shoh palace
Ясминаи 7-соларо «Тойота» пахш карду Фармони хурдакакро «Спринтер» кушт
701

 

Боз ду кӯдаки бегуноҳ ва мисли фаришта пок, ки ҳанӯз аз тамошои зебоиҳои ин дунёи рангин сер нагашта буданд, қурбони беэҳтиётии ронандагон гаштанд.

Ясминаи 7-сола дар зери чархи “Тойота” ҷон ба ҷонофарин супурду ҷисми ғарқи хуну халафи Фармони кӯчакро, ки нав 2-сола шуда буд, аз зери чархи “Спринтер” берун кашиданд...
Вазрати умури дохилии кишвар аз сар задани ду садамаи маргбор дар ҷумҳурӣ хабар додааст, ки боиси марги фоҷиавии ду кӯдаки хурдсол гаштааст.

Тавре ки манбаъ менависад, ҳодисаи аввал дар шаҳри Ваҳдат сар зада, санаи 19-уми июн, тахминан соатҳои 11.50, ронандаи мошини тамғаи «Тойота”, Аҳроров Раҳматулло Аҳрорович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе, дар роҳи мошингарди шаҳраки Ганҷобод аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Саидова Ясмина Ҷамшедовна, соли таваллудаш 2015, сокини ҷамоати деҳоти Роҳатиро пахш намудааст.

Духтарчаи 7-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Садамаи дуюми марговар рӯзи 20-уми июни соли 2022, тахминан соати 15:55 сар зада, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс Спринтер», Ҷамилов Абдураҳим Абдумаҷидович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Ғозиён бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан хурдсол, Фармони Фариддунзода, соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Тифлаки хурдсол бар асари ин ҳодиса ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД