Торт бо кефир
11.01.2026
Oila.tj
50

Маҳсулоти лозима:

1 истакон кефир, 1 истакон орди навъи аъло, 1 истакон шакар, 1 дона тухм, намак, 1 қошуқча сода.

Тарзи таҳия:

Сараввал тафдонро бо ҳарорати 180 дараҷа тафсонед, зеро хамири бисквит зуд омода мешавад. Дар зарфи хушку чуқуре як истакон шакар рехта, ба он як дона тухми калонро шиканеду муддати 5 дақиқа то кафк карданаш лат занед. Кефири равғаннокияш 3,5%-ро гирифта, ба хамир илова кунеду лат занед. Ордро илова карда, дар охир каме намаку содаро андозед ва ба тобаи тортпазӣ рехта, муддати 25-30 дақиқа пазед. Бо истифода аз чӯбча пухтани бисквитро муайян намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД