Commerc banl
Як сокини Душанбе бо гумони ташкили фасодхона боздошт шудааст
06.03.2026
Oila.tj
165

Полиси шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро бо гумони ташкили фасодхона дастгир кардааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, М. Р.-и 24-сола дар манзили иҷоравии худ дар ноҳияи Сино барои истеъмоли воситаҳои нашъадор шароит фароҳам овардааст. Тибқи маълумоти тафтишот, дар ин манзил шаҳрвандоне ҷамъ меомадаанд, ки ба истеъмоли маводҳои нашъадор майл доранд.

Зимни гузаронидани амалиёти оперативӣ кормандони полис якчанд нафарро ҳангоми истеъмоли воситаҳои нашъадори навъи «метамфетамин» дастгир намудаанд. Аз ҷумла, шаҳрвандон Бобоев Ш., Насриддинова М., Давлатова Ф. ва Одинаев М. дар ҳолати истифодаи маводи нашъадор боздошт шудаанд.

Ҳангоми кофтукови манзили истиқоматии гумонбар асбобу таҷҳизоте, ки барои истеъмоли воситаҳои нашъадор истифода мешаванд, ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира гардидаанд.

Айни ҳол ҳамаи дастгиршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, вобаста ба ин ҳодиса тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД