35 years of independency
Торти 800-килоӣ дар Душанбе
10.09.2026
Oila.tj
171

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Душанбе иқдоми ҷолиби идона ташкил карда шуд. Ширкати «Шириниҳои Марям» барои сокинон ва меҳмонони пойтахт торти бузурги хайриявӣ омода карда, ба таври ройгон тақдим намуд.

Ин торти идона 8 метр дарозӣ ва тақрибан 800 килограмм вазн дошта, яке аз шириниҳои бузурге гардид, ки ба муносибати ҷашни Истиқлол омода шудааст. Торти азим миёни сокинону меҳмонони Душанбе таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб карда, фазои идонаи пойтахтро боз ҳам рангинтар намуд.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳам бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон торти азим омода карданд, ки вазни он 300 кило мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД