Formula september
Як рӯз уболам мегирад (ҚИСМИ 3)
05.09.2024
АРДАШЕР
1623

Шояд васияте дошт, шояд мехост ҷигарбандаш Хушбахтро бори охир бинад, бӯсад, бӯяд...

Духтурон эҳтимол медонистанд, ки лаҳзаҳои охири ҳаёти Ҷамила аст. Зеро аз чунин садамаи даҳшатнок зинда мондан дар гумон буд. Аз ин рӯ зуд хоҳаршӯяш Муҳаббатро фарёд карданд. Ҷамила Муҳаббатро дида бо овози пасти хира Хушбахт... Хушбахт... мегуфту дигар ба чизе забонаш намепечид.

Муҳаббат ҳоли янгаашро дида хун гирист ва бо овози ларзон пурсид:

- Чӣ, янгаҷон, гӯед. Ба Хушбахт чӣ шуд? Ӯ ҳам дар мошин буд? Гап занед янгаҷон, гап занед.

- Даступо хӯрдани Ҷамиларо дида, духтур гуфт:

- То ҷое огоҳ ҳастем, дар мошин танҳо ду нафар буданд. Ягон кӯдак нест. Шояд дар хонаатон бошад ё хонаи ягон хешу таборатон.

Ҷамила як ба духтур ва як ба хоҳаршӯяш нигариста, боз Хушбахт, Хушбахт мегуфт. Ин бор овозаш боз пастар шуд. Духтур мақсади Ҷамиларо фаҳмида, ба Муҳаббат гуфт:

- Хоҳарам, инро сакароти мавт мегӯянд. Дигар ба зинда мондани бемор афсӯс, ки умед нест. Як бор ба ҳуш омадан ин худ як муъҷиза аст. Шояд ӯ мехоҳад гӯяд, ки "Хушбахтро калон кунед, ӯ ба шумо амонат". Ӯ барои фарзандаш аз дунё дил канда наметавонад, беҳуда ӯро азоб надиҳед.

Муҳаббат саросемавор гуфт:

- Хушбахт ба ман амонат, ман ӯро модарӣ мекунам.

Ҷамила оҳи чуқуре баровард, дар лабонаш табассум ҳувайдо шуд. Ӯ ба сақфи беморхона нигаристу чашмонаш нимпӯш шуданд, аз дидагонаш ашке шориду рӯяшро шуст. Баъди лаҳзае каллааш оҳиста ба як тараф ғелид.

Духтур "бандагӣ хоҳарам, афсӯс, хеле ҷавон будаанд" гуфта, чашмони нимпӯши Ҷамиларо пӯшид.

Муҳаббат ба ин манзараи ҳузнангез тоб оварда натавониста, аз ҳуш рафт.

                                                             ***

Худи ҳамон рӯз Ҷасур ва Ҷамиларо гӯручӯб карданд. Қадами одамони ба фотиҳа меомада канда намешуд. Ҷасур ба ҷавон буданаш нигоҳ накарда, обрӯву эътибори ба худ хос дошт. Молу давлаташ ҳам кам набуд. Ду дасташ доимо барои муҳтоҷону дармондагон боз буданд.

Хушбахт бехабар аз марги волидайнаш ҳанӯз дар хонаи келини Латофатхола мехобид.

Бегоҳӣ амини маҳалла Муҳаббат, ду хоҳари Ҷамила ва як бародари ӯро ҷеғ зада, таъзияту тасаллият баён кард.

- Аз марги муфоҷои ин ду навҷавон хеле андуҳгинам. Илоҳо ҷояшон биҳишти барин бод. Хеле инсонҳои хуб, бомаърифату бофарҳанг, дасткушоду хайрхоҳ буданд. Худи Ҷасур борҳо хуфёна барои таъмири мактаб, роҳ ва ғайра пул дода буд, то маҳаллаамон обод шавад.

Мақсад аз ҷамъ карданам шуморо дар он аст, ки ояндаи Хушбахтро ҳал кунем. Бечора кӯдак, ки дар яксолагиаш ятим монд, сарсон нашавад мегӯям. Барои ҳамин ман пешниҳод мекунам, ки Хушбахтро ба мактаб-интернат диҳем. Онҷо ӯро хуб нигоҳубин мекунанд. Молу давлати падарашро бошад, ба номаш мегузаронем.

- Ҳама хомӯш буданд, касе чизе нагуфт. Ҳамин замон Муҳаббат ба гап ҳамроҳ шуд:

- Барои дилсӯзиятон ташаккур амак. Як ҷиян дорем, наход амма ва холаҳову тағо калон карда натавонем? Барои ба мактаб-интернат гузоштан ҳоҷат нест. Агар инҳо не гӯянд, парастории Хушбахтро ман ба зимма мегирам. Дар масъалаи молу давлат бошад, саросема нашавед. Гуфтагӣ барин, ба ин молу давлат ман ҳам ҳақ дорам. Аз он тараф хоҳарону бародари Ҷамила ба гап ҳамроҳ шуданд:

- Дар он молу мулке, ки мегӯед, ҳақи хоҳари мо ҳам ҳаст. Мо ҳақи ӯро намегузорем, ки касе соҳиб шавад.

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД