sebiston july new
Як рӯз уболам мегирад (ҚИСМИ 1)
03.09.2024
АРДАШЕР
1851

Ҷасур мӯйи ҷингилаи қаҳварангашро бо шонаи чӯбини туҳфакардаи ҳамсараш шона карда, аз хушбӯйтарин атраш пошид. Гӯё ба ягон маҷлис ё вохӯрии муҳим мерафта бошад, ду-се маротибаи дигар ба оина нигариста, либосҳояшро  дуруст кард, сипас саросемавор аз хона баромад.

Ҳамсараш Ҷамила, ки ҳавлиро рӯбучин мекард, аз осемасар баромадани шавҳараш ҳайрон шуда, ҷорӯбро як тараф гузошта, пеши шавҳараш омад. Вай бодиққат аз нӯги пой то мӯйи сари Ҷасурро синчакорона аз назар гузаронид.

- Ҳой мардак, ин қадар худро орову торо дода  куҷо меравед? Ягон навашро ёфтед чӣ?,- нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфт келинчак.

- Э нее азизам, чаро ин тавр мегӯйӣ? Гул барин занамро монда ба кӣ ҳам нигоҳ мекунам?

Ман бе ту нафас наметавонам гирифт,

Гар бе ту нафас кашам, ҳаромам бодо.

- Оҳо, ҳоло ҳамин тавр гӯед. Чӣ хеле, ки боварам намеояд.  Имрӯз аз ҳаррӯза дигар хел метобед. Табъатон хуштар рангу рӯятон ҳам дигар,- нобоварона афзуд Ҷамила.

Ҷасур табассуме кард.

- Азизам, дар хона дилгир шудам, хостам каме сайругашт кунам. Ин қадар пурсуков кардӣ? Барои рашк кардани ту ягон сабаб нест,- хандида, рӯйи занашро пучид Ҷасур.

- Э мардак, биёед наравед. Ҳозир хӯроку хӯришҳои дӯстоштаатонро мепазам. Охир, имрӯз рӯзи корӣ набошад. Дар рӯзи истироҳат ақаллан дар хона шинед. Бо ҳам истироҳат кунем. Тафти ҳамдигарро гирем. Ман ҳам аз саҳар то бегоҳ бо Хушбахтҷон танҳо монда зиқ мешавам.

- Агар хоҳӣ биё ҳар ду барои сайругашт меравем. Гулу гулзороҳо, боғу шаршараҳои шаҳрро дида лаззат мебарем. Охир аз ин дунёи зебои дурӯза баҳра бурдан лозим.

- Фикри хуб, лекин Хушбахтҷон чӣ мешавад?

- Ӯро ҳам мегирем. Оилавӣ ба тамошо мебароем.

- Эй не, Хушбахт дар роҳ гиря мекунад. Моро ҳам истироҳат кардан намемонад,- гуфт Ҷамила.

- Пас биё писарамонро ба ҳамсояамон Латофатхола медиҳем. Як-ду соат пас омада мегирем. Шикамашро сер кун, каша ҳам тайёр карда гиру ба ҳамсоя бар. Гурусна ки монд, медиҳанд. Не намегӯянд. Зуд меоем-ку.

- Хуб, майлаш. Лекин аз чӣ сабаб бошад, ки дилам ғаш.

- Э дилат ғаш, ки бошад, дар хона шин. Худам каме саёҳат карда бармегардам. Ту на ба гармӣ тоқат дорӣ, на ба сардӣ-е, тавба-тавба...

- Не-не, шуд, гапамро гирифтам. Ҳозир зуд либосамро пӯшида мебароям, охир қариб як сол мешавад, ки ҳамроҳ саёҳат накардаем.

- Майлаш, ман дар мошин мунтазират мешавам. Фақат гуфти гапҳо "аҷала" кун.

- Майлаш дадаҷонаш.

Ҷамила ба хона даромаду барои писараш каша омода кард. Сипас либосҳояшро пӯшида, худро оро дод.

Зану шавҳар аз ҳарвақта бештар худро зиннат доданд. Онҳо аз қолу бало (тақдир) бехабар хешро ороставу пероста ба сӯйи аҷал мерафтанд.

- Ҷамила, эй Ҷамила. Тамом кардӣ? Зуд бош охир,- Ҷасур осемасар ҳамсарашро ҷеғ мезад. Келинчак Хушбахтро гирифта аз хона баромад.

- Мана омадам дадаҷонаш, ин қадар саросемаед. Саросемагӣ кори шайтон аст мегӯянд, дар урфият. Меравем ба ҳамон сайругашт. Ягон вохӯрии муҳим набошад. Куҷо саросема мешавед, ман ҳайрон.

- Намедонам, азизам, дилам мегӯяд зуд бош. Мегӯянд ку "Ман ба фармони дилам, на дил ба фармони ман аст",- аз хушҳолии зиёд аз чеҳраи Ҷасур нур меборид.

Ҷамила шавҳарашро дида, гуфт:

- Бори охир кай чунин хушҳол будед, медонед? Рӯзи таваллуди Хушбахт. Шуморо кайҳо боз чунин хурсанд надида будам. Офтоб аз куҷо баромад, ё гуфти гапҳо, ба дасти рост хестед? Хайр, Илоҳо хушҳолиятон ҳамешагӣ гардад,- ду даст ба рӯ кашида, дуо кард келинчак. Сипас кӯдакро гирифту ба хонаи Латофатхола бурд. Хост то омадани онҳо камтар нигоҳубин кунанд, вале...

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД