷом дода метавонед. Фикру нақшаҳои нав метавонанд дар оянда ба беҳтар шудани вазъи молиявии шумо мусоидат кунанд. Сабрро аз даст надиҳед, зеро натиҷаҳо фавран ба даст намеоянд. Барои барқарор кардани нерӯ истироҳат фоида меорад.

Асад (23 июл-22 август)

Муносибати ошиқонае, ки чанде пеш оғоз шудааст, метавонад шуморо ноумед созад, зеро шахсе, ки ба ӯ дил бастаед, аз тасаввуроти шумо фарқ мекунад. Бо хешовандон ё дӯстон нофаҳмиҳои ғайричашмдошт сар заданаш мумкин аст. Кӯшиш кунед бо оромӣ ва хирад мушкилотро ҳал намоед. Дар кор ба шумо вазифаи муҳим месупоранд, аммо тамоми бори масъулиятро танҳо ба дӯш нагиред. Барои нигоҳ доштани саломатӣ бештар ҳаракат кунед ва ба сайругашт бароед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Пас аз рӯзҳои пурташвиш дар дилатон эҳсоси умед ва боварӣ ба оянда бештар мешавад. Муошират бо шахсони ҷинси муқобил натиҷаҳои хуб медиҳад. Имрӯз барои корҳои хона, истироҳат ва фароҳам овардани роҳат дар муҳити зистатон рӯзи муносиб аст. Нимаи аввали рӯз бо роҳбарият нофаҳмиҳои хурд ба вуҷуд омаданаш мумкин. Дар масъалаҳои молӣ эҳтиёткор бошед, зеро баъзе даромадҳо метавонанд дертар аз интизорӣ расанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар дар зиндагии шахсӣ ноумедӣ эҳсос кунед, рӯҳафтода нашавед. Муҳаббати воқеӣ ҳанӯз дар пеш аст. Тағйироте, ки пеш меоянд, ногузиранд ва ҳар қадар зудтар ба онҳо мутобиқ шавед, ҳамон қадар осонтар хоҳад шуд. Дар масъалаҳои молӣ сарфакор бошед ва барои рӯзҳои эҳтимолии душвор маблағ захира кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои нафарони танҳо рӯз бо шиносоиву вохӯриҳои ҷолиб оғоз мешавад. Яке аз ин вохӯриҳо метавонад оғози муносибатҳои нав гардад. Дар оила фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирӣ ҳукмфармо хоҳад буд. Пеш аз он ки ба дархости касе розӣ шавед, хуб андеша кунед, зеро баъдан эҳтимоли пайдо шудани мушкилот вуҷуд дорад. Ба наздикӣ хароҷоти калон пеш меояд, бинобар ин беҳтар аст аз ҳоло маблағро сарфа намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз бештар бо шахсоне бошед, ки ба шумо рӯҳияи хуб мебахшанд ва илҳом медиҳанд. Дар баъзе оилаҳо нофаҳмиҳо байни ҳамсарону ошиқон пайдо шуда метавонанд. Барои дархости зиёд кардани маош вақти муносиб нест. Хароҷоти ғайричашмдошт эҳтимол дорад нақшаҳои молиявии шуморо тағйир диҳанд. Барои расидан ба мақсадҳо худро аз ҳад зиёд хаста насозед. Баъзан истироҳат аз кӯшиши зиёдатӣ фоидаи бештар дорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Мулоқот бо шахси дӯстдошта метавонад ҳамзамон эҳсоси шодӣ ва изтиробро ба вуҷуд оварад. Имрӯз майли танҳо мондан ва дурӣ ҷустан аз ҷамъомадҳои серодам бештар мешавад. Агар дар бораи иваз кардани ҷойи кор фикр дошта бошед, аввал вазъиятро бодиққат омӯзед. Аз қабули қарорҳои саросемавӣ худдорӣ намоед. Ин рӯз барои андешаронӣ, таҳлили зиндагӣ ва барқарор кардани оромии ботинӣ хеле мусоид аст.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз барои оғоз ё идомаи корҳои муҳим рӯзи хуб аст. Агар нияти дигаргун кардани зиндагии худро дошта бошед, ба ҳисси ботинӣ ва ақли солим такя намоед. Ба корҳои хона, таъмир ё хариди ашёи зарурӣ машғул шудан фоида меорад. Дар ҷойи кор тағйироти ҷиддӣ дар назар нест ва вазъият ором боқӣ мемонад. Имкони беҳтар шудани ҳолати молиявӣ вуҷуд дорад. Шахсоне, ки аз фишори хун ранҷ мебаранд, бояд бештар эҳтиёт кунанд.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Дар масъалаҳои ошиқона ба овози дили худ гӯш диҳед, зеро он метавонад шуморо аз қарорҳои нодуруст нигоҳ дорад. Нақшаҳои ояндаро бо шарики зиндагӣ муҳокима кунед, то муносибатҳо боз ҳам мустаҳкамтар шаванд. Имрӯз барои анҷом додани корҳои дерина ва ҷамъбасти лоиҳаҳои нотамом рӯзи мусоид аст. Имкони ноил шудан ба натиҷаҳои хуб зиёд мебошад. Агар ба варзиш машғул шудан хоҳед, имрӯз вақти муносиб аст, вале аз машқҳои аз ҳад вазнин худдорӣ кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД