sebiston july new
Турсунзода: Пошхӯрии оилаҳо пешгирӣ шуд
331

Тиқи омори расмӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода 162 оила пош хӯрдааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 140 адад кам мебошад. Умедахон Афғонзода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Турсунзода, ин нуқтаро имрӯз дар ҷаласаи шашмоҳа қайд кард.

Зикр шуд, ки соли 2022 беш аз 300 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки дар натиҷаи ин 170 кӯдак зиндаятим шуданд.

 

Тавре ки хонум Умеда илова кард, дар ин давра ба комиссия 31 оила бо баҳси оилавӣ муроҷиат намуда, 17 оила аз парокандашавӣ пешгирӣ карда шуд. Ҳамзамон, 1241 оила ба қайд гирифта шудааст.

Пошхӯрии оилаҳо аз ҷумлаи мушкилии асосӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола даҳҳо оила бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла дахолати яке аз пайвандони шавҳар, дар натиҷаи зӯроварӣ ва дигар омилҳо рух медиҳад ва кӯдакон зиндаятим мемонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД