Oila Navruz
Замин чанд балл ҷунбид?
08.08.2019
Р. Азимӣ
2370

Субҳи имрӯз, соати 05:46 ба вақти маҳаллӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод, ки хушбахтона хисорот ва талафоти ҷонӣ надошт.

Тавре президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба «Ховар» гуфтааст, маркази заминҷунбӣ дар вилояти Тахори Афғонистон ҷойгир буда, он дар километри 259-уми самти ҷанубу шарқи Душанбе ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 5,7  балл ва дар Душанбе 2-3 баллро ташкил додааст.

«Заминларза 20-25 сония давом намуда, талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудаанд», — гуфтааст Фарҳод Раҳимӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД