Сояи ваҳм
Маша ранги канда ва андоми ларзони Гулбоғро дида, бо ҳайрат аз дасташ гирифта, ӯро ба хона даровард. Гулбоғ бо ишораи даст ба Маша фаҳмонд, ки танҳо будан мехоҳад. Маша аз дар берун шуд…
Гулбоғ аз телефони Маша ба Насимҷон телефон карда, гуфт:
- Мардакҷон, ҳамёнамро бо телефонам дуздиданд, ман метарсам…
Насимҷон аз он тараф Гулбоғро тасалло дод:
- Натарс азизам, бало ба паси ҳамон телефон, фақат ба компанияи мобилӣ занг мезанам, ки симкортҳоятро «блокироват» кунанд…
Гулбоғ мегирист, худашро нафрин мехонд, ки фаҳмидаю нафаҳмида бо ҷинояткоре додугирифт кардаасту Худо нишон надиҳад, агар телефону зангҳои телефонии ӯро санҷанду то ба ӯ бароянд…
Насимҷон ба Маша занг зад гуфт, ки Губоғ дар ҳолати ноҷур қарор дораду аз вай бохабар шаванд. Ин хонуми таҷрибаи зиндагӣ дошта Дилшодҷонро поён фароварда, ба дасти шавҳараш доду ба хоначаи худаш даромада, аз алафҳои гуногуни табобатияш, ки ҳар сол аз кампираке аз деҳот рафта меовард, чойи таскинбахше омода карда, ба назди Гулбоғ даромад.
Гулбоғ бо ҳарос ба Маша нигариста гирист, бо алам гиристу гуфт:
- Машаҷон, имрӯз ҷинояткорон телефону пулҳоямро дуздиданд, метарсам, ки аз паям наоянд.
Гулбоғро ваҳм зер карда буд, ӯ дурӯғ мегуфту мегирист, то каме ором шавад. Маша Гулбоғро маҷбур кард, ки чойи омоданамудаашро нӯшад ва худаш бо ангуштони нарму сафедаш гардан ва сару чаккаҳои Гулбоғи ваҳмрасидаро зер кард. Хонум ором шуду хобаш бурд…
Маша поён фаромада, аз воқеаи рӯйдода ба шавҳараш гап заду аз ҳота ҳар гуна алафҳои фоидабахшро ҷамъ намуда, гуфт, ки барои Гулбоғ шӯрбои фоидаовари алафин мепазад…
Тавбаи пинҳонии Гулбоғ
Гулбоғ бедор шуд, ки шом фаро расида буд. Машаи меҳрубон кӯдаконро сер карда ба хонаи хобашон дароварду шӯрбои алафини хушмаззаи таёр намудаашро бо ду пора нону самбӯсаи алафин ва каме ширинию чой ба назди Гулбоғ даровард. Гулбоғ бо иштиҳо шӯрборо бо як самбӯса нӯши ҷон карду “баъдтар чой менӯшам” гӯён аз Маша пурсид:
- Насимҷон наомадааст?
Сухани Гулбоғ дар даҳонаш, кушода шудани дарвоза садо дод. Аз ин садо ранги Гулбоғ канд ва ин ҳама аз назари Маша пинҳон намонд.
Насимҷон баъди суҳбати кӯтоҳ бо шавҳари Маша ба хона даромада, аз Гулбоғ аҳвол пурсид. Аҳволи Гулбоғ якбора бад шуду ӯ бо гиря гуфт:
- Дар беморхона, дар рӯзи равшан телефонамро дуздиданд, пулҳоямро низ, ман нафаҳмидам…
Насимҷон аҳволи занашро дида, ӯро ба оғӯш гирифта, ором кард:
- Занакҷон, садқаи сарат, мана ба ту пул, чизе мехоҳӣ, хар.
Ӯ болои сандаличаи назди кати хоб як қабза доллар монд.
- Ана ин телефон бо симкортҳои компанияҳои дӯстдоштаат…
Насимҷон телефони сурхи қиматбаҳоеро паҳлуи пулҳо монда, гуфт:
- Ту осуда бихоб, ман ғизои шомро хӯрда, наздат меоям…
- Ман нав аз хоб хестам, оббозӣ мекунам, ту ғизо хӯрда биё,- илтиҷоомез гуфт хонум…
Гулбоғ то ҳаммом кардану ғизои шом хӯрдани шавҳар, дар ҳаммоми шафати хонаи хоб дурудароз бо маводҳои хушбӯй сару танашро шуста, дар бистар интизори Насим нишаст ва дар дил тавба кард, ки ҳаргиз ба шавҳараш хиёнат нахоҳад кард…
Шаби асал
Насимҷон сари мизи хӯрокхӯрӣ бо Маша каме суҳбат карду хост Дилшодҷонро ба хонаи хоби худашон дарорад, вале ин зани меҳрубон гуфт:
- Писарам, аҳволи бону он қадар хуб нест. Бори аввал ба ин гуна воқеа вохӯрда, сахт тарсидааст, аз ин рӯ Дилшодҷон имшаб бо мо мемонад. Ӯ бачаи орому серхобак аст. Шаб як бор бедор шуда ғизо мехӯраду зери пояшро хушк мекунам, тамом, ин барои ман душвор нест…
Насимҷон ба Маша ташаккур гуфту ба дасташ ду саддоларӣ дода, гуфт:
- Барои худатон ягон чиз харед…
Маша аз ин илтифоти хӯҷаинаш каме дасту по хӯрда, гуфт:
- Шумо маро дар хиҷолат мемонед…
Насимҷон ба хонаи хоб даромаду Гулбоғ чун гурги гушна ба вай часпид. Бону дарду алами ошиқи ҳоло дар кадом мурдахонаи Маскав бесоҳиб хобидаашро аз шавҳараш гирифта, ӯро чунон меҳрубонӣ мекард, ки Насимҷон садбора мафтуни ӯ мегашт. Ӯ аз ишқварзӣ хаста намешуд, такрор ба такрор ҳамсарашро водор мекард, ки бо ӯ омезад, аз бӯса шодобаш намояд, навозишаш кунад… Танҳо қарибиҳои субҳ хоби ҳарду бурд. Насимҷон қарибиҳои нисфирӯзӣ ба кор рафт. Ӯ баъди бедор шуданаш дар финҷоне қаҳваи хушбӯй ва ду кулчақанд гирифта ба назди занаш даромада, ӯро бӯсиду гуфт:
- Ман розӣ ҳастам, ки даҳ бори дигар телефону ҳамёнатро бидузданд, бамаззачаи ман…
Гулбоғ ноз карда, аз кунҷи лабони ҳамсараш бӯсида, пичиррос зад:
- Нияти бад накун…
Насим ба кор рафту Гулбоғ боз ба фикр фурӯ рафт…
Шабаҳи гуноҳ
Гулбоғ боз телевизорро монда, ахборро мунтазир шуд. Ин дафъа дар бораи ошиқаш кӯтоҳакак хабар дода, гуфтанд, ки ҷасадаш баъди ташхиси судӣ ба ватанаш фиристода мешавад.
Гулбоғ чеҳари Сарватхоҷаро пеши назар оварда, гӯё бо ӯ гап мезад:
- Худоё, наход ҳама сарвату давлати ту аз пули ҳаром буданд? Як ҷавонмарди зебо, худатро ҳайф кардӣ, акнун дар ким-кадом мурдахона сарду беёд хобӣ…
Гулбоғ бисёр мехост машғулияти наве ёфта, ваҳму тарсашро фаромӯш кунад, аммо намедонист чӣ гуна?
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД