Фаромадани тумани сахт боиси қатъи муваққатии парвозҳо дар фурудгоҳи Душанбе шудааст.
Бино ба маълумоти онлайн-таблои фурудгоҳ, субҳи 6-уми январ шаш парвоз аз Русия ва Ӯзбекистон ба таъхир афтода, як парвоз аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав бекор шудааст.
Маълум нест, ки парвозҳои ба таъхир афтода кай барқарор мешаванд.
Пеш аз ин, рӯзи 24-уми декабр ҳам дар пайи фаромадани туман парвозҳо ба фурудгоҳи Душанбе барои чанд соат қатъ шуда буд.