Arzon march 2024
Ваъдаи Тоҷикистону Чин ба футболбозони тоҷик
261



Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон 1 феврал хабар дод, ки корхонаи муштараки тиллои Тоҷикистону Хитой “Зарафшон” ба тими миллии футболи Тоҷикистон барои ҳунарнамоии бомуваффақияташ дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар аллакай 2 миллион сомонӣ ҷудо кард.

Ҳамчунин, ваъда додааст, ки дар сурати пирӯзиҳои баъдӣ ва ба даст овардани Ҷоми Осиё барои тими миллӣ дар маҷмӯъ 18 миллион сомонӣ ҷудо мекунад. Чунин ҷоизаи бузург дар таърихи варзиши тоҷик бори аввал ҷудо карда мешавад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар иттилоияш гуфт: “…саноатчиёни ҷумҳурӣ, аз ҷумла корхонаи муштараки «Зарафшон» тасмим гирифтааст, ки дастаи мунтахаби миллӣ оид ба футболро бо мукофотпулиҳои иловагӣ ба андозаи зерин сарфароз намояд:

• барои баромадан ба даври чаҳорякниҳоӣ (1/4) – 2 миллион сомонӣ;

• барои роҳ ёфтан ба даври нимниҳоӣ (1/2) – 3 миллион сомонӣ;

• барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ (финал) – 5 миллион сомонӣ;

• барои соҳиб гардидани Ҷоми Осиё оид ба футбол – 8 миллион сомонӣ”.

Қаблан президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ тими миллиро бо 450 ҳазор доллар қадрдонӣ карда, барои баромадан ба нимфинал боз 200 ҳазор доллар ҷоизаи дигар ваъда додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД