Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи сарзаниши як хонандаи хурдсол, ки наворааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд, изҳорот пахш кард.
Тибқи маълумоти ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 13-уми сентябр дар мактаби №72-и ноҳияи Ёвон рух додааст. Дар навор ноболиғи 9-сола Ф. С., хонандаи синфи 3-и ин муассиса ба назар мерасад.
Мувофиқи иттилои вазорат, омӯзгори фанҳои ибтидоӣ Равшаноро Акрамова дар раванди дарси забони русӣ ҳозир шудани Ф. С.-ро ба дарс бе лавозимоти хониш ба навор гирифта, онро "барои бартараф кардани камбудиҳо" ба модари кӯдак фиристодааст.
Ба гуфтаи мақомот, модари хонанда Шаҳноза Нарзуллоеваи 36-сола, ки ҳоло дар Русия қарор дорад, ба ҷойи бартараф кардани камбудиҳои зикршуда наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст.
Вазорат инчунин қайд кард, ки Ф. С. дар тарбияи бибиаш қарор дошта, волидайнаш дар таъмини лавозимоти мактабии ӯ хунукназарӣ намудаанд.
Мақомоти дахлдор нисбати омӯзгор Равшаноро Акрамова иқдомоти фаҳмондадиҳӣ анҷом додаанд.