Arzon march 2024
Торти сафед
04.05.2025
Oila.tj
240

Маҳсулоти лозима:

2 истакон қаймоқ (сметана), 3 истакон орд, 3/4 истакон шакар (1/2 истакон шакар барои малҳам), 1/4 қошуқча сода, 1/4 қошуқча намак, ванилин.

Тарзи таҳия:

Тафдонро то ҳарорати 240 дараҷа тасфонида, ба лаълии он равған молед. Қаймоқу шакар ва намакро лат зада, бо иловаи орду сода хамир омода кунед. Хамирро ба 4 қисми баробар тақсим карда, ҳар қисмашро тунук кунед ва дар лаълии тафдон 15 дақиқа пазед. Барои малҳам қаймоқу шакару ванилинро лат зада, ба қабатҳои пухтаи торт молед ва онро ба хости дили худ оро диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД