formula
Волидон ва фарзандони Дамирбеки ҷавонмарг чи ҳол доранд?
1374


Моҳи феврал аз марги нобаҳангоми сарояндаи инохтаи эстрадаи тоҷик Дамирбек Олимов дар як садамаи нақлиётӣ як сол сипарӣ гашт. Марги ин сарояндаро ҷомеаи Тоҷикистон ба дард қабул кард, зеро марҳум ҳамагӣ 33-сола буд ва мухлисони санъат аз ӯ умедҳои зиёде доштанд...

Дар яксолагии марги Дамирбек Олимов дар шаҳри Душанбе китоби “Оҳи оҳанг” ба нашр расид. Китоби мазкур аз мақолаву меҳрнома, ёддошту хотира, сӯгнома ва мусоҳибаҳое фароҳам омада, ки ба зиндагӣ ва эҷодиёти Дамирбек Олимов бахшида шудааст. Бо мураттиби ин китоб шоир ва рӯзноманигор Бузургмеҳри Баҳодур ҳамсуҳбат шудем.

-Ҳафтаи равон, дар яксолагии марги Дамирбек Олимов китоби “Оҳи оҳанг” нашр шуд, ки шумо мураттиби он ҳастед. Ин идея аз куҷо пайдо шуд?

- Ғояи офаридани китоб дар бораи сарояндаи маҳбуб, дӯсту бародари ман Дамирбек ҳамон замоне пайдо шуд, ки ӯ аз олам гузашт. Чунки шуруъ аз 5 феврали соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ сӯгнома, шеърҳои тавсифӣ, мақолаву матлаб ва хотираҳои бешуморе чоп мешуданд, ки дар марги камшумортарин шахсиятҳо чунин сӯхтану ҳасрати мардум воқеъ мегардад.

Худ аз худ маълум буд, ки агар он ҳамаро ҷамъ оварда, мураттаб созем, як китоби бузурге мешавад. Аммо ба талоши воқеии сохтани китоб, омӯзгори забон ва адабиёти рус, номзади илмҳои филология Зулфия Муҳаммадиева ҳидоят карданд, ки сипосгузорашон ҳастам. Дар маҷмуъ, ниҳоят ба ҳадаф расидем ва китобро «Оҳи оҳанг» унвон додем.

-Маълум мешавад, ки бо Дамирбек Олимов ошноӣ доштед. Ин шиносоӣ чӣ гуна сурат гирифт?

- Бале, бо Дамирбек қариб дар давоми ду соли охири умраш дӯст шудем. Ҳарчанд ба ёд меоварам, ки аввалин дидори мо дар студияи радиои «Садои Душанбе» дар Соли ҷавонон – соли 2017 иттифоқ афтода буд. Мо мисли бегонаҳо дар пахши зинда суҳбат кардему хеста рафтем. Баъдан дар ду базми хонадоршавӣ дар ноҳияи Деваштич (дар гузашта Ғончӣ) яке сароянда, дигаре ровӣ будем. Аммо боз ҳам унс нагирифтем.

Ниҳоят тобистони соли 2019 бо шунидани паёми чопи китоби банда «Баҳор овардан осон нест…» ба кулбаи мо, ба деҳаи Ғазантарак омад ва бо ин риштаи рафоқат баста шуд. Дар ин росто қадами аввалинро ӯ гузошт. Дили бузург дошт. Тобистони ҳамон сол боз ду базмро як ҷо гузарондем. Бо аҳли хонавода, бавижа падараш ошноӣ пайдо кардам.

-Дамирбек чӣ гуна инсон буд?
-Тавсифи одамияти Дамирбекро бо чанд ҷумла ифода карда наметавонам. Танҳо як мисол меорам, ки худатон ҳамаро дарк мекунед. Ин як намунае аз фурӯтании ӯст, ки оғози ҳамаи накӯиҳо хоксорист. 2 августи соли 2021 аввалин маҳфили шеъри худро дар Кохи фарҳанги ноҳияи Деваштич гузарондам. Он ҷо яке аз меҳмонони азиз дар қатори устодону ҳамкорон Дамирбек буд. Омаду ба маҳфил шукӯҳи дигар овард.

Дар поён устодону раҳдуронро дар сари як пиёла чой ҷамъ овардам. Вақти оғози тановули нозу неъмат дидам, ки Дамирбек нанишаста, рост меистад. Дар ҳайрат шудам. Гуфтам, шояд саросема аст ё бо телефон суҳбат карданист. Чанд лаҳза нагузашта, боз дидам, ки дар даст косаҳои шӯрбо ба меҳмонон хидмат мерасонад.

Чунон дар ҳайрат шудам, ки ногуфтанист. Давида рафта, «о чӣ кор мекунед, шинед, мо хидмат мекунем» гуфтам. Дамирбек, баръакс, гӯё чизе нашуда бошад, хандид: «Бузургмеҳрҷон, мо ҳам мизбон-ку, хонаи шумо хонаи ман ҳам ҳаст…». Ана ин аст, як намуна аз асли инсониву сиришти поки Дамирбек.

-То ҷое медонам, ба як шеъри шумо Дамирбек оҳанг баст, вале онро сабт накарда фавтид...

-Бале, барои офаридани чанд тарона ҳамкорӣ кардем, ҳарчанд ба ҷуз аз суруди «Деҳаи ман», чӣ тавре ки шумо ишора кардед, дигар таронаҳо сабт нашуданд. 9 июни соли 2021 барои табрики зодрӯзам ба Душанбе омад. Сари як пиёла чой дар мавриди корҳои эҷодии ӯ ва раванди офаридани сурудҳо суҳбат кардем.

Дар ин моваро таъкид кард, ки суруди «Қишлоқаки ман» (ба хотири гӯшнавозу мардумӣ шудани суруд бо маслиҳат «Омадам, эй деҳаи зебои ман, Аввалину охирин маъвои ман»-ро ба «Омадам, қишлоқаки зебои ман» иваз карда буд) дар дасти сабт аст. Ниҳоят моҳи августи ҳамон сол дар дохили сабукраваш сабти студиёиро як ҷо гӯш кардем. Бисёр зебо ва хоси сабки худаш буд.

Офаринҳо гуфтам. Дар охир садои таронаро паст карда афзуд: «Ин аввалин сабт аст, ҳолӣ ман онро боз дигархелтар сабт мекунам, вале муаррифии он шояд дертар шавад. Зеро падарам гӯш карданду дар банди аввалаш изҳор доштанд: “…мон, писарам, ин-а баъди марги ман мехонӣ, Аз падар боғи дарахтон ёдгор”, - гуфта”. Оғози матн ин гуна буд:

Аз падар боғи дарахтон ёдгор,
Дар канори деҳа модар интизор;
Чашми тифлонам ба роҳам буд чор…
Омадам, эй деҳаи зебои ман,
Аввалину охирин маъвои ман.

-Дар китоби “Оҳанги оҳанг” мусоҳибаи шумо бо падари Дамирбек нашр шудааст. Феълан оилаи падару модар ва фарзандони марҳум чӣ ҳол доранд?

- Дуруст, мусоҳибае, ки бо падари шодравон доштем, суҳбати одӣ набуд. Бо ашк оғоз шуд, бо ашк поён ёфт ва бо сиришк аз сабти телефонӣ ба коғаз кӯчонда шуд. Падар рӯҳан шикаста аст. Дар ду кифташ кӯҳи ғам аст ва ҳар касе, ки дил дорад, он кӯҳро дар дӯши ӯ мебинад. Бесабаб нагуфтаанд: «Марги падару модар мерос, марги фарзанд алмос». Аҳволи куллии хонаводагии ӯро ифшо карда наметавонам, чунин ҳақро ба ман надодаанд.

-Барои абадӣ нигоҳ доштани номи Дамирбек Олимов мактаби мусиқӣ дар Деваштич ба номи ӯ номгузорӣ шуд. Оё нақша доред, ки ин китобро дар он ҷо рӯнамоӣ кунед?

- То ҷое огоҳем, қарори раиси ноҳияи Деваштич ва қарори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба номи Дамирбек Олимов гузошта шудани мактаби мусиқии ноҳия тасдиқ шуда, аммо шояд то охири моҳи март қарори раиси вилояти Суғд тасдиқ шавад. Чунки раванди тасдиқёбӣ ба сессияи семоҳаи вилоятӣ бастагӣ дорад.

Мо бе интизории он ки мактабро ба номи Дамирбек мегузоранд, китоби «Оҳи оҳанг»-ро рӯнамоӣ мекунем. Ё дар мактаби мусиқӣ, ки роҳбарии онро падари Дамирбек бар уҳда доранд ё дар ягон нуқтаи дигар. Зеро 20-уми март ҳам Наврӯз аст ва ҳам зодрӯзи Дамирбеки ҷавонмарг.

-Ба андешаи шумо аз Дамирбек Олимов чӣ мерос монд?
- Сурудҳои машҳури ӯ: “Ман бошаму ту бошӣ” (шеъри устод Лоиқ), “Дунё” (шеъри Озарахш), “Наомадӣ” (якҷо бо Афзалшоҳи Шодӣ, ғазали Туғрал), “Зебои самарқандӣ” (шеъри Озарахш), “Омадӣ” (шеъри Орзу Исо), “Бачагиям” (шеъри Озарахш), “Ношинос” (шеъри Эҳсони Аъзамиён) сурудҳои дар ҳавои мавригӣ иҷрокардааш: “Ранҷидаӣ” (бо Нигина) ва даҳҳо тарона чароғи ёду ёдгори ӯро фурӯзон нигаҳ медоранд. Ҳамзамон, се фарзанди ширин, хотираҳои бешумор ва агар толеъ мадад кунад, ҳамин китобаки мо – «Оҳи оҳанг» мероси ӯст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД