arzon replenishment
ВОКУНИШ: БОЗДОШТИ ҶИНОЯТКОР БА «ОБЛАВА» РАБТ НАДОРАД!
11207


Санаи 6 апрел дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ навори дастгиркунии як нафар шаҳрванд аз ҷониби кормандони милитсия паҳн гардида, корбарону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ онро ба ҳодисаи ҷалби маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки дар байни ҷомеа ҳамчун «облава» маъруф аст, рабт додаанд.

Зимни санҷиши қазия муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур ба “Облава” робита надошта, лаҳзаи дастгиркунии марди 39 сола, ҷинояткори ҳамчун аъзои ташкилоти террористии «Давлати исломии Ироқу Шом-ДИИШ» расман дар ҷустуҷӯ қарор дошта Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович мебошад. Номбурда истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Россия, деҳаи Яккатут буда, оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст.

Қаблан нисбати боздоштшуда Идибегов И.Ҷ. тибқи талаботи моддаи 205 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ва ӯ аз тафтишоти пешакӣ пинҳон ва бо роҳи фирор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст.
Муайян карда шудааст, ки Имомалӣ Идибеков солҳои 2015-2017 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият намуда, тариқи шабакаҳои интерентӣ пайравӣ ва ҷонибдории худро ба ташкилотҳои террористӣ ба хусус «Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ифода намуда, дар паҳн ва тарғиби ақидаҳои террористӣ, аксу наворҳои даҳшатзо ва матнҳои ифротгароёна даст доштааст. Номбурда танҳо набуда, бо кӯмаки ҳаммаслаконаш Амиров Темур Манзаршоевич ва Сулаймонов Даврон Ҳакимҷонович, ки ҳарду шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон будаанд, дар ҳудуди Федерасияи Россия амалисозии чанд акти террористиро ба нақша гирифта, инчунин барои хазинаи давлати исломӣ маблағҳои муайн ворид кардааст. Аз қасди диверсионии онҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия огоҳ гардида, ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Амиров Темур Манзаршоевич ва Сулаймонов Даврон Ҳакимҷоновичро дастгир кардаанд. Имомалӣ Идибегов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор карда, барои чунин кирдори махсусан хатарноки худ-терроризм аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт ва санаи 6-уми апрели соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.

Ҳамсараш Ғаниева Дилбар, ронандаи таксӣ Забирова Сабоҳат ва Шаҳлои Салоҳиддин, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштани Идибеговро медонистанд, ба раванди фаъолияти кормандони милитсия монеагӣ эҷода намуда, тариқи телефон рафти дастгиркунир ба навор гирифта, дар шабакаҳои интернетӣ ҳамчун сафарбаркунии маҷбурӣ (облава) ба сафи артиш ин наворро паҳн намудаанд.
Гумонбаршуда Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович барои раҳоӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ худро бемор вонамуд карда, бо ин рафтори айёронаи худ диққати роҳгузаронро ҷалб намудааст, то наҷот ёбад.
Дастгир кардани ин ҷинояткори махсусан хавфнок дар асоси маълумотҳои дақиқи оперативӣ ва парвандаи ҷустуҷуии ҷиноятӣ бо моддаи 205 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ва 401 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Шаҳрвандоне, ки дар рафти амалисозии чорабинии дастгиркунии гумонбаршуда Идибегов И.Ҷ., ба кормандони милитсия халал расонидаанд, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД