formula55
Зан аз ҷабри шавҳар худро аз ошёнаи 7 партофтан мехост...
454

 Дирӯз як ҷавонзани 21-солаи тоҷик аз тирезаи ошёнаи 7-уми манзили истиқоматӣ дар кӯчаи С. Айнии пойтахт худро овезон карда, мехост даст ба худкушӣ занад...

Ин ҳодисаи ногувор тахминан соатҳои 13-30 дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сар зада, ҷавонзани 21-солаи тоҷик бо қасди худкушӣ худро аз тиразаи ошёнаи 7-уми як манзили истиқоматӣ дар кӯчаи С. Айнӣ овезон кардааст.

Хушбахтона сокинони бинои истиқоматӣ бо кӯмаки Мавлуда Ризоева ҷавонзанро аз марг наҷот доданд, вале чӣ ин зани тоҷикро маҷбур намудааст, ки дар айни ҷӯшу хуруши умраш қасди худкушӣ намояд?

Тавре ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст, байни ин ҷавонзани 21 -сола ва шавҳараш нофаҳмиҳо вуҷуд доштаанд. Рӯзи 27-декабр собиқ шавҳараш Қиёмиддин Ғафурзодаи 31-сола, ки сокини шаҳри Ваҳдат буда, дар кӯчаи Айнӣ ба сифати усто кор мекардааст, занро ба ин бинои истиқоматӣ оварда, мавриди азобу уқубат қарор додааст. Ҷавонзан ягона роҳи наҷотро дар худкушӣ дида, худро аз тирезаи ошёнаи 7-ум овезон кардааст. Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД