35 years of independency
Як пулчинакро барои ҷанҷол бо мусофир ҳабс карданд
14.09.2026
Оила
64

Пулчинаки як мошини мусофирбар дар шаҳри Душанбе барои таҳқири мусофире, ки бақияи роҳкирояшро талаб кардааст, ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, 14 сентябр ба мақомоти милитсия як шаҳрванд муроҷиат кардааст. Дар натиҷаи санҷиш муайян шудааст, ки пулчинак, Тоир Нозимов, сокини 25-солаи ноҳияи Шоҳмансур, мусофирро барои талаб кардани бақияи маблағи роҳкиро «бо алфози қабеҳ дашном дода, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст».
Дар натиҷаи баррасии қазия Нозимов ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудааст.
ВКД мушаххас накардааст, ки номбурда дар кадом хатсайр фаъолият дошта, тибқи кадом моддаи қонунгузорӣ ва ба чанд рӯз ҳабс шудааст.
Ҳамчунин мавқеи худи Тоир Нозимов дар бораи ин қазия маълум нест. Тибқи маълумоти мавҷуда, эҳтимол меравад, ки ҳодиса дар хатсайри Душанбе–Ваҳдат рух дода бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД