sebiston july new
Вокуниши нави Прокуратураи генералӣ
559


Пас аз боздошту ба ҳабси пешакӣ гирифтани сарбозозорон, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дода буд, дирӯз нисбат ба сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ, подполковник Лазуриев Нузхат Хиззатович бо дастрасии моддаи 391, қисми 3, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда низ ба ҳабс гирифта шуд.

Баъди оне, ки видеои латукӯби сарбозон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёдеро ба миён овард, Прокуратураи генералӣ хабар дод, ки наворро 15 декабри соли 2022, хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 0215 Кӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумхурии Тоҷикистон сержант Қосимзода Ҷ. А. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамдаъватони худ - қаториҳо Азимов Ф. Б., Камолов А. Ш., Нозимов М. Б. ва Сайфуллоев Ҳ. Ҳ. Сабт кардаанд.

Онҳо қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон намуда, бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров М. С., қаториҳо Чориев Б. Т., Каримзода З. Р., Амиров Н. Ф. ва Мусоев А. Т.-ро мавриди лату кӯб қарор доданд.


24 апрели соли 2023 нисбат ба номбурдагон бо дастрасии моддаи 373, қисми 2, бандҳои "б, в"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо ба ҳабс гирифта шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД