Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи мусоид барои намоиш додани истеъдод ва амалӣ кардани нақшаҳои дерина аст. Субҳ барои мулоқотҳои ошиқона созгор аст, вале беҳтар аст ба муносибатҳои ҷиддӣ таваҷҷуҳ кунед. Имрӯз фурсатест хуб барои шурӯи таъмир ё навсозии муҳит. Агар дар бораи пешравии касбӣ орзу доред, вақти амал расидааст. Дар масоили молиявӣ эҳтиёткор бошед, саросема қарор қабул накунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз эҳсос мекунед, ки неруятон бештар шудааст, аммо аз ҳад зиёд худро ба кор надиҳед. Замони хубест барои эҷодкорӣ ва мулоқотҳои ошиқона. Дар бораи шод гардондани дӯстдоштаатон фикр кунед, ӯ кайҳо таваҷҷуҳи шуморо интизор аст. Корҳо метавонанд каме дилгир бошанд, пас талош кунед, то рӯҳияи худро нигоҳ доред. Наздиконатонро фаромӯш накунед, онҳо сазовори меҳру ғамхорианд.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз эҳтимол дорад мушкилоти шахсиро ҳал кунед. Аммо фақат баъзе орзуҳои дерина амалӣ мешаванд. Бо хешовандон баҳси мавзуҳои ҷиддиро ба таъхир гузоред, он метавонад ба ихтилоф оварда расонад. Дар кор имконияти нишон додани сифатҳои роҳбарӣ вуҷуд дорад. Мавқеи моддиятон беҳтар мешавад ё ақаллан устувор боқӣ мемонад. Ба реҷаи хоб ва ғизо аҳамият диҳед, витаминҳо ба шумо неруи иловагӣ мебахшанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Нисбати дӯстдоштаатон бадбинӣ карданатон имкон дорад, вале бо сабру таҳаммул онро пешгирӣ кардан мумкин аст. Агар дар оила норозигиҳо бошанд, талош кунед ба ҷанҷол роҳ надиҳед. Ба ақидаи ҳамсар гӯш додан ба шумо оромӣ мебахшад. Шумо имконоти зиёде доред, ки бо бартараф кардани тарсҳои дарунӣ амалӣ хоҳанд шуд. Вақти он расидааст, ки роҳҳои нав ҷӯед, на ин ки ба усулҳои кӯҳна такя кунед. Барои рафъи дарди сутунмуҳра курси маҳс гиред.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи мувофиқ барои беҳтар кардани муносибатҳо ва шиносоии нав аст. Имрӯз бисёр корҳо бе талош ҳам хуб ба анҷом мерасанд. Барои оиладорон гуфтугӯи ҷиддӣ дар назар аст. Шиддатнокии кори шумо метавонад самар диҳад, вале эҳсосоти дарунии шумо на ҳамеша муътадил аст. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед, пул ба зудӣ зарур мешавад. Барои нигоҳ доштани саломатии чашм, аз гимнастикаи махсус ва витамини А истифода баред.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз беҳтар аст назоратро ба дасти ҳамсаратон диҳед, ба ӯ бовар кунед. Шояд саволи ногуворе ба миён ояд, ки бо ҷавоби рӯякӣ метавонед аз баҳс канора гиред. Барои фаҳмондани фикратон ба дигарон аз суханони сода ва равшан истифода баред. Агар мушакҳоятон хасташавиро ҳис кунанд, маҳси хуб сабук месозад. Барои рафъи дарди сар каме сайругашт кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз фикр кунед, ки аз ҳаёт чӣ мехоҳед ва чӣ гуна метавонед муносибатҳои ҳозираро беҳтар созед. Ихтилофҳо эҳтимолан дар ягон шабнишинӣ ва таҳти таъсири нӯшокиҳо ба вуҷуд меоянд. Шиносоии нав метавонад ба дӯстии самимӣ табдил ёбад. Дар нимаи рӯз эҳсоси хастагӣ ва ноҷурӣ шуморо фаро мегирад. Ба худ фурсат диҳед, то танҳо бошед ва неруи худро барқарор созед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ба дили худ гӯш диҳед, агар фаъол набошед, пешравӣ карда наметавонед. Эҳтимол кори фаврие пайдо шавад, ки таъхирнопазир аст. Бо шиносон ва ҳамкорон эҳтиёткорона рафтор кунед, нақшаҳоятонро ифшо накунед. Ҳоло вазъи молиявӣ чандон дурахшон нест, бинобар ин хароҷотатонро бодиққат ба нақша гиред. Рӯзи орому бобарор пешбинӣ шудааст, аз ин ҳолати хуб лаззат баред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Муносибат бо дӯстдошта коҳиш ёфтааст? Якҷо сайругашт, кино ё театр равед. Низоъҳо бо ҳамсар эҳтимол доранд, аз баҳсу мунозира худдорӣ намоед. Дар кор кӯшиш кунед бо идеяҳои ҷолиб баромад кунед, роҳбарият онҳоро хуб мепазирад. Ҳамеша нияти нек кунед. Аз хариди калон худдорӣ кунед ва то охири моҳ қарз надиҳеду нагиред. Андешаҳои бад дар бораи дигарон ба шумо зарари рӯҳӣ мерасонанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар ба наздикӣ аз дӯстдоштаи худ ҷудо шуда бошед, онро ҳамчун таҷриба қабул кунед. Ба зиндагии шахсӣ диқққат диҳед, дигар корҳо интизор мешаванд. Охири ҳафта сарфакор бошед. Роҳбарият метавонад ба шумо таваҷҷуҳ кунад, фаъолона амал кунед. Шояд мушкилоти молиявӣ пеш оянд. Баъзеҳо аз фишорбаландӣ азият мекашанд.
Далв (21 январ-20 феврал)
Хушҳол шавед, нафарони муҷаррад! Дар ин рӯз мулоқоти ошиқона пешгӯӣ мешавад. Дар ҳама кор ба маслиҳати наздикон гӯш диҳед. Мулоқот бо дӯстону наздикон эҳсосоти гуворо мебахшад. Барои амалӣ кардани нақшаҳоятон одамони бештарро ҷалб кунед. Нисбати фишорбаландӣ ва дарди сар беэътиноӣ накунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Баъзан барои ба танзим даровардани фикрҳо аз муҳити серодам дурӣ ҷустан фоиданок аст. Акнун вақти он аст, ки таъмири хурдро оғоз кунед. Барои пешрафт дар кор бояд бо вазифаҳои душвор мубориза баред. Ба ғизои худ диққат диҳед: аз хӯроки равғанӣ ва фастфуд худдорӣ кунед, сатҳи баланди холестерин ба шумо лозим нест.