Устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур соли равон ба даст овардҳои зиёде ноил гашта, дар чандин озмунҳо ғолиб омадаанд. Аз ҷумла ду нафар устодони ин донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии “Олими сол” сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд. Дар ин бора имрӯз, 24-уми июл зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳи аграрӣ Маҳмадёрзода Усмон Маъмур маълумот дода гуфт:
“Устоди донишгоҳ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Толиб Набиев дар самти равияи кишоварзӣ ва номзади илмҳои техникӣ, дотсент Бобозода Бахтиёр дар бахши илмҳои техникӣ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Олими сол” гаштанд. “
Қобили зикр аст, ки устодони дигари ин донишгоҳ Шаҳобиддин Раҳматзода дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ва Фазлиддин Тӯразода дар озмуни “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” ҷойи дуюмро ишғол намуда, магистранти ҳамин донишгоҳ Довар Маҳмудов дар озмуни ҷумҳуриявии “Магистранти сол” сазовори ҷойи аввал гаштааст.