formula
Ҳукумати Шветсия сӯзонидани "Қуръон" дар кишварашро маҳкум кард
604

Созмони ҳамкории исломӣ 2 июл дар қароргоҳи худ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷаласаи изтирории худро баргузор кард, то чораҳои марбут ба ҳодисаи сӯхтани Қуръон”-и каримро, ки дар рӯзи аввали иди Қурбон дар Шветсия рух дод, баррасӣ кунад.

Қаблан, котиботи СҲИ рӯзи 29 июн бо нашри як баёния сӯзондани нусхаи “Қуръон”ро дар назди масҷиди марказии Стокҳолм, пойтахти Шветсия, шадидан маҳкум кард.

Дабири кулли Созмон аз номи кишварҳои узв ба ҳукумати Шветсия нома ирсол карда, масъалаи фиристодани як ҳайат ба Шветсия ва Комиссияи Иттиҳоди Аврупоро барои санҷиши далелҳо ва маҳкум кардани ҳодисаи сӯзонидани нусхаи китоби муқаддас баррасӣ намудааст. Баъди ҷаласа котиботи Созмон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ сафири Шветсия дар Подшоҳииро даъват карда, ба ӯ нотаи эътирозӣ ва қарори Котиботи СҲИ-ро додааст.

Баъди ин, давлати Шветсия сӯзондани нусхаи “Қуръон”-ро аз ҷониби як сокинаш дар назди Масҷиди марказии Стокҳолм маҳкум карда, ин ҳодисаро “амали зиддиисломӣ” хондааст. Вазорати хориҷаи Шветсия дар баёнияе гуфтааст, ки ҳукумати Шветсия комилан дарк мекунад, ки амалҳои зиддиисломии афроди алоҳида дар Шветсия метавонад барои мусалмонон таҳқиромез бошад. Мо ин кирдорҳоеро, ки ба ҳеҷ ваҷҳ нуқтаи назари ҳукумати Швецияро инъикос намекунанд, қатъиян маҳкум мекунем».

Лигаи ҷаҳонии мусалмонон низ аз тасмими Созмони ҳамкории исломӣ ва кишварҳои алоҳида изҳори хушнудӣ карда, ба ҳукумати Шветсия эътироз баён кард.

ИНЧУНИН, ХОНЕД:

ҚУРЪОНРО ТАКЯЗАДА ХОНДАН ҶОИЗ АСТ?

Ин вокунишҳо як рӯз пас аз он роҳандозӣ шуданд, ки Салвон Момикаи 37-сола, шаҳрванди Ироқ, ки дар Шветсия зиндагӣ мекунад, рӯзи ид дар назди калонтарин масҷиди Стокҳолм як нусхаи китоби “Қуръон”-и каримро зери по кард ва чанд сафҳаи онро оташ зад.

Ба гузориши хабаргузориҳо, полиси Шветсия қаблан бо далоили амниятӣ ба ин шахс барои гузаронидани намоиши эътирозиаш иҷозат надода буд, аммо як прокуратураи кишвар ин қарорро манъ карда, иҷозат дод, то сокини кишварашон нусхаи ин китоби муқаддасро сӯзонад. Айни ҳол, ин амалҳо санҷида шуда истодаанд.

Бояд гуфт, ки сӯзондани нусхаиҚуръон” вокунишҳои тунди баъзе аз кишварҳои исломиро ба бор овард. Мақомоти Туркия ин амалро маҳкум карданд.

Туркия сӯзондани китоби муқаддаси мусулмононро дар Шветсия “нафратангез” хонд ва маҳкум кард. Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз ҳодисаи моҳи январи имсол дар Стокҳолм ёд овард, ки он замон низ нусхае аз Қуръонро сӯзонданд. Танҳо Туркия нест, ки ба сӯзондани Қуръон дар Шветсия эътироз кард. Шуморе аз ироқиҳо ба сафорати Шветсия дар Бағдод ҳамла карданд. Арабистони Саудӣ, Эрон, Миср, Имороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Баҳрайн, Марокаш, Сурия, Покистон ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ сӯзондани "Қуръон"-ро беҳурматӣ номиданду маҳкум намуданд.

Абдураҳмон Ваҳҳобзода, муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суҳбат бо “Oila” гуфт, айни ҳол сухангӯи ин ниҳод дар Арабистони Саудӣ аст ва дар мавриди иштироки Тоҷикистон дар ин ҷаласаи изтирориву вокуниши кишвари мо ба ин амал ӯ иттилоъ дорад. Талоши тамосҳои мо бо раиси Кумита ва сухангӯи он, ҳамзамон, муфтии кишвар бенатиҷа буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД