Шаби суҳбат
Пиру кампир бо иштиҳо субҳона карданду аз пайи зиндагӣ шуданд. Гулбоғ бошад, апаашро, ки дар ҳамсоягияшон мезист, ҷеғ зада, гуфт:
- Шаҳлоҷон, ҳамин хонаю дари маро оина барин тоза намо, сад доллар нӯшат шавад!
Шаҳло, ки аз саховатҳои хоҳараш баҳравар буду шавҳараш низ аз Гулбоғ барои ёрмандияш шод буд, бо ҷону дил розӣ шуда, гуфт:
- Гулбоғ, наход ту гумон дорӣ, ки ман ба ту барои доллар ёрӣ мерасонам? Охир, агар ту волидонамро ба қасрат даъват намекардӣ, ману шавҳарам як умр дар хонаи хушдоманам мемондем. Имрӯз соҳиби хонаи худамон ҳастем. Боз Насимҷон онҳоро таъмир карда дод… (падару модараш хонаю дарашонро ба Шаҳло тақдим карда буданд). Боз шавҳарат ба боҷааш гуфтааст, ки баҳор ба Маскав биёяд, барояш кор меёбад…
Гулбоғ апаашро ба оғӯш гирфта, бехи гӯшаш пичирос зад:
- Эҳ содаяки ман, охир ман намехоҳам ту бепул кор кунӣ, баъд ман дорам, чаро ба ту ёрӣ надиҳам?! Хайр, биё аз пайи кор мешавем…
Андешаҳои ошиқона
Шаҳло баъди дидани ранги саддолара бо тамоми ҳастӣ ба кор часпид ва то соатҳои чори бегоҳ хонаю дарро ба қавле оинабандӣ кард. Аммо Гулбоғ дар осмон сайр дошт ва бо Сарватхоҷаи саховатмандаш СМС-бозӣ мекард… Сарватхоҷа на танҳо дар ишқбозӣ, балки дар суханбозӣ ҳам устухон надоштаасту Гулбоғро розӣ кард, ки ду рӯз пас ба мулоқот биёяд…
Гулбоғ рӯзи дигар дастархони пурнозу неъмат ороста, апаҳояшро зиёфат дод, рӯзи дароз падару модар аз шӯхию бозӣ ва хандаю хурсандии духтару набераҳо баҳра бардоштанд. Пас аз рафтани апаҳояш Шаҳло боз як бори дигар хонаву дари хоҳари саховатмандашро тамиз карду ба хонааш рафт. Бунёдҷону волидонаш, ки аз ҷумбуҷули рӯзона хаста шуда буданд, ба хоб рафтанд, Гулбоғ бошад, банди андешаҳои ошиқонаи худ буд. Ин зани дар макр гум ба фикри худаш аз ҳама он ҷавонони қишлоқ, ки дар вақташ назарашон ӯро намегирифт, қасдашро гирифт. Зеро онҳо Гулбоғро бо мошини қиматбаҳояш дида, як тараф меистоданду бо ишораи сар саломаш низ медоданд, Гулбоғ бошад, бо як ғурури хоса аз назди онҳо мегузашт. Аслан ҳамаи мардуми деҳа ба кору бори худ банд буданду ба Гулбоғу карру фараш корашон набуд, аз Гулбоғ дида сарватмандон дар деҳа буданд, аммо худашонро нишон намедоданд. Ӯ дигар ғами онҳоеро, ки ӯро сиган мегуфтанд, надошт, акнун ғами оғӯши Сарватхоҷа азобаш медод. Мехост зудтар ба дидори марди орзуҳояш расад…
Хушбовар
Насимҷони хушбовар шабу рӯз занг зада, аз ҳамсараш аҳволпурсӣ мекард, “худатро аз ҳиҷ кас кам надон” гуфта, барояш ҳар моҳ маблағи зиёд мефиристод. Дар тамоси навбатӣ ниҳоят пазмон шудани худро гуфту аз Гулбоғ хоҳиш кард, ки зудтар баргардад. Аммо Гулбоғ ба шавҳараш гуфт, ки ту дар соли нав назди мо биё, баъд якҷоя ба Маскав меравем. Насимҷон қабул кард ва бо пазмонӣ гуфт, кам то соли нав ҳам кам боқӣ мондааст. Гулбоғ аз шунидани ин ҳарф каме хиҷил шуд, зеро эҳсос мекард, ки қувваи ҷозибаи оғӯши Сарватхоҷа зӯртар аз ҳама чиз аст…
Пас аз суҳбат бо Насимҷон Гулбоғ роҳ пеш гирифт ба маркази вилоят, ба ҳамон хонае, ки ӯро он ҷо Сарватхоҷа мунтазир буд. Ин «гурги болондида» чизпарастии Гулбоғро фаҳмида буд ва ин дафъа баъди ишқварзиҳои дурудароз ба ӯ боз як комплект ороишоти занонаи сохти аврупоӣ тақдим намуду гуфт, ки инро бо либосҳои аврупоият мепӯшӣ… Гулбоғ бо ноз аз чашмони Сарватхоҷа бӯсида, гуфт:
- Шумо бо ҳама маъшуқаҳоятон чунин меҳрубонед?
- Не,- мад кашида ӯро танг ба оғӯш гирифта, посух дод Сарватхоҷа,- миёни ҳама ту болотар баромадӣ. Ростӣ, ман ду зан ва маъшуқаҳои бешумор доштам, аммо аз рӯзи бо ту вохӯрданам бо каси дигар вонахӯрдаам… Намедонам, ошиқ шудаам чӣ бало?!
- Ҳеҷ бовар надорам, ки мардони маъшуқабоз ғайри худашон каси дигареро дӯст доранд,- худашро ба мард ҷафстар карда гуфт Гулбоғ.
Сарватхоҷа андешаманд гуфт: “Ана, мешудааст…”.
- Намедонам, вақте ту ба Маскав меравӣ, ман чӣ мекунам,- ҷиддӣ афзуд Сарватхоҷа.
Гулбоғ гӯё касе ӯро як шаппотӣ зада бошад, ҳушёртар шуда, гуфт:
- Ман ба Маскав рафтам, тамом, боз омаданамро мунтазир мешавӣ…
Сарватхоҷа пас аз ин гап як бори дигар аз Гулбоғ коми дил бардошта, бехи гӯшаш пичиррос зад:
- Ғам нахӯр, ман зуд-зуд ба Маскав меравам, илоҷашро меёбем…
Гулбоғи сархуш аз айши ҳаром то пойи маъшуқашро бӯса мекорид.
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД