formula
Умут Аҷар: Дастгирии Тоҷикистонро дар вақти зилзила ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард
321

Имрӯз 6-уми феврал аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид. Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт, як ҳафта пас аз шурӯъ ба вазифааш, санаи 6-уми феврали соли 2023, ду заминларзаи бошиддат бо дараҷаҳои 7,8 ва 7,5 бо фосилаи 9 соат ноҳияҳои Пазарҷик ва Элбистани шаҳри Каҳраманмараши Туркияро такон дод.

Ин заминларзаҳо дар масоҳати 120 ҳазор километр ба 11 шаҳр, 124 ноҳия, 6 ҳазору 929 қишлоқу маҳалла осеб расониданд. Дар натиҷаи он 53 ҳазору 537 нафар ҷон бохта, 107 ҳазору 213 нафар захмдор гардиданд. Дар натиҷаи заминларза 14 миллион нафар осеб дид. Инчунин, 38 ҳазору 901 бино фурӯ рафт. Дар 26 ҳазор бино, ки сокин буданашон муайян гардида буд, корҳои наҷотдиҳӣ ва ҷустуҷӯйӣ анҷом дода шуд.

“Пас аз офат Туркия гирди ҳам омад. Давлату миллат дар ҳамроҳиву ҳамдилӣ ҳаракат намуд. Сараввал хаймаҳо насб шуданд. Ба минтақа 1 миллион хайма фиристода шуд. Дар майдони 350 шаҳраки хаймавӣ 645 ҳазор хайма насб карда шуд ва тақрибан 2,5 миллион офатзада бо сарпаноҳи муваққатӣ таъмин карда шуд. Дар ҳоле ки ҳамаи ин корҳо анҷом меёфт, 3 миллиону 549 ҳазор нафар офатзада, ки мехостанд ба пеши наздиконашон бираванд, тахлия карда шуданд. Дар ин давра, ширкати ҳавопаймоии туркии “Turkish Airlines” бо 13 ҳазору 549 сафар зиёда аз 2 миллион мусофирро интиқол дода, таърихи фаромӯшнашавандаеро навишт. Ширкат 712 парвози боркашӣ анҷом дода, 32 ҳазор 770 тонна кӯмаки башардӯстонаро ба минтақаи заминларза интиқол дод”, - гуфт сафир.

Ба навиштаи Умут Аҷар, муассисаҳои давлатӣ, тамоми идораҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳо, аз синни 7 то 70, ҳар кас даст ба даст гирифта, об, ғизо, доруворӣ, сару либос, ашёҳои гигиенӣ, яъне тамоми чизҳои барои зиндагӣ заруриро дар қуттиҳо ҷойгир намуда, ба мошинҳои боркаш бор карданд. Дар чаҳорчӯбаи хидматрасонии ғизоӣ, дар минтақа ҳаррӯза ба ҳисоби миёна 4 миллион нафар бо ғизо таъмин гардид. Ҳудуди 20 миллион бастаи озуқаворӣ тақсим карда шуда, тақрибан 150 ҳазор мошини боркаш бо кӯмакҳои башардӯстона ба минтақа интиқол дода шуд. Туркия фалокати асрро ба ҳамраъйии аср табдил дод.

Дар амалиёти вокуниш дар минтақаи зилзила дар маҷмӯъ 650 ҳазор нафар, аз ҷумла 11 ҳазору 488 нафар намояндагони байналмилалӣ, 35 ҳазору 250 нафар кормандони ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ва 142 ҳазор корманди амниятӣ кор карданд. Дар ин корҳо 20 ҳазор воситаи нақлиёт ва техникаи корӣ, 141 чархбол, 182 ҳавопаймо ва 23 киштӣ сафарбар карда шуд. Аз зери харобаҳо ҷонҳо наҷот дода шуда, муъҷизаҳо эҷод гардиданд.

“Ҳар як дастаи ҷустуҷӯйӣ-наҷотдиҳӣ аслан достоне навишт. Байни дастаҳои наҷотдиҳӣ-ҷустуҷӯйӣ аз 93 кишвари ҷаҳон, дастаи Тоҷикистон низ қарор дошт. Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ ба хориҷи кишвар дастаи наҷотдиҳӣ-ҷустуҷӯйиро фиристод ва дар чунин рӯзҳои душвор дастгири мо гардид. Онҳо фидокорона корҳоро анҷом доданд ва аз зери харобаҳо ҷонҳоро наҷот доданд. Бо ин роҳ, қаҳрамонони Тоҷикистон, ҳамзамон қаҳрамонони Туркия гардиданд. Туркия ин дарди бузурги басаромадаро дар якҷоягӣ ба дӯш гирифт. Захмҳоямонро дар ҳамроҳӣ шифо додем. Чунки танҳо дар якҷоягиву ҳамдилӣ метавон чунин рӯзҳои душворро паси сар намуд”, - гуфт ҷаноби сафир.

Ба иттилои Умут Аҷар, дар 2 миллиону 302 ҳазор бино ва 6 миллиону 227 ҳазор минтақаи мустақил ҳисорот ба қайд гирифта шуда, дар давоми 68 рӯз хаборабаҳои 60 ҳазору 421 биноҳои фурӯрехта ва биноҳое, ки бояд таъҷилан тахриб мегардид, тамоман бардошта шуданд. Аз 200 ҳазору 401 биное, ки ҳисороти ҷиддӣ диданд, 166 ҳазору 602 адади он аз харобаҳо тоза карда шуданд. Айни ҳол, 91 фоизи корҳои тозакунии харобаҳо ба охир расидааст. Қисми боқимондаи раванди тозакунии харобаҳо босуръат идома дорад. Дар умум, барои 441 ҳазору 567 ҳуқуқи моликият, аз ҷумла барои 389 ҳазор хона, 40 ҳазору 658 ҷойи кор ва 11 ҳазору 531 оғилхона муайян карда шуд. Бо суръати дар дунё беназир, то охири сол 200 ҳазор хонаи истиқоматӣ сохта шуда, ба соҳибонашон тақдим мегарданд.

Умут Аҷар ба давлат ва мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон, ки аз аввалин лаҳзаҳои заминларзаи 6-уми феврал дастгирии хешро дареғ надоштанд, ҳамчунин ба Қумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назжи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, гуфт, бо фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти роҳбарии Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин тоннаҳои зиёди кӯмаки башардӯстона ба Туркия ирсол гардид. Дар ин раванд, ширкати “Сомон Эйр” низ ҳамроҳи ширкати “Turkish Airlines” ба таври ройгон кӯмаки башардӯстонаро интиқол дод.

“Шумораи зиёди бародару хоҳарони тоҷикамон ба Сафорат омада, дар ҷаҳорчӯбаи имконоти худ кӯмак расониданд. Касоне, ки имкони расонидани кӯмакро надоштанд, омада дар назди дарвозаҳои мо дуо карданд. Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар расонидани паёмҳои таъҷилиамон ба мардум дастгири мо буд. Ин андӯҳи аз сар гузаронидаамонро ҳамеша дар хотир хоҳем дошт. Ҳамчунин дастгирии зоҳирнамудаи Тоҷикистонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард”, - навишт сафир.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД