sebiston july new
Закот надиҳӣ, кофир мешавӣ?
629

Аксари одамон пулу моли зиёде дошта бошанд ҳам, закоти молашонро намедиҳанд. Илтимос, ба ҳамин масъала равшанӣ андозед, ҳукми шахсе, ки намоз мехонад, аммо закот намедиҳад, мувофиқи шариати Ислом чист?

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Закот яке аз рукнҳои Ислом аст. Агар касе аз рӯи инкор онро тарк кунад, кофир мешавад, бар ӯ намози ҷаноза хонда намешавад ва ӯ дар қабристони мусулмонон дафн карда намешавад. Зеро закот додан як рукни дини Ислом аст. Аммо агар аз рӯи бахилӣ закот надиҳад, вале ба фарз будани он мӯътақид бошад, пас дар ин ҳолат, ӯ муртакиби гуноҳи кабира, вале кофир намебошад. Ва агар дар ҳамин ҳол бимирад, ғусл дода мешавад ва бар ӯ намози ҷаноза хонда мешавад ва сарнавишти ӯ ба рӯзи қиёмат вогузор мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД