arzon replenishment
Заҳматҳои шабонарӯзии занҳои тоҷик дар замони ҷанг
221

Давраи ҷанг мардон барои ҳифзу ҳимояи ватан рафта, занон ва наврасону кӯдаконе, ки қобилияти корӣ доштанд, ба корҳои саҳроӣ ҷалб мешуданд. Онҳо дар ақибгоҳ истода, бо меҳнати шабонарӯзӣ фронтро бо нон, хӯрока ва сарулибоси гарм таъмин мекарданд. Яке аз чунин бонувони меҳнатқарину матиниорда Латофат Ҷумаеваи 95-сола мебошад, ки аз синни 12-солагиаш ба корҳои саҳро ҷалб шуда буд ва барои таъмини ақибгоҳ меҳнат мекард.

Ин навбат мо аз ҳаёту рӯзгори Латофат Ҷумаева, собиқадори меҳнат ва модари қаҳрамоне, ки соҳиби 11 фарзанд мебошад, барои хонандагони азизи сомона қисса мекунем.

Шабу рӯз дар сари замин

Замоне, ки ҷанги хонумонсӯзи оғоз ёфт, бештари мардон ба ҷанг фиристода шуданд. Аз ин рӯ колхозҳо бе коргар монда буду қувваи корӣ намерасид. Маҳз барои ҳамин занону кӯдакон дар ин давра бештар ба кори саҳро ҷалб шуда буданд. Қаҳрамони мо Латофат Ҷумаева ҳанӯз 12 сол дошту сари замин рафта, дар қатори дигар колхозчиён заҳмат мекашид.

"Давраи ҷанг қувваи корӣ кам буд. Ман 12 сол доштам, ки ҳамроҳи модарам рафта дар колхоз кор мекардам. Ҳангоми кишту кор ва вақти дарав аз саҳар то шом кор мекардем. Барои ин ба мо маош не, танҳо нон медоданд. Бо вуҷуди ин ҳама меҳнат мекардем, то ки ҷанговарони ватанро бо хӯрока таъмин намоем. Аз ҷанг фарсахҳо дур бошем ҳам, ҳамнафаси ҷанг будем. Ҳамарӯза хабари марги яке меомаду захмӣ ё маъюб баргаштани дигаре... Ин ҳама барои занҳо душвор буд, вале мардонавор таҳаммул мекарданд",- мегӯяд Латофатхола.

Назар ба гуфти қаҳрамони мо, ҳатто занҳое, ки кӯдаки хурдсол доштанд, бо кӯдакашон сари замин рафта, кумак мерасонданд. Барои нигоҳубини кӯдак ба онҳо дар колхозҳо шароит фароҳам оварда буданд, вале ҳам нигоҳубини кӯдак ва ҳам кори саҳро душвор буд.

"Аз гуруснагӣ одамон хок мехӯрданд"

Латофат Ҷумаева мегӯяд, зиндагии даврони ҷанг ниҳоят душвор буд. Одамон бе нон азият мекашиданд. Дар деҳаҳои дурдаст як нонро як оила мехӯрд. Нон бо ордҳои омехта тайёр мешуд.

"Замони ҷанг аз гуруснагии шадид одамон хок ҳам мехӯрданд. Ба серӣ ҳеҷ кас хӯрок ё нон намехӯрд. Имрӯз мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки рӯйи дастурхонамон пур аз нозу неъмат аст. Нон фаровон ва шукри Худо ҳар рӯз дегамон дар ҷӯш. Ин ҳама аз чӣ? Аз сулҳ, тинҷиву оромӣ ва софии осмони кишварамон. Бигзор ин неъмати бебаҳо дар кишварамон абадулабад бошад. Худованд Пешвои миллатро, ки ғамхори халқу давлату миллатанд, дар паноҳи исматаш нигаҳ дорад",- даст ба дуо бардошт модари 95-сола.

"Деҳқонӣ ба кас неру мебахшад"

Латофат Ҷумаева солҳо дар колхози "Сталин" фаъолият кардааст. Ӯ соли 1953 оиладор шуда, баъди ба шавҳар баромадан низ ба корҳои хоҷагӣ ёрӣ мерасонд.

"Замини кишти дар ихтиёр доштаи шавҳарам зиёд буд. Он кас даҳмардагӣ ҳам мекарданд, вале бештар ба деҳқонӣ машғул мешуданд. Баъди ҷанг рафта-рафта зиндагии мардум беҳ шудан гирифт, ҳама кӯшиш мекарданд рӯзгори худро обод созанд. Мо зану шавҳар низ ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода мебурдем. Як дасти шавҳарам дар ҶБВ маъюб гашта бошад ҳам, бо вуҷуди ин аз деҳқонҳои муваффақ буданд. Замин як муъҷиза аст, чӣ қадаре, ки меҳнат кунӣ, ҳамон қадар ҳосили зиёд медиҳад",- изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Латофатхола дар замони Истиқлол низ ба деҳқонӣ машғул шуда, ҳамроҳи шавҳараш аз заминҳои президентӣ истифода мебурданд. Назар ба гуфти холаи Латофат, деҳқонӣ ба кас неру мебахшад.

Оилаи хушбахт

Латофат Ҷумаева ҳамсари иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Нозим Носиров мебошад. Имрӯзҳо ин оилаи хушбахт, ки қӯшапир шудаанд, дар ҳалқаи фарзандону наберагон шоду хуррам зиндагӣ мекунанд. Чун пирони саодатманди деҳаанд, аҳли деҳа ба аёдаташон омада, аз ин куҳансолони нуронӣ дуову фотиҳа мегиранд. Орзуи онро дорем, ки чунин давлати пирӣ насиби ҳар якатон гардад.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД