new banner new years
Торти «Сангпушт»
4325

 

Маҳсулоти лозима:

Тухм  — 6 дона,

Шакар  — 1,5 стакон,

Какао  — 2 қошуқ,

Сода  — 1 қошуқча,

Орд  — 2,5-3 стакон,

Сметана  — 400 грамм,

Равғани маска  — 100 грамм,

Ширқиёми пухта (сгущенка вареная)  — 200 грамм,

Шоколад (глазури шоколадӣ)  — 100 грамм.

 

Тарзи таҳия:

Тамоми маҳсулоти даркориро омода созед.

Тухмро бо шакар мисли хамири бисквит лат занед, то кафки зиёд кунад. Барои ин амал 8-10 дақиқа сарф мегардад. Тухми латзада тайёр шуд.

Ба хамир сода ва моддаи ковоккунанда илова карда, аралаш созед.

Какао ва аввал 1 стакон ордро илова карда, бо миксер лат занед.

Баъдан орди боқимондаро илова карда, боз бо миксер лат заданро давом диҳед.

Ба лаълии тафдон пешакӣ коғаз тунук карда, баъдан хамирро бо қошуқ кам-кам рехта, дар тафдони ҳарораташ 200 дараҷа 10 дақиқа пазед.

Дар ин вақт малҳамро тайёр кунед. Сметана, ширқиём ва равғани маскаро лат занед.

Малҳамро дар суръати баланди миксер лат зада, ба шакли яклухт дароред. Крем тайёр шуд.

Кулчаҳои пухтаи тортро аз тафдон гирифта, хунук кунонед. 5 донаашро як тараф гузошта, боқимондаашро ба малҳам тар карда, дар болои табақ ба шакли теппача оро диҳед.

Аз 5 кулчаи боқимонда барои торти «Сангпушт» калла, панҷа, дум созед. Бо шоколад ё глазур чашм ва даҳон кашед.

Боқимондаи малҳамро ба рӯйи торт рехта, бо шоколад оро диҳед. Торт бояд муддати 2-4 соат дар яхдон истад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД