Commerc banl
Қурбони Собир дар бораи филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” чӣ мегӯяд?
28.02.2026
Oila.tj
53

Банаворгирии филми бадеии муштараки Агентии киномотографияи Ӯзбекистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» «Ҷомӣ ва Навоӣ» аз силсилаи «Дурахши ахтарон», ки бо қарори сарони ду ҷумҳурӣ - Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада буд, ба анҷом расид. Қарори роҳбарон соли 2021 имзо шуда, филмноманависӣ ва дигар корҳои эҷодиву техникии он то нимаи соли гузашта давом карда, моҳи августи ҳамон сол банаворгирӣ оғоз ёфт. Охири ҳафтаи гузашта дар эҷодхонаи Агентии киномотографияи Ӯзбекистон дар «Ӯзбекфилм» охирон порчаҳои филм ба навор гирифта шуд ва хабарнигори рӯзномаи “Овози тоҷик” Тоҷибой Икромов бо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, офарандаи нақши Мавлоно Ҷомӣ Қурбон Собир ҳамон рӯз суҳбате анҷом дод, ки онро манзури шумо мегардонем.

- Устод, иҷрои нақши ҳамчунин бузургвори адабиёт ва ҳунарамон мисли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ қаблан низ дар кино ё театр насибатон гардида буд?

- Барои посух ба ин пурсиш каме бояд сайри «таърихӣ» намоям. Вақте дар театри драмаи ба номи Лоҳутии Душанбе нақши Ҳакими Тӯс – Фирдавсии бузургворро тавсия карданд, ба дунёи пурталотуму пуртуғёни Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-аш ғӯтавар шудам. Маро ҳанӯз устоди зиндаёдам Фаррухи Қосим ба хондани «Шоҳнома» ҳидоят намуда буд, агарчи то он замон шарҳи насрии «Шоҳнома»-и устод Улуғзода ва романи «Фирдавсӣ»-и ӯро хонда будам. Ва ҳарчи ба умқи ин шоҳасар ворид мешудам, ба стресс меафтодам, ки қаҳрамонони асар чӣ гуна хуношому даҳшатангезанд. Фаразан, хун ошомидану бар рӯяш хун кашидани Гударз...

Аз ин ҳавлангезиҳо ба устодам Фаррух Қосим «шикоят» бурдам, ки ӯ чаро ин гуна асари даҳшатангезро ба ман тавсия кардааст. Ӯ омирона мегуфт, ки «чанд саҳифа варақ зан, мефаҳмӣ...» Ва ман ба саҳнае расидам, ки сад фарзанди Гударз аз дасти хасм кушта мешаванд. Ба худ тасаввур кардам, ки марде сад фарзанди худро аз даст дода, чӣ гуна сару сомони худро гум накунад!? Ин ҳамон замоне буд, ки ба кӯдакии писарчаам Фаридун мусодиф омадааст. Ва ҳар дафъа писарчаам «падарҷон» гӯён наздам метохт, Гударзи ноком ва фарзандони ғӯрамарги ӯ пеши назарам меомад.

Билохира Ҳаким Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и безавол дар ман чунон таассурот гузошт, ки бардоштҳоямро дар асаре бо номи «Бар боли «Шоҳнома» ба қалам додам. Бояд бигӯям, ки ин нақшро коргардон Султон Усмон ба ман тавсия кард ва намоиш дар Эрон соҳиби ҷоиза ҳам гардид. Худам ду дафъа дар номинаи «Беҳтарин нақши мард» дар ҷашнвораҳои Эрон соҳибҷоиза гардидам.

Ғайр аз ин аз асарҳои драматургони Ғарб чандин нақшро бозидаам, ки ҳамсанги родмардони илму адабу фалсафаи мо мебошанд. Дар асарҳои Шекспир, барои мисол, нақшҳо доштам.

- Шумо аз устод-коргардон Фаррух Қосим ном бурдед. Дар роҳи ҳунаратон ӯ чӣ нақше дошт?

- Метавонам бигӯям, ки ба Фаррух Қосим ҳаққи шогирдӣ дорам. Ҳанӯз аз театри «Аҳорун» устод ба ман роҳнамоӣ кардаанд. Нақшҳои маъруфи Юсуф, Рустам, Исфандиёр, Фаридун, Даҷҷол... маҳз бо роҳнамоии устоди зиндаёд офарида шудаанд. Баъдтар дар барашон чун коргардони дуюм ва ёвар зиёд эҷод кардем. Устод дар ҳаёти театри тоҷик нақши носутурданӣ гузоштанд.

- Оё қабл аз филми «Ҷомӣ ва Навоӣ» бо эҷодкорони Ӯзбекистон ҳамкорӣ доштед?

- Бале, агар дар мобайни мо чандин соли рукуд ба миён намеомад, домани ҳамкориҳо хеле густурдатар мегардид. Бо вуҷуди ин дар чанд филми киносозони кишвари дӯсту ҳамсоя, ба тариқи мисол, нақши Кайхусрав дар филми «Амир Темури бузург» (коргардонон Бақо Содиқов ва Исомат Эргашев), дар филми «Барон»-и Рустам Саъдиев низ бозидаам.

Ҳоло мехоҳам боз ба филми «Ҷомӣ ва Навоӣ» баргардам ва самимона мегӯям, ки бо эҷодкорони филм аз ҷониби Ӯзбекистон дар ин ним соли охир, ки наворгирӣ идома дошт, мисли бародарон ба ҳам қарин гаштем. Чи дар Тошканду чи дар Бухоро дӯстонамон дар ҳавои мо буданд.

- Филм дар чанд маҳал ва мамлакат ба навор гирифта шуд? Чун аз лиҳози ҷуғрофӣ ва сиёсӣ низ даврони Мавлоно Ҷомӣ ва Навоӣ аз имрӯза тафовут дорад.

- Дуруст аст. Аввал қарор буд, ки дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Эрон филмбардорӣ шавад. Ватани ин ду аллома - Ҳирот, ки имрӯз марбути Афғонистон аст, ба далели нооромӣ ва бесарнавиштии сиёсӣ мадди назар набуд. Ва вақте ки наворбардорӣ тобистони соли гузашта оғоз меёфт, фазои кишвари дӯсту ҳамсояи Эрон низ ба гирдоби нооромӣ кашида шуд. Аз ин боис тақрибан ними филм дар Ҳисору Хуҷанд ва нимаи дигараш дар Бухорову Тошканд рӯйи кор омад.

- Аз таърих ва адабиёт медонем, ки Мавлоно Ҷомӣ хеле шахси хоксор будааст. Чун нақши Мавлоно Ҷомӣ ба зиммаи Шумо буд, оё ин хислати ҳамида ва ҳамзамон шаҳомату шахсияти ориф ва мутафаккир ба саратон фишор намеовард?

- Хеле саволи аҷиб. Мо - ҳунармандон ҳар нақшеро, ки мебозам, бояд аз он касбу кор ва ҳирфа чизе дар худ дошта бошем. Фаразан, агар ту дар нақши муштзан – каме аз муштзанӣ, агар нуҷумшинос – каме аз нуҷумшиносӣ нишоне бояд дошта бошӣ. Мавлоно Ҷомӣ ва мани ҳунарманд асло қобили қиёс нестем. Мавлоно яке аз панҷ сутуни адабу фарҳанги мо аст! Ман кистам!? Шогирди Мавлоно Навоӣ аст, шогирди ман кист?!

Ягона ҷанбае, ки ману Мавлоноро бо ҳам меорад - эҷод. Шеър чӣ гуна таваллуд мешавад ва чӣ таҳрик мебахшад, ки шоир шеър гӯяд. Барои ин дард ва олами ботинии маънавӣ зоҳир гардад, ки чизе эҷод шавад. Саҳнае ҳаст, ки зиндагӣ номардона писари Мавлоноро аз байн мебарад ва Мавлоно аз дарди аламу надомат мегӯяд: Рехтӣ хуни дил аз дидаи гирёни падар, Раҳм бар ҷони падар н-омадат ҳеч ҷони падар.

Маҳз ин нуктаҳо ҳаст, ки кори моро содатар мекунад.

- Хулосаи ниҳоӣ ва ё бардошти умумии Шумо аз ин ҳамкорӣ дар заминаи филми «Ҷомӣ ва Навоӣ» чӣ гуна буда метавонад?

- Бояд бигӯям, ки мувофиқае, ки роҳбарони ҷумҳуриҳо дар рӯйи коғаз бо имзо собит мекунанд, маҳз бо чунин ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталифи фарҳангӣ ба воқеият табдил меёбанд. То ин ки наворбардории филми мазкур ба поён расид, мо – ду ҷониб ба як ҳайат табдил ёфтем. Новобаста аз вазифаву синну сол эҳтироми байниҳамдигарии дастандаркорони филм рӯз то рӯз қавитар мегардид. Дар чунин филмҳои дуҷониба ё дукоргардона, ки дар айни ҳол коргардони мо Файзулло Файзов ва аз ҷониби Ӯзбекистон Дилмурод Масаидов буданд, кам воқеъ мешавад, ки ба осонӣ забон ёбанд. Ин ду эҷодкор бо вуҷуди он, ки ҷавонанду боистеъдод, хеле бо эҳтироми ҳам ва муаддабона кор карданд. Ин самимият ва масъулиятшиносӣ умед мебахшад, ки дар оянда асарҳои муштараки хуб офарида шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД