35 years of independency
Вазири фарҳанг ба аёдати Ҳошим Гадо ва Раҷабгул Қосимова рафт
04.11.2026
Оила
35

Вазири фарҳанг собиқадорони театри тоҷикро аёдат кард

Дар арафаи таҷлили Рӯзи театри тоҷик вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён собиқадорони санъати театрӣ, аз ҷумла Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳошим Гадо ва Раҷабгул Қосимоваро аёдат намуд.

Тавре маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар медиҳад, зимни мулоқот саҳми собиқадорон дар рушди санъати театрӣ, тарбияи насли ҷавон ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ қадрдонӣ гардид.

Таъкид шудааст, ки чунин аёдатҳо нишонаи эҳтиром ба заҳматҳои чандинсолаи аҳли ҳунар ва арҷгузорӣ ба саҳми онҳо дар рушди фарҳанги кишвар мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД