sebiston july new
ВАКСИНА ҒИЗО НЕСТ ВА ОН РӮЗАРО НАМЕШИКАНАД
9135

Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, эмгузаронӣ ба доштани рӯза халал намерасонад.

Бино ба муроҷиатномаи Шӯрои уламои Тоҷикистон, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ ҳар чизе, ки сабаби ислоҳи бадан бошад ва аз роҳи аслӣ, ки иборат аз ҳалқ ва бинӣ аст, вориди меъда шавад, рӯзаро фосид месозад.

"Аммо дар ҳолати пеш омадани зарурат ва бартараф намудани хатар давоҳое, ки ба василаи сӯзандору дар бадан ворид мешаванд, агарчи сабаби ислоҳи бадан ҳастанд, вале чун аз ғайри роҳи аслӣ ба воситаи хун ба бадан дохил шудаанд, рӯзаро намешикананд ва фиқҳи муосир низ ин матлабро таъйид мекунад”, - эълом доштааст Шӯрои уламо.

Қаблан марокизи фатвои кишварҳои исломӣ, назири Арабистони Саудӣ, Миср, Кувайт, Баҳрайн, инчунин кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон - Ӯзбекистону Қазоқистон низ фатво доданд, ки бино ба онҳо, гирифтани ваксинаи зидди Ковид -19 рӯзаро намешиканад, зеро он ғизо ба шумор намеравад ва баданро қувват намебахшад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД