Тори макр (ҚИСМИ 20)
616

Тақсими мерос

Ҳуқуқшиноси сартоси айнакӣ баъди пурсупоси расмӣ ба хондани васиятномаи марҳум оғоз кард, ки чунин буд: “Квартираи дар маркази Маскав будаамро, ки аз се ҳуҷра иборат аст, бо ҷиҳозаш ба Людмила Дмитриевна Антонова, мошини тамғаи «Мерседес», китобхонаи шахсӣ ва мағозаи дар кӯчаи Киров будаи либоси занонаам низ. Бӯстонсароям дар ноҳияи Митишии вилояти Маскав, мошини тамғаи «Тайёта», як «Газел» ва ду миллион рубли русӣ ба дӯстам Насимҷон Наимзода, квартираи якҳуҷрагиям дар кӯчаи Арбати шаҳри Маскав ба духтарам Иванова Светлана Иванована васият мекунам. Хонаи дуошёнаам дар Санкт Петербург ва боқимонда маблағи доштаамро ба хонаи пиронсолони зодгоҳам Санкт-Петербург васият мекунам…”.

Пас аз анҷоми гапи ҳуқуқшинос Света қиёматро қоим карда, фарёд зад:

- Ман шуморо ба суд медиҳам! Ту тоҷики ҳаром, ҳамроҳи ин албастӣ падарамро куштеду амволашро соҳиб шудед!!! Чӣ, аз падари миллионерам ба ман танҳо як хонаи якҳуҷрагӣ мерос монд?!

Чашмони Света аз косахонаи сараш зада баромаданд, аз даҳонаш кафкоба мерехт… Ҳуқуқшинос ӯро ба оромӣ даъват намуда, гуфт:

- Светаҷон, падарат ин васиятномаро дар шоҳидии чор нафар духтури ошнояш навишт. Яке аз духтурон, ки ту ҳам ӯро хуб мешиносӣ, ба вай маслиҳат дод, ки Ваня, ҳоло ту ба сад медароӣ, вале ба духтарат ҷабр накун. Падарат гуфт, ки ӯ даҳ сол боз шаҳр ба шаҳр мегардаду ман нозу нузашро мебардорам, бигузор ба қадри ман расад! Насимҷон ба падари ту писарвор хизмат кард, чизе ки ба ӯ додааст, ҳақи ҳалоли ӯст. Людмила на албастӣ, балки зани дӯстдоштаи падари туст, вақте модари ту вафот кард, ӯ расмӣ оила барпо накард, вале Люда дар ҳама пастию баландӣ бо ӯ буд…

- Ту рӯбоҳи пир бо инҳо забон як кардаӣ!!! Ҳоло мебинем, кӣ ғолиб меояд!!!,- Света ҳуҷраи кории ҳуқуқшиносро ба сараш бардошта, аз дар берун шуд.

Насимҷон бо дили сиёҳу ғамин ба хонааш равон шуд. Ӯ аз соҳиби ин коло шуданаш хурсанд ҳам набуд, зеро дӯсташро аз даст дода буд…

Гулбоғи чизпараст

Насим хастаю лакот аз дар даромад. Гулбоғ ӯро бо шодию нишот пешвоз гирифта, аҳвол пурсид. Насимҷон бо чашмони гирён дар бораи тақсими мерос сухан карду гуфт:

- Барои ман мағоза, мошинҳою бӯстонсаро кифоя аст, ман пулҳоро ба Света медиҳам, аҳволи вай бад мешавад…

- Не, ягон тин ба ягон кас намедиҳӣ, ин ҳақи ҳалоли туст, агар ӯ духтари хуб мебуд, туро туҳмат карда зиндонӣ мекард?! Бигузор кор карда, ба қадри пул расад, мурад вай… Худозада ба мурдаи падараш наомаду…

Пас аз ин воқеа Света хело судбозӣ кард, вале ба мақсад нарасид.

Гулбоғ баъди аз Тоҷикистон омадан худро бад ҳис мекардагӣ шуд, чун ба духтур рафт, ҳомила буданаш муайян гашт. Насим банди суду судбозӣ, хурсандияшро низ аз он ки дубора падар мешавад, баён карда наметавонист. Рӯзҳо пайи ҳам мегузаштанд, Насим ҳама корҳояшро тахт карда, аз пайи кори худ шуд, дар мағозааш чор фурӯшанда дошт, ки занҳои миёнсоли рус буданд, ҳамонҳое, ки Иван Иванович ба кор қабул карда буд. Борро худаш аз онҳое мегирифт, ки дар вақташ Иван Ивановичро бо бор таъмин мекарданд. Мошинҳои боркашашро низ барои ҳамин истифода мебурд. Мошини “Тайота”-ро ба Гулбоғ туҳфа кард. Акнун хонум ба духтуру мағозаҳо бо мошини шахсияш мерафт. Бо фарорасии рӯзҳои офтобии баҳор, ки дар Россия моҳҳои апрелу май фаро мерасанд, онҳо ба бӯстонсарои меросӣ рафтанд. Гулбоғ, ки моҳи шашуми ҳомилагиро пушти сар мекарду намедонист тифли батнаш аз шавҳараш аст ё аз ошиқаш, аз Насим хоҳиш кард, бӯстонсароро бубинад…

Бӯстонсаро не, қаср…

Зану шавҳар маслиҳат карда, бо мошини Насимҷон ба дидани бинои меросияшон рафтанд. Насим чандин сол бо Иван Иванович кор карда бошад ҳам, соҳиби ин гуна бӯстонсаро буданашро намедонист. Ҷавонмард гумон дошт, ки шояд бӯстонсаро як хонаи одии заминӣ бошад, вале чун ба назди дарвозаи он расиданд, даҳонашон во монд… Насимҷон гумон кард, ки онҳо хато кардаанд, вале чун пултро ба кор бурду дарвозаи баланди оҳанин чун дар афсонаҳо кушода шуд, боварияш комил гашт, ки ин бӯстонсаро моли ӯст… Саҳни бӯстонсаро дарахтони зиёде дошт, ки нав ба гул кардан оғоз карда буданд, вале бенигоҳубин… Маълум буд, ки то аз дунё рафтани соҳибхона касе ин ҷоро нигоҳубин мекардааст, зеро дар хоначаи пастаки назди дарвоза либосу белу каланд меистод. Бӯстонсаро аз ду ошёна ва даҳ дар хона иборат буд. Дар ҳар ошёна ташнобу ҳоҷатхона сохта шуда, ошхонаи зебои муҷаҳҳазаш бошад, дар поён ҷойгир буд. Дар саҳни ҳавлӣ бошад, чанд ҷо шипангҳои зебои мунаққаш барои дамгирию суҳбат сохта шуда буданд. Ҳамагӣ чанд қадам поёнтар аз боғ дарёчаи ороме мегузашт. Аз тарафи боғча ба лаби дарёча зинаҳои мармарӣ сохта шуда, он ҷо манқали кабобпазӣ ва шипанги зебое низ буд…

Дили Насимҷон барои Иван Иванович сӯхт, ӯ лаби дарёча даме ба хаёл фурӯ рафт…

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД