Arzon march 2024
Зан даҳонканда бошад, шӯяшро медузданд
5068

Сангузашти як зани тоҷик, аи шавҳарашро аз зани дуюмаш ба зӯрӣ ҷудо кардааст
Салом ба муштариёни сомонаи Оила.ТЧ!
Ман Шарифамоҳ аз ноҳияи Варзоб. Вақтҳи охир шумораи мардҳои дузанаю сезана дар кишварамон зиёд шудааст ва баъзан барои мард шуда, занҳо ҳатто қасди ҷони ҳамдигар мекунанд. Аз ҳамин хотир ман қиссаи зиндагиамро нақл кардан мехҳам, то ки ба дигар занон дарси ибрат гардад.
Падару модарам маро дар синни 17-солагӣ ба шавҳар доданд. Домод 27-сола ва аз оилаи обрӯманд буд. Вақте ки маро арӯс карда ба хонаи бахтам гусел намуданд, дар дилам тарсу ҳарос лона гузошта буд, ки дар ҷойи бегона бо одамони ношинос чӣ хел унс мегирифта бошам. Рӯзҳои аввал аҳли оила бо ман муносибати хуб доштанд, келиноя гуфта, рӯйи даст бардошта мегаштанд, шавҳарам низ бачаи бад набуд, вале авсуни калониям мудом таъкид мекард, ки ба меҳрубониҳои аҳли ин хонадон дода нашавам, аздусар ягон рӯз ман низ ҳамтақдири онҳо мегардам. Бародарони шавҳарам се-чортогӣ зан доштанд ва ман фикр мекардам, ки авсунам аз рӯйи рашк маро балво дода, муносибатамро бо аҳли оила вайрон кардан мехоҳад. Шавҳарам маро дӯст медорад, вай ҳеҷ гоҳ дар болои ман зан намегирад гуфта, даст меафшондам. «Ҳоло ист, ягон рӯз ман ба ту салом медиҳам» гӯён, авсунам лабашро инҷ мекард.
Ҳамин тавр аз байн як сол гузашт. Ҳомиладор шуда писарча зоидам. Хурсанд будам, ки шавҳарам ману писарчаашро тоҷи сар карда мегардад, вале мардакам нағмаҳои нав бароварда шабҳо ба хона намеомадагӣ шуда монд. Серкорияшро баҳона карда чанд рӯз дар шаҳр мемонд. Диламро гургон тала мекарданд, ки наход гапи авсунам рост баромада, шавҳарам дар болои ман зани дуюм бигирад, вале сирри диламро ба касе намегуфтам. Шабе шавҳарам гунаҳкорона ба ман нигариста гуфт:
-Шарифа, ман ба ту як гапи муҳим дорам.
Худамро ба нодонӣ зада, дар пешаш нишастам.
-Пайғамбарамон нуҳ зан доштанд, хабар дорӣ?
-Медонам.
-Он кас нуҳ занро мехӯронданд, мепӯшонданд…
Сухани шавҳарамро бурида гуфтам:
-Мақсадатон чист? Шаф-шаф накарда шафтолуи гапро гӯед.
-Ман дар шаҳр як духтари 22-соларо ба никоҳам даровардам, ҳам ту ва ҳам ӯро нигоҳубин мекунам,-иқрор шуд шавҳарам.
Аз чашмонам донаҳои ашк мисли донаҳои марвориди аз шаддамарҷон кандашуда ба рӯям шорид. Мардакам маро дилбардорӣ карда, суханҳои ширин мегуфт, вале дигар ба гӯши мани хиёнатдида чизе намедаромад. Акнун шавҳари дӯстдоштаам дар назарам чунон манфур менамуд, ки рӯяшро дидан намехостам. Бо чашмони пуроб либосҳоямро ҷамъ карда аз дар баромадам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ҳини аз дар баромаданам авсунам бо заҳрханда гуфт:
-Шарифамоҳ, нагуфта будам, ки ягон рӯз ман ба ту салом медиҳам! Мардҳои ин хона ҳамаашон аз як хоканд, зани дуюму сеюм нагиранд, торс мекафанд. Беҳуда қаҳр карда ба хонаи падарат нарав, ароз карда ту шавҳаратро аз зани дуюмаш ҷудо карда наметавонӣ. Беҳтараш ба тақдират тан деҳ, худо хоҳад, ягон рӯз шавҳарат сеюмашро мегирад…
Чизе нагуфта писарчаамро гирифта аз дарвоза баромадам. Шавҳарам маро аз роҳам гардонданӣ шуд, вале ба гапаш гӯш накардам.

Ба хонаи падарам расида гардани модарамро гирифта чунон бо алам гиря кардам, ки гӯё ягон одами наздикам мурда бошад. Волидонам ба таҳлука афтида сабаби гиряву нолаамро пурсиданд. «Шавҳарам зани дуюм гирифтааст» гуфта рӯю мӯямро кандам. Модарам ғамгин шуд, падарам оҳи сард кашид, бародаронам шавҳарамро ҳақорат дода, қасам хӯрданд, ки ҷазои ӯро медиҳанд. Рӯзи дигар хусуру хушдоманам ба хонаамон омада зорӣ карданд, ки ба хона баргардам, аммо ман якравӣ карда гуфтам: «Писаратон аз ду якеро интихоб кунад: ман ё ҳамон зани шаҳриаш, то талоқи ӯро надиҳад, ман ба хонаатон бар намегирадам!» Волидони шавҳарам навмед баргашта ду рӯз пас худи писарашонро фиристоданд, вале ин дафъа ҳам намеравам гуфтам. Ҳамин тавр аз байн панҷ моҳ гузашт. Шавҳарам дар ин миён чанд маротиба омада бошад ҳам, сар нафаровардам. Касе аз аҳли оилаамон маро насиҳат карда «ба тақдират тан деҳ» намегуфт, баръакс бародаронам ошкоро ба шавҳарам мегуфтанд: «Рав, бо оимчаи нават зиндагӣ кардан гир, хоҳарамонро бо фарзандаш мо худамон гул барин нигоҳубин мекунем!» Шавҳарам дид, ки ба ягон роҳ иродаи оҳании маро шикаста наметавонад, аз баҳри зани дуюмаш гузашта, талоқашро дод. Танҳо пас аз оне, ки ҳақ ба ҳақдор расид, ман ба хонаи хусурам баргаштам ва оилаи дар остонаи талоқ қарордоштаи мо дубора обод гашт. Авсунҳоям ғолибона аз дарвоза даромадани маро дида гуфтанд: «Зан бояд ҳамин хел бошад, ранги мо даҳонканда шавӣ, шӯятро ҳар касу нокас гирифтан мегирад. Лапух намешудем, шӯйҳоямон се-чортогӣ зан намегирифтанд. Қандаша занад Шарифамоҳ, шӯяша дар ҷояш шинонда, маҷбур кард, ки зани дуюмашро талоқ диҳад!»
Аз ин ҳодиса 12 сол гузашта дар ин миён ман соҳиби 4 фарзанд шудам, вале шавҳарам дигар ягон бор ёди зангирӣ накардааст. Зиндагиям боз ҳам ширинтар гашта, лаҳзае бе якдигар зиста наметавонем.
Ба занҳо маслиҳат медиҳам, ки барои шавҳаронашон мубориза баранд ва бахти худро муфтакак ба ҳар духтари шавҳардузд надиҳанд.
Шарифамоҳ, аз н. Варзоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Саида 2022-01-25, 11:18
Эҳҳҳҳҳ хоҳаракам! Ин дафъа ба ту нагуфтааст...
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Саида 2022-01-25, 11:18
Эҳҳҳҳҳ хоҳаракам! Ин дафъа ба ту нагуфтааст...
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД