sebiston july new
"Взгляд лица и события от Памира до кремля”-и Шариф Ҳамдамов рӯнамоӣ шуд!
1308

 

Имрӯз дар толори Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии китоби нави журналист ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Шариф Хамдампур "Взгляд лица и события от Памира до Кремля” баргузор шуд.

Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ба маросими рӯнамоии китоби мазкур ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки инъикоси хизматҳои шоёни абармарди хирадманди тоҷик ба мисли қаҳрамони миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров дар рушди фарҳангии миллат ва устувории давлат қарзи инсонӣ ва рисолати азалии ҳар як фарди ватандӯст ва ватандор мебошад.

Дар ин самт Шариф Ҳамдампур нақши барозанда дошта, аксари асарҳояш аз ҷумла "Алифбои гумгашта" ва "Тоҷикон дар сӯҳбати Бобоҷон Ғафуров бо Сталин” далели равшани талош ва ковишҳои ин эҷодкори асл дар инъикоси таърихи пурифтихори миллати тоҷик мебошад.

"Взгляд"-лица и события от Памира до Кремля” идомаи ҳамон талошҳои муаллиф буда, бисёр паҳлӯҳои норавшани ҳаёт ва муборизаҳои Бобоҷон Ғафуров ва дигар чеҳраҳои намоёни миллати тоҷикро мекушояд.

Пас аз ин филми ҳуҷҷатии  "Сурӯше аз ниё" манзури иштирокчиёни марсим гашт. Муаллифи филмнома Шарифи Ҳамдампур буда, онро коргардони шинохтаи тоҷик Восеъ Мӯсо таҳия намудааст. Филм дар бораи ҳаёту фаъолияти Қаҳрамони халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров нақл карта, талошҳои ин абармардро барои эътирофи тоҷикон ҳамчун як миллати дорои таърих ва фарҳанги бою ғанӣ нишон медиҳад. 

Пас аз тамошои филм ахли илму адаб ва дигар шахсиятҳои шинохта дар бораи китоби нави Шариф Ҳамдампур изҳори андеша намуданд ва ба "Взгляд" лица и события от Памира до Кремля" баҳои баланд доданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД